Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 маи соли 2014 № 336 "Дар бораи муқаррар намудани ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2013, № 1519 "Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 10 доллари ШМА бо пардохти маблағ бо асъори миллӣ бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи супоридани маблағ, муқаррар карда шавад.

2. (на барои нашр).

3. (на барои нашр).

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд хариди бланкаҳои шиносномаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминоти техникӣ, азнавкунӣ ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани таҷҳизотро аз ҳисоби додани шиносномаҳои шаҳрвандӣ воридшаванда амалӣ намояд.

5. Муқаррар карда шавад, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи хироҷ барои додани шиносномаҳои шаҳрвандӣ озод карда мешаванд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1997, № 158 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи боҷ барои додани шиноснома" аз санаи 1 июли соли 2014 аз эътибор соқит дониста шавад.

7. Замимаи 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда" хориҷ карда шавад.

8. Қарори мазкур аз 1 марти соли 2014 мавриди амал қарор дода мешавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2014, № 336

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об установлении размера сбора за выдачу паспорта гражданина Республики Таджикистан и расходовании средств иных платежей в бюджет

В целях исполнения Указа Президента Республики Таджикистан от 20 сентября 2013 года, №1519 "О введении идентификационных карт граждан Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Установить размер сбора за выдачу паспорта гражданина Республики Таджикистан в сумме 10 долларов США с оплатой в национальной валюте по курсу, определенному Национальным банком Таджикистана на день оплаты.

2. (не для печати).

3. (не для печати).

4. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан впредь закупку бланков паспортов гражданина Республики Таджикистан, техническое обслуживание, обновление и поддержание оборудования в надлежащем уровне осуществлять за счет средств, поступающих от выдачи гражданских паспортов.

5. Установить, что участники Великой Отечественной Войны и лица, приравненных к ним, пенсионеры и инвалиды 1 и 2 группы от уплаты сборов за выдачу гражданских паспортов освобождаются.

6. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 апреля 1997 года, №158 "Об установлении размера сбора за выдачу паспортов" с 1 июля 2014 года.

7. Исключить Приложение 7 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года, №546 "Об утверждении ставок сбора за осуществление юридически значимых действий и платы за выдачу разрешения на пользование природными и иными имеющимися ресурсами".

8. Настоящее постановление вступает в силу с 1 марта 2014 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                        Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 мая 2014 года, №336