Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014 № 234 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- сархатҳои бистум ва бисту якуми банди 15 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- бо тартиби муқарраргардида кормандони шоистаи мақомот ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мукофотонӣ бо мукофотҳои давлатӣ барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ дар назди ҷомеа ва давлат пешбарӣ менамояд;

- ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони мақомот ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар рушди соҳаи адлия тибқи тартиби муқарраргардида нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои идоравиро таъсис медиҳад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;";

- дар банди 23 пас аз калимаи "русӣ" калимаҳои "Нишони худ" илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 марти соли 2014 № 234

ш. Душанбе