Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014 № 125 "Дар бораи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 04.07.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2016 № 294)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳои системаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 81 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 46 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 7 воҳиди дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ маблағгузорӣ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2016 № 294).

3. Ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Директори Агентӣ, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад. Барои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2016 № 294).

4. Маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

5. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 595 "Дар бораи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2014 № 125

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об Агентстве мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 04.07.2016г.№294)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления, Перечень предприятий, учреждений и других организаций системы Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1,2,3 и 4),

2. Установить предельную численность работников Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 81 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 46 единиц (без обслуживающего персонала), из которых финансирование 7 единиц центрального аппарата произвести за счет специальных средств Агентства (в редакции постановления Правительства РТ от 04.07.2016г.№294).

3. Разрешить Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан иметь 3 заместителей Директора Агентства, в том числе одного первого заместителя и коллегию в составе 5 человек. Установить для Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных автомашин в количестве 8 единиц, в том числе для центрального аппарата 3 единиц (в редакции постановления Правительства РТ от 04.07.2016г.№294).

4. Финансирование Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан осуществляется за счёт республиканского бюджета и других средств в порядке, согласованном с Министерством финансов Республики Таджикистан.

5. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан в двухмесячный срок представить предложения по внесению изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан.

6. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №595 "О Министерстве мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 27 февраля 2014 года, №125