Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 299 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"

Санаи амалкуни: 24.07.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба миқдори 60 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 28 воҳид тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418).

3. Ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад.

4. Барои дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ миқдори автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 3 адад муқаррар карда шавад.

5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешбинигардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 104 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2014 № 299

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Службе по государственному надзору в сфере труда, миграции и занятости населения

(в редакции постановления Правительства РТ от 24.07.2020г.№418)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата и Схему управления Службы по государственному надзору в сфере труда, миграции и занятости населения (приложения 1, 2 и 3).

2. Установить предельную численность работников Службы по государственному надзору в сфере труда, миграции и занятости населения в количестве 60 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 28 единиц (в редакции постановления Правительства РТ от 24.07.2020г.№418).

3. Разрешить Службе по государственному надзору в сфере труда, миграции и занятости населения иметь одного заместителя Начальника.

4. Установить для центрального аппарата Службы по государственному надзору в сфере труда, миграции и занятости населения лимит служебных легковых автомобилей в количестве 3 единиц.

5. Финансирование центрального аппарата и органов предусмотренных в Схеме управления Службы по государственному надзору в сфере труда, миграции и занятости населения, осуществлять за счет средств республиканского бюджета.

6. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №104 "О Государственной службе по надзору в сфере труда, занятости и социальной защиты населения".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 3 мая 2014 года, №299