Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 146

Санаи амалкуни: 28.11.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 146

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471, аз 9.07.2018 № 348, аз 26.08.2019 № 418, аз 24.07.2020 № 418, аз 19.07.2022 № 338, аз 28.11.2023 № 536)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418).

2. Вазорат фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муайяншуда ва ташкилотҳои системаи худро ҳамоҳанг менамояд.

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348).

4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мемонад.

2. Ваколатҳо

5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардида ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ, инчунин нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнаморо оид ба фаъолияти Вазорат таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418);

- тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348):

а) дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ:

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;

- вазъи сатҳи зиндагии аҳолиро меомӯзад, таҳлил ва арзёбӣ мекунад;

- дар асоси ташаккули сиёсат оид ба даромадҳо барои мӯътадилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ чорабиниҳо таҳия менамояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳоро оид ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, кӯмакпулиҳо ва стипендияҳо омода мекунад;

- оид ба такмили системаи ҷубронпулиҳо, имтиёзҳо, инчунин барои ҳимояи даромадҳои аҳолӣ аз таваррум ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол менамояд;

- оид ба муайян намудани ҳисоби андозаи ҳадди ақали зисти гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоию демографии аҳолӣ тавсияҳои методӣ таҳия намуда, инчунин ҳисоби он ва ташхиси ҳисоби ҳадди ақали зиндагиро анҷом медиҳад;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба такмили системаи шарикии иҷтимоӣ пешниҳодҳо омода намуда, роҳбарии методиро оид ба бастани созишномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ (байнисоҳавӣ), шартномаҳои коллективӣ анҷом медиҳад ва ба танзими баҳсҳои меҳнатии коллективӣ вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, мусоидат мекунад;

- таснифгари умумидавлатии касбҳои коргарон ва мансабҳои кормандонро бо тартиби муқарраргардида таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд ва онро пеш мебарад;

- созишномаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ (тарифӣ)-ро оид ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва меҳнатӣ сабти ном мекунад, назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- дар омода намудани лоиҳаи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва намояндагони кормандон иштирок намуда, ба нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ҳамин созишнома пешниҳодот манзур менамояд;

- оид ба такмили системаи пардохти музди меҳнати кормандон дар доираи созишномаҳои тарифӣ ва шартномаҳои коллективӣ пешниҳодҳо таҳия месозад;

- тарификатсияи корҳо, касбҳо ва вазифаҳоро анҷом медиҳад, заминаи меъёрии ҳуқуқии меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро таҳия менамояд;

- бо назардошти омилҳои табиию иқлимӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ оид ба такмили танзими минтақавии пардохти музди меҳнат ва системаи ҷубронпулиҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд;

- меъёрҳои меҳнат, маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии корҳо ва касбҳо, маълумотномаи тахассусии мансабҳои кормандон, дастурамалҳо, тавзеҳот ва тавсияҳоро оид ба масъалаҳои ташкил, меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнат тасдиқ мекунад;

- дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати такмили системаи пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои буҷетӣ, инчунин таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда иштирок менамояд;

- дар муайян намудани андозаҳои меъёрҳои тарифӣ ва маошҳои мансабӣ барои вазифаҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандони муассисаҳои буҷетӣ, мутобиқи шартҳои пардохти музди меҳнати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, ба курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои хусусияти сайёр ва сафаридошта, иҷрои корҳои вахтавӣ, саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар сафар муқаррар месозад;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои пардохти музди меҳнати кормандонеро, ки ба иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда машғуланд, муқаррар менамояд;

- номгӯи истеҳсолот, корҳо, касбҳо ва вазифаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат, ки ба рухсати меҳнатии иловагӣ, рӯзи кӯтоҳи корӣ, бе пул гирифтани хӯрокаи тиббию профилактикӣ ҳуқуқ медиҳанд, таҳия месозад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- идоракунии давлатии ҳифзи меҳнатро анҷом дода, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин самт ҳамоҳанг месозад;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методии ҳифзи меҳнатро таҳия ва қабул менамояд;

- дар таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба беҳсозии шароит ва ҳифзи меҳнат иштирок менамояд;

- номгӯи корҳои вазнин ва корҳо дар шароити зарарноку хатарнок, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст, таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- якҷоя бо мақомоти давлатии омор намунаҳои ҳисоботи омории давлатии нишондиҳандаҳои шароит ва ҳифзи меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро таҳия ва қабул менамояд;

- тартиби гузаронидани санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- меъёрҳои соҳавии ба кормандон додани сару либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати фардиро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тартиби ба кормандон додани имтиёзҳо барои шароити вазнин, зарарнок ва хавфноки меҳнатро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- қоидаҳо ва меъёрҳоро оид ба ҳифзи меҳнат, инчунин талаботи ташкилию методӣ ва умумитехникиро барои анҷом додани корҳо вобаста ба бехатарии меҳнат тасдиқ мекунад;

- оид ба такмили шароит ва ҳифзи меҳнат, танзими давлатии вақти корӣ ва вақти истироҳат барои категорияҳои алоҳидаи кормандон таклифҳо таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

б) дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ:

- оид ба ташаккули сиёсати давлатии муҳоҷирати аҳолӣ барномаҳои дахлдорро таҳия ва корҳоро ҷиҳати татбиқи онҳо ташкил менамояд;

- дурнамои раванди муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро меомӯзад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳоро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ ҳамоҳанг месозад;

- фаъолиятро дар самти ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ ташкил менамояд;

- ҷиҳати ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббӣ дар хориҷа бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ менамояд;

- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳамкориро бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ташкил мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ назорат ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар самти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолиятро оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванд ва бармегарданд, амалӣ менамояд;

- барои рушд ва такмили низоми миёнаравӣ ҷиҳати бокортаъминкунӣ дар хориҷа, аз ҷумла ба ташкилотҳои хусусии шуғли беруна мусоидат менамояд;

- барои баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ доранд, бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ менамояд;

- расонидани хизматҳои машваратӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро ба муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ (ихтиёрӣ), экологӣ ва аъзои оилаи онҳо ташкил менамояд;

- раванди муҳоҷирати аҳолиро таҳлил намуда, барномаҳо ва дурнамои соҳаро таҳия менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти омориро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ мутобиқ ба методологияи омори расмӣ амалӣ менамояд;

- технологияи ягонаи иттилоотӣ, низоми ягонаи автоматишудаи бақайдгирӣ ва коркарди иттилооти марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолиро ҷорӣ менамояд;

- шароити мусоидро барои соҳибкорон, корфармоён, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо барои ташкили таълим ва такмили тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам месозад;

- бо мақсади ташкили фазои ягонаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё ва дигар созмонҳои минтақавӣ ба ҳамоҳангсозии сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ кӯчонидани муҳоҷирони экологиро аз минтақаҳои хавфнок ва экзогенӣ ба мавзеъҳои бехавф, инчунин аз маҳалҳои кӯҳӣ, наздикӯҳӣ, ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои захираҳои кофии замин кӯчонидани хоҷагиҳоро амалӣ менамояд;

в) дар соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ:

- мунтазам вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолиро таҳлил ва пешгӯӣ менамояд ва истифодаи босамари захираҳои меҳнатиро амалӣ менамояд;

- оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлил ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи бозори меҳнат пешниҳодҳо омода месозад. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии мусоидат ба шуғли аҳолиро таҳия ва назорати татбиқи онҳоро анҷом медиҳад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ эҳтиёҷоти умумиро ба ҷойҳои корӣ муайян намуда, бо назардошти дурнамои демографӣ дар таҳияи барномаҳои таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ иштирок менамояд;

- системаи шаҳодатномакунии малакаҳои касбии дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ бадастомадаро барои шаҳрвандон ташкил менамояд;

- фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият, дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳамоҳанг сохта, барномаҳои соҳавӣ ва сармоягузории мақсадноки таҳияшавандаро дар қисмати таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ташхис менамояд;

- фаъолияти маблағгузории хурдро бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди худиштиғолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- корҳоро барои рушди омори шуғл, ташаккул, пешбурд ва истифодаи маҳзани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ ва талабот ба қувваи корӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ташкил менамояд;

- таъминоти методии таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба мусоидат ба шуғли корҷӯён ва бекорон, аз ҷумла тавассути рушди соҳибкорӣ ва худиштиғолӣ, ба корҳои муваққатӣ ва ҷамъиятӣ равона кардани шаҳрвандони бекор, инчунин татбиқи шаклҳои шуғли ба тағйирот тобоварро анҷом медиҳад;

- барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ чораҳои зарурӣ меандешад;

- роҳнамоӣ ва маслиҳатдиҳии касбиро барои ҷавонон ва бекорон мутобиқи талаботи бозори дохилию хориҷӣ танзим ва ҳамоҳанг менамояд;

- барои муқаррар намудани квота ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта ва дар бозори меҳнат қобилияти рақобат надошта, таклифҳо пешниҳод менамояд;

г) дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон:

- лоиҳаҳои меъёрҳо ва стандартҳои давлатии системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро таҳия намуда, татбиқ ва назорати риояи онҳоро таъмин менамояд;

- ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ мувофиқи номгӯи касбу ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит муҳайё менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барномаҳою нақшаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- роҳбарии мутамарказонидашудаи низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекорро ба роҳ мемонад;

- барои дастрас будани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии шаҳрвандон чораҳо меандешад;

- барои қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнат бо кадрҳои ихтисосманди дорои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барномаҳои дахлдорро таҳия ва амалӣ менамояд;

- омӯзиш, азнавтайёркунии касбиро тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон ташкил менамояд;

- таълими истеҳсолиро дар устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ, лабораторияҳо, озмоишгоҳҳои таълимӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин дар коргоҳҳои корхонаҳо, таълимгоҳҳои онҳо, иншоотҳои сохтмонӣ ва ғайра ба роҳ мемонад;

- таъминоти методӣ ва рушди системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро ташкил менамояд;

- курсҳои кӯтоҳмуддати касбомузӣ, бозомузӣ, такмили ихтисос ва таълимиро оид ба малакаҳои ҳаётӣ ташкил менамояд;

- барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон бо ҷалби шарикони рушд ва ё сармоягузорони ватанию хориҷӣ чорабиниҳо таҳия ва амалӣ менамояд;

- мониторинги сифати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро ташкил ва ба роҳ мемонад;

ғ) дар самти ҳунармандӣ:

- сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандиро амалӣ менамояд;

- фаъолияти субъектҳои ҳунармандиро ҳамоҳанг месозад;

- бо субъектҳои дахлдори дохилӣ ва хориҷӣ дар самти ҳунармандӣ ҳамкорӣ ва шарикиро ба роҳ мемонад;

- лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандиро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди ҳунармандӣ мусоидат менамояд;

- феҳристи ҳунармандиро пеш мебарад;

- якҷо бо мақомоти дахлдор шаклҳои омори баҳисобгирии ҳунармандонро таҳия ва ҷорӣ менамояд;

-таълим ва омодасозии кадрҳоро дар соҳаи ҳунармандӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон ташкил менамояд;

- фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳоро барои ташкили инфрасохтори муносиби ҳунармандӣ ба ҳунармандон ҳамоҳанг месозад;

- бо мақсади ташаккули афкори мусбии ҷамъиятӣ барои рушди соҳаи ҳунармандӣ чорабиниҳои иттилоотиро амалӣ менамояд;

- конференсияҳо, намоиш-ярмаркаҳо ва озмунҳо вобаста ба ҳунармандиро баргузор менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418);

д) тибқи тартиби муқарраргардида дар муносибатҳои байналмилалӣ вобаста ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият иштирок менамояд.

6. Вазорат бо мақсади иҷрои салоҳиятҳои дар соҳаи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқарраргардида озмунҳо баргузор намояд ва қарордодҳои давлатиро оид ба ворид намудани молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, аз ҷумла гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотиро барои эҳтиёҷоти Вазорат ба имзо расонад;

- дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат роҳбарии методиро анҷом дода, ба онҳо кӯмак расонад;

- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил ва ҳамоҳанг намояд;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандонро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил намояд;

- дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҳунармандӣтаҳлил ва тадқиқоти мақсаднокро анҷом диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418);

- вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат қабули шаҳрвандонро ташкил намуда, пешниҳодҳо ва арзу шикоятҳои шаҳрвандонро баррасӣ карда, оид ба онҳо тадбирҳои дахлдор андешад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодасозии сафарбаркунӣ ва мудофиаи гражданӣ иҷрои чорабиниҳоро ташкил намояд;

- ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат аудити дохилиро амалӣ намояд;

- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, ҳуҷҷатҳо, хулосаҳо, маълумот ва дигар мавод, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат заруранд, дархост намояд ва гирад;

- аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти омориро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат дархост кунад ва гирад;

- назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил намояд;

- ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат мутахассисони вазорату идораҳо ва муассисаҳои илмиро ҷалб созад;

- санадҳои меъёрӣ ва методиро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, тасдиқ намояд;

- барои таъсиси намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар оид ба муҳоҷират ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ташкилотҳои системаи Вазорат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуда, низомномаю оинномаҳои онҳоро тасдиқ намояд;

- оид ба боздошти амал ва бекор намудани қарору фармоишҳо ва супоришҳои вазорату идораҳо, ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат, пешниҳодҳо манзур намояд;

- дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорат ҳисоботи намояндагони вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори ҳудуди ҷумҳуриро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат мансубанд, баррасӣ кунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348);

- оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат марбутанд, намоишгоҳҳо ташкил намуда, конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо, мулоқотҳо ва дигар чорабиниҳо гузаронад;

- риояи интизоми молиявӣ, истифодаи воситаҳои моддӣ ва пулиро тибқи таъиноти мустақим дар ташкилотҳои системаи Вазорат назорат намояд.

3. Ташкили фаъолияти Вазорат

7. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи минбаъдаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

8. Вазир фаъолияти Вазоратро дар асоси яккасардорӣ роҳбарӣ намуда, барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

9. Вазир муовинҳо, аз ҷумла муовини якум дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Вазир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

10. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вазифаҳоро байни муовини якум ва муовинони Вазир тақсим менамояд;

- дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, шумораи кормандони сохтори дастгоҳи марказӣ ва фонди музди меҳнат, басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ, инчунин харҷномаи таъминоти онро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинишуда, тасдиқ менамояд;

- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин низомнома ва оинномаи ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;

- кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани роҳбарони намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- кормандони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷи кишвар ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- шумора ва фонди музди меҳнати кормандони ташкилотҳои системаи Вазоратро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин харҷномаи таъминоти онҳоро дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷети давлатӣ пешбинишуда тасдиқ менамояд;

- иҷрои вазифаҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомнома ба зиммаи Вазорат вогузор намудаанд, таъмин менамояд;

- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат пешниҳод мекунад;

- фармоишҳо қабул менамояд ва супоришҳо медиҳад, дастурамалҳо, қоидаҳо ва меъёрҳоеро, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Вазорат ҳатмӣ мебошанд, тасдиқ карда, назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

- нақшаи ҳарсолаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти назди Вазорат, инчунин ҳисоботи фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;

- роҳбарони мақомоти назди Вазорат, лоиҳаҳои низомномаҳо, сохторҳо ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида дар бораи таъсис, таҷдид ва барҳам додани мақомоти назди Вазорат ва ташкилотҳои системаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- қарорҳои сохторҳои системаи Вазоратро, ки ба қонунгузорӣ мухолифат менамоянд, бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо бо қонун муқаррар нагардида бошад;

- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои мақомоти назди Вазорат муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- Вазоратро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти он намояндагӣ мекунад ва бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаю созишномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;

- масъалаи мукофотонидани кормандони Вазорат ва роҳбарони мақомоти тобеи онро ҳал мекунад ва ба маоши вазифавии мутахассисон иловапулиҳоеро, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, таъин менамояд. Барои муваффақиятҳои меҳнатӣ бо мукофотҳо ҳавасманд гардонида, барои меҳнати самаранок ва дастовардҳо дар соҳа кормандонро бо тартиби муқарраргардида барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

11. Дар Вазорат Ҳайати мушовара дар ҳайати Вазир (раиси Ҳайати мушовара), муовини якум, муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат таъсис дода мешавад.

12. Шумора ва аъзои Ҳайати мушовара бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои Ҳайати мушовара бо протокол ба расмият дароварда шуда, бо фармоишҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.

13. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус, мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

14. Вазорат дар системаи худ ташкилотҳои тиҷоратие дорад, ки фаъолияташонро ба сифати воҳиди мустақили хоҷагидор анҷом медиҳанд.

15. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Саррраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

16. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорат: 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ-5/2 мебошад.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 146

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати котибот

Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо

Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ

Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ

Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Шуъбаи таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2023 № 536)

Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо

Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ

Шуъбаи аудити дохилӣ

Шуъбаи идоракунии корҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 146

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Хадамоти муҳоҷират

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Намояндагиҳои вазорат дар хориҷи кишвар оид ба муҳоҷират

Замимаи 4

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 146

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ";

- Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ";

- Муассисаи давлатии "Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ";

- Муассисаи давлатии "Ансамбли ҷумҳуриявии "Лаъл";

- Муассисаи давлатии "Литсейи касбии махсуси маъюбон" бо филиалҳояш дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа" ва филиалҳои он дар хориҷи кишвар;

- Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи коргарҷавонон"-и Ромит";

- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати насоҷии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустами Холалӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайхун" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи "Қубодиён";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш";

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.07.2022 № 338);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кӯҳии шаҳри Исфара";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Айнӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Спитамен";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Зафаробод";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Конибодом";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Сангвор" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Лахш" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи шаҳри Ваҳдат";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.08.2019 № 418);

- Муассисаи давлатии "Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Бинокор";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Меҳнат";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Матбаа";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Рӯзномаи "Шуғл ва муҳоҷират".

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 146

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471, аз 9.07.2018 № 348, аз 26.08.2019 № 418)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон анҷом медиҳад.

2. Вазорат фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муайяншуда ва ташкилотҳои системаи худро ҳамоҳанг менамояд.

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348).

4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мемонад.

2. Ваколатҳо

5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардида ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, инчунин нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнаморо оид ба фаъолияти Вазорат таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348):

а) дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ:

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;

- вазъи сатҳи зиндагии аҳолиро меомӯзад, таҳлил ва арзёбӣ мекунад;

- дар асоси ташаккули сиёсат оид ба даромадҳо барои мӯътадилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ чорабиниҳо таҳия менамояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳоро оид ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, кӯмакпулиҳо ва стипендияҳо омода мекунад;

- оид ба такмили системаи ҷубронпулиҳо, имтиёзҳо, инчунин барои ҳимояи даромадҳои аҳолӣ аз таваррум ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол менамояд;

- оид ба муайян намудани ҳисоби андозаи ҳадди ақали зисти гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоию демографии аҳолӣ тавсияҳои методӣ таҳия намуда, инчунин ҳисоби он ва ташхиси ҳисоби ҳадди ақали зиндагиро анҷом медиҳад;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба такмили системаи шарикии иҷтимоӣ пешниҳодҳо омода намуда, роҳбарии методиро оид ба бастани созишномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ (байнисоҳавӣ), шартномаҳои коллективӣ анҷом медиҳад ва ба танзими баҳсҳои меҳнатии коллективӣ вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, мусоидат мекунад;

- таснифгари умумидавлатии касбҳои коргарон ва мансабҳои кормандонро бо тартиби муқарраргардида таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд ва онро пеш мебарад;

- созишномаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ (тарифӣ)-ро оид ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва меҳнатӣ сабти ном мекунад, назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- дар омода намудани лоиҳаи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва намояндагони кормандон иштирок намуда, ба нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ҳамин созишнома пешниҳодот манзур менамояд;

- оид ба такмили системаи пардохти музди меҳнати кормандон дар доираи созишномаҳои тарифӣ ва шартномаҳои коллективӣ пешниҳодҳо таҳия месозад;

- тарификатсияи корҳо, касбҳо ва вазифаҳоро анҷом медиҳад, заминаи меъёрии ҳуқуқии меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро таҳия менамояд;

- бо назардошти омилҳои табиию иқлимӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ оид ба такмили танзими минтақавии пардохти музди меҳнат ва системаи ҷубронпулиҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд;

- меъёрҳои меҳнат, маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии корҳо ва касбҳо, маълумотномаи тахассусии мансабҳои кормандон, дастурамалҳо, тавзеҳот ва тавсияҳоро оид ба масъалаҳои ташкил, меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнат тасдиқ мекунад;

- дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати такмили системаи пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои буҷетӣ, инчунин таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда иштирок менамояд;

- дар муайян намудани андозаҳои меъёрҳои тарифӣ ва маошҳои мансабӣ барои вазифаҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандони муассисаҳои буҷетӣ, мутобиқи шартҳои пардохти музди меҳнати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, ба курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои хусусияти сайёр ва сафаридошта, иҷрои корҳои вахтавӣ, саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар сафар муқаррар месозад;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои пардохти музди меҳнати кормандонеро, ки ба иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда машғуланд, муқаррар менамояд;

- номгӯи истеҳсолот, корҳо, касбҳо ва вазифаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат, ки ба рухсати меҳнатии иловагӣ, рӯзи кӯтоҳи корӣ, бе пул гирифтани хӯрокаи тиббию профилактикӣ ҳуқуқ медиҳанд, таҳия месозад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- идоракунии давлатии ҳифзи меҳнатро анҷом дода, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин самт ҳамоҳанг месозад;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методии ҳифзи меҳнатро таҳия ва қабул менамояд;

- дар таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба беҳсозии шароит ва ҳифзи меҳнат иштирок менамояд;

- номгӯи корҳои вазнин ва корҳо дар шароити зарарноку хатарнок, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст, таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- якҷоя бо мақомоти давлатии омор намунаҳои ҳисоботи омории давлатии нишондиҳандаҳои шароит ва ҳифзи меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро таҳия ва қабул менамояд;

- тартиби гузаронидани санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- меъёрҳои соҳавии ба кормандон додани сару либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати фардиро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тартиби ба кормандон додани имтиёзҳо барои шароити вазнин, зарарнок ва хавфноки меҳнатро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- қоидаҳо ва меъёрҳоро оид ба ҳифзи меҳнат, инчунин талаботи ташкилию методӣ ва умумитехникиро барои анҷом додани корҳо вобаста ба бехатарии меҳнат тасдиқ мекунад;

- оид ба такмили шароит ва ҳифзи меҳнат, танзими давлатии вақти корӣ ва вақти истироҳат барои категорияҳои алоҳидаи кормандон таклифҳо таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

б) дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ:

- оид ба ташаккули сиёсати давлатии муҳоҷирати аҳолӣ барномаҳои дахлдорро таҳия ва корҳоро ҷиҳати татбиқи онҳо ташкил менамояд;

- дурнамои раванди муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро меомӯзад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳоро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ ҳамоҳанг месозад;

- фаъолиятро дар самти ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ ташкил менамояд;

- ҷиҳати ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббӣ дар хориҷа бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ менамояд;

- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳамкориро бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ташкил мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ назорат ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар самти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолиятро оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванд ва бармегарданд, амалӣ менамояд;

- барои рушд ва такмили низоми миёнаравӣ ҷиҳати бокортаъминкунӣ дар хориҷа, аз ҷумла ба ташкилотҳои хусусии шуғли беруна мусоидат менамояд;

- барои баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ доранд, бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ менамояд;

- расонидани хизматҳои машваратӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро ба муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ (ихтиёрӣ), экологӣ ва аъзои оилаи онҳо ташкил менамояд;

- раванди муҳоҷирати аҳолиро таҳлил намуда, барномаҳо ва дурнамои соҳаро таҳия менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти омориро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ мутобиқ ба методологияи омори расмӣ амалӣ менамояд;

- технологияи ягонаи иттилоотӣ, низоми ягонаи автоматишудаи бақайдгирӣ ва коркарди иттилооти марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолиро ҷорӣ менамояд;

- шароити мусоидро барои соҳибкорон, корфармоён, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо барои ташкили таълим ва такмили тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам месозад;

- бо мақсади ташкили фазои ягонаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё ва дигар созмонҳои минтақавӣ ба ҳамоҳангсозии сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ кӯчонидани муҳоҷирони экологиро аз минтақаҳои хавфнок ва экзогенӣ ба мавзеъҳои бехавф, инчунин аз маҳалҳои кӯҳӣ, наздикӯҳӣ, ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои захираҳои кофии замин кӯчонидани хоҷагиҳоро амалӣ менамояд;

в) дар соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ:

- мунтазам вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолиро таҳлил ва пешгӯӣ менамояд ва истифодаи босамари захираҳои меҳнатиро амалӣ менамояд;

- оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлил ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи бозори меҳнат пешниҳодҳо омода месозад. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии мусоидат ба шуғли аҳолиро таҳия ва назорати татбиқи онҳоро анҷом медиҳад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ эҳтиёҷоти умумиро ба ҷойҳои корӣ муайян намуда, бо назардошти дурнамои демографӣ дар таҳияи барномаҳои таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ иштирок менамояд;

- системаи шаҳодатномакунии малакаҳои касбии дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ бадастомадаро барои шаҳрвандон ташкил менамояд;

- фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият, дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳамоҳанг сохта, барномаҳои соҳавӣ ва сармоягузории мақсадноки таҳияшавандаро дар қисмати таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ташхис менамояд;

- фаъолияти маблағгузории хурдро бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди худиштиғолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- корҳоро барои рушди омори шуғл, ташаккул, пешбурд ва истифодаи маҳзани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ ва талабот ба қувваи корӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ташкил менамояд;

- таъминоти методии таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба мусоидат ба шуғли корҷӯён ва бекорон, аз ҷумла тавассути рушди соҳибкорӣ ва худиштиғолӣ, ба корҳои муваққатӣ ва ҷамъиятӣ равона кардани шаҳрвандони бекор, инчунин татбиқи шаклҳои шуғли ба тағйирот тобоварро анҷом медиҳад;

- барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ чораҳои зарурӣ меандешад;

- роҳнамоӣ ва маслиҳатдиҳии касбиро барои ҷавонон ва бекорон мутобиқи талаботи бозори дохилию хориҷӣ танзим ва ҳамоҳанг менамояд;

- барои муқаррар намудани квота ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта ва дар бозори меҳнат қобилияти рақобат надошта, таклифҳо пешниҳод менамояд;

г) дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон:

- лоиҳаҳои меъёрҳо ва стандартҳои давлатии системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро таҳия намуда, татбиқ ва назорати риояи онҳоро таъмин менамояд;

- ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ мувофиқи номгӯи касбу ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит муҳайё менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барномаҳою нақшаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- роҳбарии мутамарказонидашудаи низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекорро ба роҳ мемонад;

- барои дастрас будани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии шаҳрвандон чораҳо меандешад;

- барои қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнат бо кадрҳои ихтисосманди дорои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барномаҳои дахлдорро таҳия ва амалӣ менамояд;

- омӯзиш, азнавтайёркунии касбиро тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон ташкил менамояд;

- таълими истеҳсолиро дар устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ, лабораторияҳо, озмоишгоҳҳои таълимӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин дар коргоҳҳои корхонаҳо, таълимгоҳҳои онҳо, иншоотҳои сохтмонӣ ва ғайра ба роҳ мемонад;

- таъминоти методӣ ва рушди системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро ташкил менамояд;

- курсҳои кӯтоҳмуддати касбомузӣ, бозомузӣ, такмили ихтисос ва таълимиро оид ба малакаҳои ҳаётӣ ташкил менамояд;

- барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон бо ҷалби шарикони рушд ва ё сармоягузорони ватанию хориҷӣ чорабиниҳо таҳия ва амалӣ менамояд;

- мониторинги сифати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро ташкил ва ба роҳ мемонад;

д) тибқи тартиби муқарраргардида дар муносибатҳои байналмилалӣ вобаста ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият иштирок менамояд.

6. Вазорат бо мақсади иҷрои салоҳиятҳои дар соҳаи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқарраргардида озмунҳо баргузор намояд ва қарордодҳои давлатиро оид ба ворид намудани молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, аз ҷумла гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотиро барои эҳтиёҷоти Вазорат ба имзо расонад;

- дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат роҳбарии методиро анҷом дода, ба онҳо кӯмак расонад;

- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил ва ҳамоҳанг намояд;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандонро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил намояд;

- дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғгли аҳолӣ таҳлил ва тадқиқоти мақсаднокро анҷом диҳад;

- вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат қабули шаҳрвандонро ташкил намуда, пешниҳодҳо ва арзу шикоятҳои шаҳрвандонро баррасӣ карда, оид ба онҳо тадбирҳои дахлдор андешад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодасозии сафарбаркунӣ ва мудофиаи гражданӣ иҷрои чорабиниҳоро ташкил намояд;

- ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат аудити дохилиро амалӣ намояд;

- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, ҳуҷҷатҳо, хулосаҳо, маълумот ва дигар мавод, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат заруранд, дархост намояд ва гирад;

- аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти омориро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат дархост кунад ва гирад;

- назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил намояд;

- ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат мутахассисони вазорату идораҳо ва муассисаҳои илмиро ҷалб созад;

- санадҳои меъёрӣ ва методиро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, тасдиқ намояд;

- барои таъсиси намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар оид ба муҳоҷират ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ташкилотҳои системаи Вазорат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуда, низомномаю оинномаҳои онҳоро тасдиқ намояд;

- оид ба боздошти амал ва бекор намудани қарору фармоишҳо ва супоришҳои вазорату идораҳо, ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат, пешниҳодҳо манзур намояд;

- дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорат ҳисоботи намояндагони вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори ҳудуди ҷумҳуриро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат мансубанд, баррасӣ кунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348);

- оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат марбутанд, намоишгоҳҳо ташкил намуда, конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо, мулоқотҳо ва дигар чорабиниҳо гузаронад;

- риояи интизоми молиявӣ, истифодаи воситаҳои моддӣ ва пулиро тибқи таъиноти мустақим дар ташкилотҳои системаи Вазорат назорат намояд.

3. Ташкили фаъолияти Вазорат

7. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи минбаъдаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

8. Вазир фаъолияти Вазоратро дар асоси яккасардорӣ роҳбарӣ намуда, барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

9. Вазир муовинҳо, аз ҷумла муовини якум дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Вазир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

10. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вазифаҳоро байни муовини якум ва муовинони Вазир тақсим менамояд;

- дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, шумораи кормандони сохтори дастгоҳи марказӣ ва фонди музди меҳнат, басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ, инчунин харҷномаи таъминоти онро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинишуда, тасдиқ менамояд;

- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин низомнома ва оинномаи ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;

- кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани роҳбарони намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- кормандони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷи кишвар ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- шумора ва фонди музди меҳнати кормандони ташкилотҳои системаи Вазоратро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин харҷномаи таъминоти онҳоро дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷети давлатӣ пешбинишуда тасдиқ менамояд;

- иҷрои вазифаҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомнома ба зиммаи Вазорат вогузор намудаанд, таъмин менамояд;

- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат пешниҳод мекунад;

- фармоишҳо қабул менамояд ва супоришҳо медиҳад, дастурамалҳо, қоидаҳо ва меъёрҳоеро, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Вазорат ҳатмӣ мебошанд, тасдиқ карда, назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

- нақшаи ҳарсолаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти назди Вазорат, инчунин ҳисоботи фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;

- роҳбарони мақомоти назди Вазорат, лоиҳаҳои низомномаҳо, сохторҳо ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида дар бораи таъсис, таҷдид ва барҳам додани мақомоти назди Вазорат ва ташкилотҳои системаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- қарорҳои сохторҳои системаи Вазоратро, ки ба қонунгузорӣ мухолифат менамоянд, бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо бо қонун муқаррар нагардида бошад;

- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои мақомоти назди Вазорат муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- Вазоратро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти он намояндагӣ мекунад ва бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаю созишномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;

- масъалаи мукофотонидани кормандони Вазорат ва роҳбарони мақомоти тобеи онро ҳал мекунад ва ба маоши вазифавии мутахассисон иловапулиҳоеро, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, таъин менамояд. Барои муваффақиятҳои меҳнатӣ бо мукофотҳо ҳавасманд гардонида, барои меҳнати самаранок ва дастовардҳо дар соҳа кормандонро бо тартиби муқарраргардида барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

11. Дар Вазорат Ҳайати мушовара дар ҳайати Вазир (раиси Ҳайати мушовара), муовини якум, муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат таъсис дода мешавад.

12. Шумора ва аъзои Ҳайати мушовара бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои Ҳайати мушовара бо протокол ба расмият дароварда шуда, бо фармоишҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.

13. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус, мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

14. Вазорат дар системаи худ ташкилотҳои тиҷоратие дорад, ки фаъолияташонро ба сифати воҳиди мустақили хоҷагидор анҷом медиҳанд.

15. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Саррраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

16. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорат: 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ-5/2 мебошад.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 146

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати ҳуқуқ

Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ

Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ

Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа

Раёсати корҳо

Шӯъбаи аудити дохилӣ

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 146

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Хадамоти муҳоҷират

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Намояндагиҳои вазорат дар хориҷи кишвар оид ба муҳоҷират

Замимаи 4

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 146

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ";

- Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ";

- Муассисаи давлатии "Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ";

- Муассисаи давлатии "Ансамбли ҷумҳуриявии "Лаъл";

- Муассисаи давлатии "Литсейи касбии махсуси маъюбон" бо филиалҳояш дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа" ва филиалҳои он дар хориҷи кишвар;

- Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи коргарҷавонон"-и Ромит";

- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати насоҷии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустами Холалӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайхун" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи "Қубодиён";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2018 № 348);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кӯҳии шаҳри Исфара";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Айнӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.2016 № 471);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Спитамен";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Зафаробод";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Конибодом";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом";

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд";