Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 118 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.
2. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 427 "Оид ба тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.
3. Дар Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 427 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 5 калимаҳои "мақомоти давлатии ҷумҳуриявии идораи маориф" ва бандҳои 13 ва 15 калимаҳои "мақомоти ҷумҳуриявии идораи маориф" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф" иваз карда шаванд;
- банди 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"16. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9), аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 (12) ва шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ), ки дар давоми таҳсил аз худ карда шудааст, бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ дода мешавад".
- дар банди 17 калимаҳои "Стандарти таҳсилоти умумиро" ба калимаҳои "Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми банди 19 калимаҳои "асосҳои касбу ҳунар" ба калимаҳои "технология (таълими меҳнат)" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 21 калимаҳои "имтиҳонҳои фосилавии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ" ба калимаҳои "аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм" иваз карда шуда, дар сархати дуюми банди мазкур калимаи "имтиҳонҳоро" ба калимаи "аттестатсия" иваз карда шавад.
4. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 387 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.
5. Дар Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 387 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- аз банди б калимаҳои "ягонаи" ва "ва стандартҳои байналмилалӣ" хориҷ карда шавад;
- аз сархати дуюми банди 14 ҷумлаи "Кӯдакони 6-сола фақат баъд аз ташхиси комиссияи тиббӣ-педагогӣ ба синфи якум қабул карда мешаванд" хориҷ карда шавад;
- дар бандҳои 15, 26, 31 ва 35 калимаҳои "шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд" ба калимаҳои "шахсони онҳоро ивазкунанда" иваз карда шаванд;
- аз сархати чоруми банди 18 пас аз калимаи "миёнаи" калимаи "(пурраи)" хориҷ карда шавад;
- банди 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Соли хониш 1 сентябр оғоз ёфта, 7 июн ба анҷом мерасад. Давомнокии соли хониш ба истиснои рӯзҳои ид барои синфи 1 на кам аз 33 ҳафта, барои синфҳои 2-11 на кам аз 34 ҳафта муқаррар карда мешавад.
Соли хониш ба ду нимсола ҷудо гардида, нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр ва нимсолаи дуюм аз 1 феврал то 7 июн муқаррар карда мешавад. Дар фосилаи байни ҳар як нимсола рейтинги сифати дониш гузаронида мешавад, ки он барои нимсолаи аввал охири моҳи октябр ва барои нимсолаи дуюм аввали моҳи апрел муқаррар мегардад.
Барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:
- таътили зимистона аз 1 январ то 31 январ;
- таътили тобистона баъди анҷоми соли хониш, бо дарназардошти давраи аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, то 31 август".
- дар банди 29:
- дар сархати якум калимаи "имтиҳонҳо" ба калимаи "аттестатсия" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюм калимаҳои "Имтиҳонҳои давлатии (ҷамъбастии) хатмкунандагон" ба калимаҳои "Аттестатсияи давлатии хатм" иваз карда шавад.
6. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, № 300 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.
7. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, № 126 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.
8. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, № 433 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.
9. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 347 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.
10. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 348 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "22" ба рақами "21" иваз карда шавад.
11. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 171 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.
12. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 391 "Дар бораи тасдиқи "Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд" рақами "28" ба рақами "24" иваз карда шавад.
13. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 206 "Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "29" ба рақами "8" иваз карда шавад.
14. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 388 "Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "28 ва 29" ба рақамҳои "8 ва 15" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 6 марти соли 2014, № 175
ш. Душанбе