ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар намудани андозаи боҷ барои додани шиноснома
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.10.1998 № 414)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Андозаи пул барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3 доллари ШМА бо пардохти маблағ бо пули тоҷики аз рӯи қурбе, ки Бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи пардохт муайян мекунад, муқаррар карда шавад
2. Муқаррар карда шавад, ки аз пардохти пул барои додани шиноснома нафақахӯрони ба кор машғулнабуда, маъюбоy, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда озод карда мешаванд.
3. Пардохт барои шиносномаҳои додашаванда бо пули нақд ва ба таври ғайринақдӣ тавассути шӯъбаҳои Бонки амонатгузорӣ сурат гирифта, ҳар даҳрӯза ба қисми даромади буҷети ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳангоми гирифтани тасдиқномаи Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти пул шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дихад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 фоизи даромади аз фурӯши шиносномаҳо воридшударо барои пардохти хароҷоти вобаста ба тайёр ва расонидани онҳо ба ҷумҳурӣ, 8 фоизи онро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории варақаҳои марбут ба корҳои шиноснома ва маводи махсус, 47 фоизашро ба даромади буҷет равона намояд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 4 апрели соли 1997 № 158
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
ОБ УСТАНОВЛЕНИИ РАЗМЕРА СБОРА ЗА ВЫДАЧУ ПАСПОРТОВ
(в редакции Постановления Правительства РТ от 16.10.1998г.N414)
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Установить размер сбора за выдачу паспорта гражданина Республики Таджикистан в сумме 3 долларов США с оплатой в национальной валюте по курсу, определенному Национальным банком Республики Таджикистан на день оплаты
2. Установить, что от уплаты сборов за выдачу паспорта гражданина Республики Таджикистан освобождаются неработающие пенсионеры, инвалиды, участники Великой Отечественной войны и приравненные к ним лица.
3. Оплата за выдаваемые паспорта осуществляется наличными и безналичными средствами через отделения сберегательного банка и зачисляется в доход республиканского бюджета ежедекадно.
Министерству внутренних дел Республики Таджикистан осуществлять выдачу паспорта гражданина Республики Таджикистан в установленном порядке при получении подтверждения Сберегательного банка Республики Таджикистан об оплате сбора.
4. Министерству финансов Республики Таджикистан 45 процентов средств, поступающих от реализации паспортов, направлять на покрытие расходов, связанных с их изготовлением и доставкой в республику, 8 процентов - Министерству внутренних дел Республики Таджикистан на приобретение бланков по паспортной работе и спецпродукции, 47 процентовв доход бюджета
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 4 апреля 1997 года, № 158
г. Душанбе