Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2014, № 125
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2014, № 125
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2016 № 294, аз 29.12.2022 № 615, аз 27.08.2025 № 456, аз 23.04.2026 № 208)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2016 № 294, аз 29.12.2022 № 615, аз 27.08.2025 № 456, аз 23.04.2026 № 208)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, оид ба амалӣ намудани пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва заминҳои обёришаванда, истифода ва нигаҳдошти объектҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи об фаъолиятро анҷом медиҳад.
2. Роҳбарӣ ба фаъолияти Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷяиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад (№ 456).
4. Агентӣ фаъолияти худро оид ба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.
5. Агентӣ ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти воҳидҳои таҳти тобеияташ қарордоштаро анҷом медиҳад.
...