Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 151
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 701)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) ҳамчуни мақоми марказии ҳокимияти иҷроия барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, таъминоти иҷтимоӣ, мустақилона ташаккул ва идора намудани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, маъмурикунӣ, пасандозкунӣ ва ҷойгиркунии саҳмҳои суғуртавӣ, пешбурди ҳисобномаҳои суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда, таъинот ва маблағгузории пардохтҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ, назорат ба дурустии ҳисоб, таъинот ва пардохти онҳо ваколатдор мебошад .
2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ". "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ", "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадхои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Агентӣ ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.
4. Маблағгузории фаъолияти дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории он дар асоси буҷети Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.
5. Маблағҳое, ки ба буҷети Агентӣ ворид мегарданд, тавассути таснифоти алоҳидаи буҷетӣ ба ҳисоб гирифта шуда, ба суратҳисобҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, алоҳида аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
2. Вазифаҳо
6. Вазифаҳои асосии Агентӣ аз инҳо иборат мебошад:
- Хориҷ карда шуд ;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, суғуртаи давлатӣ ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини устувории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ;
- ташаккул ва иҷрои буҷети Агентӣ бо дарназардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳо ва самтҳои нави сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ;
- таъмини ҷамъоварӣ, ғуншавӣ, баҳисобгирӣ ва воридоти саривақтӣ ва пурраи саҳмҳои суғуртавӣ барои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва нафақавии касбӣ ;
- маблағгузории саривақтии ҳамаи намудҳои пардохтҳои суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- ташкил ва пешбурди баҳисобгирии инфиродии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва нафақавии шахсони суғурташуда дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- таъмини саривақтии таъинот, аз нав ҳисоб кардан, индексатсия ва пардохти нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо;
- огоҳ сохтани шаҳрвандон аз ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои онҳо ба воситаи телевизион, воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ;
- пешниҳод намудани маълумот ба шахсони суғурташуда оид ба ҳолати суратҳисоби инфиродӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи натиҷаи сармоягузории андӯхтҳои нафақавӣ ;
- сармоягузории андӯхти нафақавӣ ва маблағҳои муваққатан озод;
- таъмини назорати дурустӣ ва саривақтии ҳисобӣ ва пардохт намудани саҳмҳои суғуртавӣ, ташкили кор ва андешидани чораҳо оид ба рӯёнидан ва пардохти қарзҳое, ки мӯҳлаташон гузаштааст;
- амалӣ намудани назорати дурустии таъинот, аз нав ҳисоб кардан ва пардохти нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо.
7. Агентӣ тибқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда корҳои зеринро иҷро менамояд:
- пешниҳодҳоро оид ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, суғуртаи давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ таҳия менамояд;
- лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, суғуртаи давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ таҳия менамояд;
- барои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб гардидани конвенсияҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, суғуртаи давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ пешниҳодҳоро манзур намуда, оид ба иҷро гардидани муқаррароти конвенсияҳои тасдиқшуда, ҳар сол маърӯза омода менамояд;
- санадҳои меъёрӣ ва дастурҳои методиро мутобиқи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон содир менамояд;
- пешниҳодро оид ба муқаррар намудани тарифҳои андози иҷтимоӣ ва саҳмҳои суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод менамояд;
- ҳисоббаробаркунии актуариро мегузаронад;
- таъмини методӣ ва ташкили корҳоро оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирии саҳмҳои суғуртавӣ, таъинот, аз нав ҳисоб кардан, пардохт ва дастрас намудани нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо амалӣ менамояд ;
- тартиби иҷрои назорати дурустӣ ва пардохти саривақтии саҳмҳои суғуртавӣ, таъинот, аз нав ҳисоб кардан, индексатсия ва пардохти нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳоро таҳия менамояд;
- таклифҳоро оид ба такмили низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ вобаста ба шароитҳои махсуси меҳнат таҳия намуда, назорати истифодабарии рӯйхати корҳоеро (касб ва вазифаҳо), ки ҳуқуқи ба нафақаи имтиёзнок баромаданро медиҳанд (пеш аз мӯҳлат), ташкил менамояд;
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ташкили низоми суғуртаи ғайридавлатии нафақавӣ иштирок ва дар рушди минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд;
- мувофиқи буҷети тасдиқнамудаи Агентӣ маблағгузории саривақтии пардохти нафақаҳои касбӣ, меҳнатӣ, суғуртавӣ, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳоро таъмин менамояд;
- қайди баҳисобгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шаванд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ намуда, ба шахсони дигар рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ ва шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) медиҳад;
- баҳисобгирии инфиродии шахсони суғурташударо анҷом дода, ҳисобномаҳои шахсии инфиродии онҳоро пеш мебарад;
- маҳзани ягонаи маълумотро оид ба суғуртакунандагон, шахсони суғурташуда ва нафақахӯрон пеш мебарад;
- ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотиро барои ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории иттилоот, ки барои таъин ва пардохти нафақаҳои касбӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, суғуртавӣ, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо зарур мебошанд, анҷом медиҳад;
- назоратро аз рӯи ҳисобӣ, пардохт, баҳисобгирии саҳмҳо барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ амалӣ менамояд;
- таъин, аз нав ҳисоб кардан, индексатсия ва пардохти нафақаҳои касбӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, суғуртавӣ, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳоро ба шахсони суғурташуда, аз ҷумла ба кормандони мақомоти судӣ ва прокуратура амалӣ менамояд;
- пардохти нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд ;
- субсидияҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти нафақа ва иловапулиҳо ба нафақа ҷудо мегарданд, бо тартиби муқарраргардида хароҷот менамояд ;
- сармоякунонии маблағҳои Агентиро ба роҳ монда, гузоштан ё ҷойгиркунии андӯхти нафақавӣ, саҳмҳо барои суғуртаи нафақавии касбӣ ва маблағҳои муваққатан озодро ба қоғазҳои қиматнок ва депозитҳо дар бонкҳои устувор ва босубот амалӣ менамоя ;
- вазифаҳои идоракунии оперативии маблағҳо ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавиро анҷом медиҳад;
- баҳисобгирӣ ва назорати таъин, аз нав ҳисоб кардан, пардохти нафақаҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсияи нафақаҳоро амалӣ менамояд;
- маблағгузории пардохтҳоро барои кӯмакпулии бекорӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" пешбинӣ намудааст, анҷом медиҳад;
- дар маблағгузории чорабиниҳо ҷиҳати солимгардонии меҳнаткашон, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" пешбинӣ намудааст, саҳм мегузорад;
- назорат ва санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" анҷом медиҳад;
- дар кори комиссияҳои барҳамдиҳӣ иштирок менамояд;
- аудити дохилии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории онро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- ба шаҳрвандон ва корфармоён оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, тартиби ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродии саҳмҳои суғуртаи шахсоне, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудаанд, маслиҳатҳо медиҳад;
- маблағҳои озоди суғуртаи ҳатмии иҷтимоиро (нафақавиро) идора мекунад;
- маблағҳои сармояи шартӣ ва ҳисобии нафақавӣ ва индексатсияи онро ба ҳисоб мегирад ва дивидендҳои суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташударо дастрас менамояд;
- аз рӯи дархости шахсони суғурташуда, нусхаи маълумотнома ва дигар иттилоотро оид ба ҳисобҳои андӯхти инфиродӣ медиҳад;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида, баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи оморӣ мебарад ва барои дурустии онҳо масъул мебошад;
- шаҳрвандонро қабул менамояд, баррасии пурра ва саривақтии муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандонро таъмин менамояд, вобаста ба онҳо қарорҳо қабул намуда, ба шаҳрвандон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳо ирсол менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро ҷиҳати пуррагардонӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар раванди фаъолияти Агентӣ ҷамъ шудаанд, амалӣ менамояд;
- ҷиҳати интихоби муассисаҳое, ки хизматрасонии худро барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо пешниҳод менамоянд, тендерҳо мегузаронад;
- таъин ва аз нав ҳисоб кардани нафақаҳоро дар асоси маълумоти баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони инфиродӣ кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ таъин ва пардохт менамояд;
- ҳамкории иттилоотиро бо мақомоти андоз оид ба масъалаҳои бақайдтирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ", пардохти андози иҷтимоӣ, бақияпулиҳо, қарзҳо ва барҳамдиҳӣ бо мақсади баҳисобгирии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва нафақавии шахсони суғурташуда ва ба онҳо таъин намудани пардохти иҷтимоиро ба роҳ мемонад;
- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ менамояд;
- вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатиро, ки бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои иҷтимоӣ ва нафақавӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ вобаста аст, иҷро менамояд;
- назорати татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ки ба салоҳияти Агентӣ вобаста аст, таъмин менамояд;
- корҳоро оид ба гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ, курсҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои мусоидати техникӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ ташкил менамояд.
3. Ҳуқуқҳо
8. Бо мақсади амалӣ намудани ваколатҳои худ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, Агентӣ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ вобастабуда, мавриди санҷиш қарор диҳад;
- аз шахсони мансабдори суғуртакунандагон ва соҳибкорони инфиродӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи пардохти саҳмҳои суғуртавӣ ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, андӯхти нафақавӣ, кӯмакпулиҳо ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд;
- аз даромади маблағҳои муваққатан озод ва дигар даромадҳо фонди захиравӣ ва суратҳисоби махсуси ҳавасмандгардонӣ барои кормандони Агентӣ таъсис диҳад ;
- даъво пешниҳод намояд ва дигар тадбирҳои ҳуқуқӣ андешад;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкориҳои байналмилалӣ ширкат варзад, таҷрибаи хориҷиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавии шаҳрвандон омӯзад ва истифода барад;
- барои кор ё ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ ташкилотҳои илмӣ ва дигар муассисаҳо, олимон, коршиносон, мутахассисон ва мушовиронро ҷалб намояд;
- аз дигар макомоти давлатӣ (ба таври ройгон) маълумотро барои ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ вобастабуда, дархост ва талаб намояд;
- масъалаҳоеро, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ дахл доранд, дар доираи салоҳияти хӯд шарҳ диҳад;
- роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентиро амалӣ намояд;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида озмунҳо гузаронад ва барои иҷрои фармоиш ҷиҳати таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, аз ҷумла барои таъмини эҳтиёҷоти Агентӣ қарордодҳои давлатӣ ба имзо расонад;
- дар ҳолатҳои зарурӣ барои пешбурди кор дар самти баҳисобгирии инфиродӣ мутахассисонро ба тариқи шартномавӣ дар доираи маблағҳои барои таъмини фаъолияти Агентт пешбинишуда ҷалб намояд .
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ ва машваратиро (шуроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои машваратӣ) дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил диҳад;
- таълим ва такмили тахассуси кормандони Агентиро ба роҳ монад;
- оид ба санадҳои вайрон намудани қонунгузории суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, иҷро накардани дастурҳои Агентӣ, ба суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба роҳбарон, шахсони мансабдор ва кормандони масъули суғуртакунандагон муҷозотро истифода барад;
- тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хусусияти маҳдудкунанда ва пешгирикунанда дошта, ба роҳ надодан ё бартараф намудани вайронкунии талаботи ҳатмӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва ҳатмии нафақавӣ, инчунин бартараф намудани оқибатҳои вайронкуниҳои дар боло зикрёфта равона шудаанд, андешад.
4. Ташкили фаъолият
9. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
11. Директори Агентӣ ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки онҳо бо пешниҳоди Директор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони Директори Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
12. Дар Агентӣ ҳайати мушовара иборат аз Директори Агентӣ (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентӣ ташкил карда мешавад. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
13. Директори Агентӣ:
- манфиатҳои Агентиро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро амалӣ месозад;
- дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳо содир менамояд ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои маҳаллии он ҳатмӣ мебошанд;
- вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- оид ба нақшаи идоракунӣ ва сохтор, шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони Агентӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур менамояд;
- дар мӯҳлатҳои муқарраргардида нақша ва нишондиҳандаи фаъолияти Агентӣ, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- басти кории дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории онро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, нархномаи хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи Агентӣ ва воҳидҳои сохтории онро дар доираи маблағҳои Буҷети давлатии барои давраи дахлдор пешбинишуда, тасдиқ мекунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо бо тартиби муқарраршуда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид менамояд ;
- низомномаҳо оид ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ ва мақомоти маҳаллии Агентӣ ва нақшаҳоро тасдиқ менамояд;
- оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории он қарор қабул мекунад, роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Агентиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- роҳбарони мақомоти минтақавии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии Агентиро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва нисбати шахсони зикршуда муҷозоти интизомӣ татбиқ мекунад ё онҳоро ҳавасманд мегардонад;
- нархномаи хароҷоти мақомоти маҳаллии Агентиро дар доираи маблағҳои буҷетӣ дар давраи дахлдор ва дигар маблағгузориҳо, ки дар Буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ менамояд;
- фармоишу амрҳо мебарорад, дастурамалҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳоеро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Агентӣ ҳатмӣ мебошад, тасдиқ, инчунин назорат ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад;
- нақшаи корӣ ва нишондиҳандаи фаъолияти мақомоти маҳаллии Агентиро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботҳоро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавсозӣ ва барҳам додани мақомоти маҳаллии Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- ба ташкилотҳои низоми Агентӣ супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- қарорҳои ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои муқарраргардида ихтилофдоштаи ташкилотҳои низоми Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо тибқи қонун муқаррар нашуда бошад;
- тибқи конунгузорӣ масъалаҳои мукофотонидани кормандони Агентӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории поёнии Агентӣ ва ташкилотҳои низоми он, иловапулиҳо ба музди меҳнати вазифавии кормандонро муқаррар менамояд, барои дастовардҳои меҳнатӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- Агентиро дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ дахлдошта, намояндагӣ мекунад;
- ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва дараҷаи масъулияти муовинони худ, кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони раёсат, шӯъба ва бахшҳои вилоятӣ ва шаҳриро муайян менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлатро оид ба талаботи зарурии маблағҳо ҷиҳати маблағгузории пардохти нафақаҳо, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ пешниҳод менамояд.
14. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, штамп ва варақаҳои намунаи тасдиқгардида мебошад.
15. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Агентӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад -71 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 151
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳисоббарии актуарӣ
Раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андӯхтҳои нафақавӣ
Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ
Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ
Раёсати танзими кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва нафақаҳои касбӣ
Раёсати молия ва ҳисобдории марказонидашуда
Раёсати корҳо
Раёсати технологияҳои иттилоотӣ
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Шӯъбаи ҳуқуқ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 151
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Вилояти
Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ
Раёсату шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявӣ
Положение Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 31.10.2014г.№701)
1. Общие положения
1. Агентство социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Агентство), является центральным органом исполнительной власти, уполномоченным для реализации государственной политики в сфере социального страхования и пенсий, социального обеспечения, самостоятельного формирования и управления бюджета социального страхования, депонирование и вложение страховых и социальных взносов, ведение лицевых счетов страхователей и застрахованных лиц, назначение и финансирование страховых выплат, надзор за их правильным начислением, назначением и выплатой
2. Агентство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "О государственном социальном страховании", "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан", "О страховых и государственных пенсиях", "Об обязательном пенсионном страховании", "О персонифицированном учете в системе обязательного пенсионного страхования", другими законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.
3. Агентство как центральный орган исполнительной власти осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными объединениями и иными организациями.
4. Финансирование деятельности центрального аппарата Агентства и его структурных подразделений осуществляется на основании бюджета Агентства за счет средств государственного социального страхования.
5. Средства, поступающие в бюджет Агентства, учитываются отдельной бюджетной классификацией, зачисляются на расчетные счета в банках Республики Таджикистан и учитываются раздельно от средств республиканского и местных бюджетов.
2. Задачи
6. Основными задачами Агентства являются:
- участие в разработке и реализации государственной политики в сфере социального обеспечения, государственного обязательного и добровольного социального и пенсионного страхования;
- принятие мер по обеспечению финансовой устойчивости системы государственного социального страхования и обязательного пенсионного страхования;
- формирование и исполнение бюджета Агентства с учетом прогноза социально-экономического развития Республики Таджикистан, приоритетов и новых направлений государственной политики в области государственного социального и обязательного пенсионного страхования;
- обеспечение сбора, аккумуляции, учета и своевременного и полного поступления страховых взносов на обязательное пенсионное, профессиональное пенсионное страхование;
- своевременное финансирование всех видов страховых выплат, установленных законодательством Республики Таджикистан;
- организация и ведение персонифицированного учета социальных и пенсионных прав застрахованных лиц в системе государственного социального и обязательного пенсионного страхования;
- обеспечение своевременного назначения, перерасчета, индексации и выплаты пенсий, пенсионных накоплений и пособий;
- информирование граждан об их правах и обязанностях посредством телевидения средств массовой информации, веб-сайтов;
- предоставление информации застрахованным лицам о состоянии лицевых счетов, включая сведения о результатах инвестирования средств пенсионных накоплений
- инвестирование пенсионных накоплений и временно свободных средств;
- обеспечения надзора за правильным и своевременным начислением и уплатой страховых взносов, организация работ и принятие мер по взысканию и погашению просроченной задолженности;
- осуществление надзора за правильным назначением, перерасчетом и выплатой пенсий, пенсионных накоплений и пособий.
7. Агентство в соответствии с возложенными на него задачами осуществляет следующие функции:
- разрабатывает предложения по формированию государственной политики в области социального обеспечения, государственного обязательного и добровольного социального и пенсионного страхования;
- разрабатывает проекты законов и других нормативных правовых актов в сфере социального обеспечения, государственного обязательного и добровольного социального и пенсионного страхования;
- вносит предложения по ратификации Республикой Таджикистан международных конвенций и других международных правовых актов в области социального обеспечения, государственного обязательного и добровольного социального и пенсионного страхования, подготавливает ежегодные доклады о выполнении положений ратифицированных конвенций;
- издает нормативные акты и методические указания в соответствии с полномочиями, установленными законодательством Республики Таджикистан;
- разрабатывает предложения по установлению тарифов социального налога и страховых взносов по видам страхования и вносит их на рассмотрение в Правительство Республики Таджикистан;
- проводит актуарные расчеты;
- осуществляет методическое обеспечение и организует работу по сбору и учету страховых взносов, назначению, перерасчету, индексации, выплате и доставке пенсий, пенсионных накоплений и пособий;
- разрабатывает порядок осуществления надзора за правильной и своевременной уплатой страховых взносов, назначения, перерасчета, индексации и выплаты пенсий, пенсионных накоплений и пособий;
- разрабатывает предложения по совершенствованию системы обязательного профессионального пенсионного страхования в связи с особыми условиями труда, организует контроль за правильностью применения списков работ (профессий и должностей), предоставляющих право льготного (более раннего) выхода на пенсию;
- участвует в разработке нормативно-правовых актов по созданию негосударственных систем пенсионного страхования и содействует их дальнейшему развитию;
- обеспечивает в соответствии с утверждённым бюджетом Агентства своевременное финансирование выплат профессиональных, трудовых и страховых пенсий, пенсионных накоплений и пособий;
- осуществляет регистрационный учет юридических и физических лиц, подлежащих государственному социальному и обязательному пенсионному страхованию, в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан"О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей" и присваивает иным лицам индивидуальные страховые идентификационные номера и выдает им удостоверения государственного социального (пенсионного) страхования;
- осуществляет персонифицированный учет застрахованных лиц и ведет их индивидуальные лицевые счета;
- ведет единые банки данных по страхователям, застрахованным лицам и пенсионерам;
- осуществляет внедрение современных информационных технологий для сбора, учета и хранения информации, необходимой для назначения и выплаты профессиональных, трудовых, социальных и страховых пенсий, пенсионных накоплений и пособий;
- осуществляет контроль за начислением, уплатой и учетом взносов на обязательное профессиональное пенсионное страхование;
- осуществляет назначение, перерасчет, индексацию и выплату профессиональных, трудовых, социальных и страховых пенсий, пенсионных накоплений и пособий застрахованным лицам, в том числе работникам органов суда и прокуратуры;
- осуществляет выплату пенсий за особые заслуги перед Республикой Таджикистан
- расходует в установленном порядке субсидии, выделяемые из республиканского бюджета в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан для выплаты пенсий и надбавок к пенсиям
- осуществляет капитализацию средств Агентства, вложение и/или размещение пенсионных накоплений, взносов на профессиональное пенсионное страхование, временно свободных средств в ценные высоколиквидные бумаги и на депозиты устойчивых и стабильных банков;
- осуществляет функции оперативного управления средствами и имуществом государственного социального и обязательного пенсионного страхования;
- осуществляет учет и контроль за назначением, перерасчетом и выплатой пенсий, пособий и других социальных выплат, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан в сфере государственного социального и обязательного пенсионного страхования;
- проводит индексацию пенсий в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;
- осуществляет финансирование выплат пособий по безработице и иных социальных выплат, предусмотренных в Законе Республики Таджикистан"О государственном социальном страховании";
- осуществляет долевое участие в финансировании мероприятий по оздоровлению трудящихся, предусмотренных в Законе Республики Таджикистан "О государственном социальном страховании";
- осуществляет надзор и контроль за соблюдением страхователями и застрахованными лицами законодательства Республики Таджикистан и других нормативных правовых актов в сфере государственного социального и обязательного пенсионного страхования в порядке, предусмотренном Законом Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан";
- принимает участие в работе ликвидационных комиссий;
- осуществляет внутренний аудит Агентства и его структурных подразделений в порядке. установленным законодательством Республики Таджикистан;
- осуществляет консультирование граждан и работодателей, относительно их прав и обязанностей, порядка ведения персонифицированного учета страховых взносов лицами, зарегистрированными в системе обязательного социального (пенсионного) страхования;
- осуществляет управление свободными средствами обязательного социального (пенсионного) страхования;
- исчисляет условный и расчетный пенсионный капитал, его индексацию и разноску полученных дивидендов по индивидуальным лицевым счетам застрахованных лиц;
- выдает выписки, справки и другие сведения из индивидуальных накопительных счетов по запросам застрахованных лиц;
- ведет в установленном порядке бухгалтерский учет и статистическую отчетность, несет ответственность за ее достоверность;
- осуществляет прием граждан, обеспечивает своевременное и полное рассмотрение устных и письменных обращений граждан, принятие по ним решений и направление заявителям ответов в установленный законодательством Республики Таджикистан срок;
- осуществляет в соответствии с законодательством Республики Таджикистан работу по комплектованию, хранению, учету и использованию документов персонифицированного учета и других документов, образовавшихся в процессе деятельности Агентства;
- проводит тендеры по отбору учреждений, предоставляющих услуги по выплате пенсий и пособий;
- осуществляет назначение и перерасчет пенсий на основании данных персонифицированного учета в системе государственного социального и обязательного пенсионного страхования;
- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан назначает и выплачивает индивидуальным предпринимателям социальные пособия;
- организует информационное сотрудничество с налоговыми органами по вопросам регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей", уплату социального налога, недоимок, задолженности и ликвидации в целях учёта социальных и пенсионных прав застрахованных лиц, назначения им социальных выплат;
- осуществляет международное сотрудничество в области социального обеспечения, государственного обязательного и добровольного социального и пенсионного страхования;
- осуществляет функции уполномоченного государственного органа, связанного с участием Республики Таджикистан в Международной ассоциации социальных и пенсионных фондов и в других международных организациях:
- обеспечивает контроль за реализацией инвестиционных программ в сферах входящих в компетенцию Агентства;
- организует работу по проведению международных конференций, семинаров, симпозиумов, учебных курсов, реализации проектов технического содействия в сфере социального и пенсионного страхования.
3. Права
8. Агентство с целью реализации полномочий в установленной сфере деятельности имеет право:
- проверять в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке работу физических и юридических лиц и индивидуальных предпринимателей, осуществляющих деятельность на территории Республики Таджикистан по вопросам, входящим в компетенцию Агентства;
- требовать от должностных лиц страхователей и индивидуальных предпринимателей устранения нарушений законодательства Республики Таджикистан по уплате страховых взносов и расходованию этих средств на выплату пенсий, пенсионных накоплений, пособий и организации оздоровления;
- за счет прибыли временно свободных средств и других доходов создать накопительный фонд и счет поощрения работников Агентства
- предъявлять иски или предпринимать другие правовые действия;
- участвовать в установленном порядке в международном сотрудничестве, изучать и применять зарубежный опыт в области социального и пенсионного страхования граждан;
- привлекать для работы или проработки вопросов в установленной сфере деятельности Агентства научные и иные организации, ученых, экспертов, специалистов и консультантов;
- запрашивать и получать от других государственных органов (безвозмездно) сведения, необходимые для решения задач, возложенных на Агентство;
- в пределах своей компетенции давать разъяснения по вопросам, отнесенным к установленной сфере деятельности Агентства;
- осуществлять руководство, координацию и контроль за деятельностью структурных подразделений Агентства;
- проводить в установленном порядке конкурсы и заключать государственные контракты на размещение заказов на поставку товаров, выполнение работ, оказание услуг, на проведение научноисследовательских работ для государственных нужд в установленной сфере деятельности, в том числе для обеспечения нужд Агентства;
- в необходимых случаях, в целях своевременного выполнения работ по персонифицированному учету, привлекать специалистов по договору в пределах средств, предусмотренных для обеспечения деятельности Агентства () ;
- образовывать координационные и совещательные органы (советы, комиссии и консультативные группы) в установленной сфере деятельности;
- организовывать обучение и повышение квалификации работников Агентства;
- обращаться по актам нарушений законодательства о государственном социальном и обязательном пенсионном страховании, невыполнении предписаний Агентства в суд и в правоохранительные органы Республики Таджикистан;
- налагать в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан штрафы на руководителей, должностных лиц, ответственных работников страхователей;
- применять предусмотренные законодательством Республики Таджикистан превентивные меры ограничительного, предупредительного и профилактического характера, направленные на недопущение и (или) пресечение нарушений страхователями и застрахованными лицами обязательных требований в сфере государственного социального и обязательного пенсионного страхования, а также меры по устранению последствий указанных нарушений.
4. Организация деятельности
9. Агентство возглавляет Директор, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан.
10. Директор Агентства несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Агентство функций.
11. Директор Агентства имеет двух заместителей, в том числе одного первого, которые по представлению Директора назначаются и освобождаются от должности Правительством Республики Таджикистан. Количество заместителей Директора Агентство устанавливается Правительством Республики Таджикистан.
12. В Агентстве образуется коллегия в составе Директора Агентства (председателе коллегии), его заместителей (по должности) и других руководящих работников центрального аппарата и местных структур Агентства. Члены коллегии, кроме лиц входящих в ее состав по должности, утверждаются Правительством Республик Таджикистан.
13. Директор Агентства:
- защищает интересы Агентства в органах государственной власти и осуществляет общее руководство деятельностью Агентства;
- в пределах своих полномочий издает распоряжения и дает указания обязательные для исполнения сотрудниками центрального аппарата Агентства, также его местными структурами;
- распределяет обязанности между своими заместителями и руководителями структурных подразделений центрального аппарата;
- представляет Правительству Республики Таджикистан предложения по схеме управления, структуре, предельной численности и фонде оплаты труда работников Агентства;
- в установленных сроках представляет Правительству Республики Таджикистан план и показатель деятельности Агентства, а также отчет об их исполнении;
- утверждает штатное расписание центрального аппарата Агентства и его структурных подразделений в соответствии с типовым требованием в пределах, установленных Правительством Республики Таджикистан фонда оплаты труда и численности работников, смету расходов на содержание аппарата Агентства и его структурных подразделений в пределах, утвержденных на соответствующий период ассигнований, предусмотренных в Государственном бюджете и в необходимых случаях в установленном порядке вносит в них соответствующие изменения и дополнения ();
- утверждает положения о структурных подразделениях Центрального аппарата Агентства и местных органов Агентства и планы;
- принимает решение об объявлении конкурсов на занятие должностей в Центральном аппарате Агентства и его структурных подразделениях, назначает на должность и освобождает от должности руководителей и работников Центрального аппарата Агентства и его структурных подразделений в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
- в установленном порядке назначает и освобождает от должности руководителей областных, районных и городских территориальных органов Агентства, налагает на указанных лиц дисциплинарные взыскания или поощряет их;
- утверждает смету расходов местных органов Агентства в пределах, утвержденных на соответствующий период бюджетных и иных ассигнований, предусмотренных в Государственном бюджете и других финансовых источниках в соответствии с установленным порядком;
- издает приказы и распоряжения, утверждает инструкции, нормы, правила и стандарты, обязательные для исполнения всеми работниками Центрального аппарата и местных органов Агентства, а также обеспечивает контроль их исполнения;
- утверждает план работы и показатели деятельности местных органов Агентства, а также заслушивает отчеты об их деятельности;
- представляет в Правительство Республики Таджикистан предложения о создании, реорганизации и ликвидации местных органов Агентства;
- дает поручения организациям системы Агентства и контролирует их выполнение;
- отменяет противоречащие законодательству и установленным нормам решения организаций системы Агентства, если иной порядок отмены решений не установлен законом;
- решает вопросы премирования работников Агентства, руководителей низовых структурных подразделений Агентства и организаций системы, устанавливает доплаты и надбавки к должностным окладам специалистов, установленные законодательством, поощряет за достижения в труде, а особо отличившихся, представляет в соответствии с установленным порядком к государственным наградам Республики Таджикистан;
- представляет Агентство во взаимоотношениях с государственными, общественными и международными организациями по вопросам, относящимся к компетенции Агентства;
- определяет функциональные обязанности и степень ответственности своих заместителей и работников Центрального аппарата, руководителей областных и городских управлений, отделов и секторов.
- представляет Правительству Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан краткосрочный и среднесрочный прогноз о необходимой потребности в средствах для финансирования выплаты пенсий, пенсионных накоплений и социальных пособий.
14. Агентство является юридическим лицом, имеет свое наименование на государственном и русском языках, печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан, штамп и бланки установленного образца.
15. Место нахождения центрального аппарата Агентства: город Душанбе, ул. Борбад-71.
Приложение 2
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 3 марта 2014 года, № 151
Структура центрального аппарата Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан
Руководство
Управление обеспечения политики социального страхования и пенсии
Управление бюджета социального страхования и актуарного расчета
Управление по контролю за назначением и выплате пенсий и пенсионных накоплений
Управление персонифицированного учета
Управление внутреннего аудита и финансового контроля
Управление упорядочения социальных выплат и профессиональных пенсий
Управление финансов и централизованной бухгалтерии
Управление делами
Управление информационных технологий
Управление кадров и специальных работ
Юридический отдел
Приложение 3
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 3 марта 2014 года, № 151
Схема управления Агенства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан
Центральный аппарат
Управления Агентства социального страхования и пенсий Горно-Бадахшанской Автономной области, областей и города Душанбе
Региональные центры персонифицированного учета
Городские и районные управления и отделы