Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 151 "Дар бораи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 31.10.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 701)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).

2. Шумораи умумии кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 861 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ 80 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 701).

3. Ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовин, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

4. Барои дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.

5. Идоракунии оперативии амволи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шавад.

6. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 2 моҳ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" аз 3 марти соли 2007, № 103 аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2014, № 151

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об Агентстве социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.10.2014г. №701)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан"О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение об Агентстве социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан, структуру центрального аппарата и схему управления (приложения 1, 2, 3).

2. Установить с 1 января 2014 года общую численность работников Агентства социального страхования и пенсий в количестве 861 штатных единиц (без обслуживающего персонала), в том числе численность работников центрального аппарата в количестве 80 штатных единиц (в редакции постановления Правительства РТ от 31.10.2014г. №701).

3. Агентству социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан разрешить иметь двух заместителей, в том числе одного первого заместителя, и коллегию в составе 7 человек.

4. Установить центральному аппарату Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 4 единиц.

5. Оперативное управление имуществом Государственного агентства социального страхования и пенсий Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан и средствами государственного социального страхования закрепить за Агентством социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан.

6. Агентству социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан в двухмесячный срок привести все свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.

7. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан "О государственном агентстве социального страхования и пенсий" от 3 марта 2007 года, № 103.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 марта 2014 года, № 151