ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи иваз намудани номи Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 125
Мутобиқи моддаи 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Номи Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» ба Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» иваз карда шавад.
2.Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон»-ро ҳал намояд.
3.Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 125 «Дар бораи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шаванд:
-аз бандҳои 3 ва 6 замимаи 1 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад;
-банди 12 замимаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«12. Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 456
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О переименовании Центра по реализации проекта «Орошение земель Дангаринской долины» и внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2014 года, №125
В соответствии со статьёй 55 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьёй 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.Переименовать Центр по реализации проекта «Орошение земель Дангаринской долины» в Государственное учреждение «Центр по реализации проекта улучшения управления водными ресурсами в Хатлонской области».
2.Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения «Центр по реализации проекта улучшения управления водными ресурсами в Хатлонской области».
3.Пункт 12 приложения 4 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2014 года, №125 «Об Агентстве мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан» изложить в следующей редакции:
"12. Государственное учреждение «Центр по реализации проекта улучшения управления водными ресурсами в Хатлонской области».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 августа 2025 года №456