Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2014 № 176 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 226"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 226

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матн калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини" ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии" иваз карда шаванд;

- дар банди 3 рақами "34" ба рақами "41" иваз карда шавад;

- дар банди 5 калимаи "ду" ба калимаи "се" иваз карда шавад;

- дар банди 7 калимаҳои "Шӯъба оид ба корҳои дин" ва "Бахш оид ба корҳои дин" мувофиқан ба калимаҳои "Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ва "Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" иваз карда шаванд;

- банди 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"8) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 35 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва барои 6 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи мазкур анҷом дода шавад.".

2. Ба Низомномаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва банди 1 калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини" ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии" иваз карда шаванд;

- дар банди 3 калимаҳои "сармутахассисон оид ба корҳои дин" ба калимаҳои "сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" иваз карда шаванд;

- дар банди 9 калимаи "ду" ба калимаи "се" иваз карда шавад;

- дар сархати чоруми банди 12 калимаи "муовинро" ба калимаи "муовинонро" иваз карда шавад;

- дар сархати шашуми банди 12 калимаҳои "сармутахассисон оид ба корҳои дин" ба калимаҳои "сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳафтуми банди 12 калимаҳои "бахшҳо оид ба корҳои дин" ва "Сармутахассисон оид ба корҳои дини" мувофиқан ба калимаҳои "бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ва "Сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии" иваз карда шаванд;

- банди 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"19) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумита барои 35 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва барои 6 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита анҷом дода мешавад.".

3. Ба Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар ном калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини" ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии" иваз карда шаванд;

- калимаҳои "Бахши молия ва хоҷагӣ" ва "Бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо" мувофиқан ба калимаҳои "Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ" ва "Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо" иваз карда шаванд;

- калимаҳои "Бахши таҳсилоти динӣ" илова карда шаванд.

4. Ба Нақшаи идоракунии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини" ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии" иваз карда шаванд;

- калимаҳои "Шӯъба оид ба корҳои дин" ва "Бахш оид ба корҳои дин" мувофиқан ба калимаҳои "Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ва "Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар номи Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини" ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 7 марти соли 2014, № 176

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №226

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и во исполнении Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №226 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан" следующие изменения:

- в названии и тексте слова "Комитет по делам религии" заменить словами "Комитет по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов";

- в пункте 3 цифру "34" заменить цифрой "41";

- в пункте 5 слово "два" заменить словом "три";

- в пункте 7 слова "Отдел по делам религии" и "Сектор по делам религии" заменить соответственно словами "Отдел по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов" и "Сектор по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов";

- пункт 8 изложить в следующей редакции:

"8) Финансирование расходов на содержание Комитета по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан для 35 штатных единиц осуществить за счёт средств республиканского бюджета и для 6 штатных единиц за счёт специальных средств Комитета."

2. Внести в Положение Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №226 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан", следующие изменения:

- в названии и пункте 1 слова "Комитет по делам религии" заменить словами "Комитет по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов";

- в пункте 3 слова "главные специалисты по делам религии" заменить словами "главные специалисты по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов";

- в пункте 9 слово "два" заменить словом "три";

- в четвертом абзаце пункта 12 слово "заместителя" заменить словом "заместителей";

- в шестом абзаце пункта 12 слова "главные специалисты по делам религии" заменить словами "главные специалисты по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов";

- в седьмом абзаце пункта 12 слова "секторы по делам религии" и "Главные специалисты по делам религии" заменить соответственно словами "секторы по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов" и "Главные специалисты по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов";

- пункт 19 изложить в следующей редакции:

"19) Финансирование расходов на содержание Комитета для 35 штатных единиц осуществляется за счёт средств республиканского бюджета и для 6 штатных единиц за счёт специальных средств Комитета."

3. Внести в Структуру Центрального аппарата Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №226 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

- в названии слова "Комитет по делам религии" заменить словами "Комитет по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов";

- слова "Финансовый и хозяйственный сектор" и "Сектор юридического обеспечения и кадров" заменить соответственно словами "Финансовый и хозяйственный отдел" и "Отдел юридического обеспечения и кадров";

- дополнить словами "Сектор религиозного образования".

4. Внести в Схему управления Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №226 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан", следующие изменения:

- в названии слова "Комитет по делам религии" заменить словами "Комитет по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов";

- слова "Отдел по делам религии" и "Сектор по делам религии" заменить соответственно словами "Отдел по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов" и "Сектор по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов".

5. В названии Перечня подведомственных организаций Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №226 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан", слова "Комитет по делам религии" заменить словами "Комитет по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 7 марта 2014 года, № 176