Оинномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 № 138

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "10" феврали соли 2014, № 138

тасдиқ шудааст

ОИННОМАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511, аз 20.01.2018 № 999, аз 03.09.2021 № 249)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) муассисаи давлатӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ мемонад (Фармони Президенти ҶТ аз 20.01.2018 № 999).

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои молу мулки алоҳида, тавозуни мустақил, суратҳисоб дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатӣ ва номи Марказ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, бланкҳо, сиккаҳо, нишона, аломатҳои нашрӣ, молӣ ва дигар мушаххасоти зарурӣ мебошад.

4. Ба Марказ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ ҷиҳати амалигардонии корҳои зарурӣ, ки аз нақш ва мақоми Марказ бармеоянд ва бо Оинномаи мазкур муайян шудаанд, вазифа ва ваколатҳои дигар низ дода мешавад.

5. Марказ аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро ба даст меорад ва ӯҳдадор мешавад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад менамояд.

6. Марказ ҳуқуқ дорад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва шахсони алоҳида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо бандад.

7. Номи Марказ:

- бо забони тоҷикӣ: "Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", мухтасар: "ММТНПҶТ";

- бо забони русӣ: "Национальный центр тестирования при Президенте Республики Таджикистан", мухтасар: "НЦТППРТ";

бо забони англисӣ: "National Testing Center under the President of the Republic of Tajikistan", мухтасар:"NTCUPRT".

8. Суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ - 192.

9. Марказ дар шаҳри Душанбе ва марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд шӯъбаҳои минтақавӣ дорад ва вобаста ба зарурат метавонад дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳои худро дошта бошад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ

10. Мақсадҳои асосии Марказ инҳоянд:

- таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон ва баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- гузаронидани пажӯҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тест.

11. Вазифаҳои асосии Марказ инҳоянд:

- ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон.

3. САМТ ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

12. Барои расидан ба мақсадҳои оинномавӣ Марказ фаъолиятҳои асосии зеринро амалӣ мегардонад:

- таъмини иттилоотонии ҷомеа оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва маҷаллаи илмию методӣ ва иттилоотии "Арзёбӣ ва таҳсилот"(Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511, аз 03.09.2021 № 249);

- таҳияи барномаҳои имтиҳонҳо, тестҳо ва ташкили махзани саволу масъалаҳои тест;

- ташкили тести озмоишӣ барои хоҳишмандон ва ташкили курсҳои омодагии довталабон ба имтиҳонҳо;

- нашр, бастабандӣ, интиқол ва қабули маводи имтиҳонӣ;

- ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби биноҳои муассисаҳои таълимӣ ба таври ройгон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биноҳои дигар муассисаҳо тавассути интихоб;

- бақайдгирии довталабон ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;

- ҷалб намудани сохторҳои дахлдори давлатӣ барои таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ;

- коркарди компютерӣ ва баҳодиҳии корҳои имтиҳонии довталабон;

- ташкили корҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва махфият дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;

- эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо ва гузаронидани апеллятсия;

- тасдиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пажӯҳишҳои миллӣ ва байналмилалӣ.

13. Марказ ҳуқуқ дорад, тибқи тартиби муқарраргардида фаъолияти хизматрасонии пулакиро ба роҳ монад.

14. Марказ дигар намудҳои фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои давлатӣ манъ накардааст, амалӣ менамояд.

15. Фаъолияте, ки ба иҷозатномадиҳии давлатӣ мансуб аст, аз ҷониби Марказ танҳо ҳангоми мавҷудияти иҷозатномаи дахлдор амалӣ карда мешавад.

4. ИДОРАКУНИИ МАРКАЗ

16. Ба Марказ Директор роҳбарӣ мекунад.

17. Директори Марказ, муовини якум ва муовини ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

18. Директор барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

19. Директор масъалаҳои ба фаъолияти Марказ дахлдорро дар доираи ваколатҳои худ мустақилона ҳал менамояд.

20. Директори Марказ дар доираи ваколатҳои худ:

- бе боваринома аз номи Марказ амал менамояд;

- манфиатҳои Марказро дар тамоми ташкилотҳо муаррифӣ менамояд;

- сохтори идоракунии Марказ ва рӯйхати мансабҳоро дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

- тақсимоти ӯҳдадориҳои мансабӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ менамояд;

- шартномаҳо баста, дар доираи ваколатҳояш муомилоти дигарро амалӣ менамояд;

- ваколатномаҳо медиҳад;

- тибқи озмун мудирони шӯъбаҳо, бахшҳо, роҳбарони шӯъбаҳои минтақавӣ ва мутахассисони Марказро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи қонунгузорӣ оид ба меҳнат кормандони муваққатӣ ва ёрирасонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

- фармоиш содир намуда, супоришҳои барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмиро медиҳад;

- вазифаҳои дигареро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба ӯҳдааш гузошта шудааст, иҷро менамояд.

21. Бо мақсади баланд бардоштани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи меъёрии методӣ, Шӯрои илмӣ ва методии Марказ таъсис дода мешавад.

22. Шӯрои илмӣ ва методии Марказ мақоми машваратӣ буда, ҳуқуқ дорад, ки ба Марказ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи меъёрии методиеро, ки дар доираи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон истифода мешаванд, барои тасдиқ розигӣ дода, маводи иттилоотию методиро барои нашр тасдиқ намояд.

23. Шӯрои илмӣ ва методии Марказро Директори Марказ ба ҳайси раис роҳбарӣ менамояд. Шӯро аз 13 нафар бо назардошти якнафарӣ аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иборат мебошад (Фармони Президенти ҶТ аз 20.01.2018 № 999).

24. Фаъолияти Шӯрои илмӣ ва методии Марказ тибқи тартиби тасдиқнамудаи директори Марказ танзим карда мешавад.

5. МОЛУ МУЛКИ МАРКАЗ

25. Тамоми молу мулки Марказ дар ихтиёри давлат қарор дошта, тақсимнопазир мебошад ва дар тавозуни мустақили Марказ инъикос мегардад.

26. Марказ ҳуқуқ дорад,молу мулки ба он вобасташударо истифода намояд. Марказ танҳо бо розигии молик ҳуқуқ дорад, молу мулкро аз тасарруф барорад, ё бо усули дигар онро ихтиёрдорӣ намояд.

27. Сарчашмаҳои ташаккули молу мулки Марказ, аз он ҷумла захираҳои молиявӣ инҳо мебошанд:

- маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд;

- амволе, ки ба Марказ аз тарафи молики он ё мақоми ваколатдори он дода шудааст;

- маблағҳои мақсадноки ташкилотҳои донорӣ, ки истифодаи онҳо бо созишномаҳои дахлдор ба танзим дароварда мешавад;

- фоида аз корҳои анҷомдода, хизматрасонӣ, фурӯши маҳсулот ҳангоми амалигардонии фаъолияте, ки бо Оинномаи мазкур иҷозат дода шудааст;

- маблағҷудокуниҳои амортизатсионӣ;

- пардохтҳои ихтиёрии корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандон;

- сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

6. МАБЛАҒГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

28. Маблағгузории фаъолияти Марказ дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, аз ҳисоби маблағҳои махсус ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.

7. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲӢ

29. Марказ баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳиро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба мақомоти дахлдори молия, андоз ва омор ҳисобот пешниҳод менамояд ва барои ба дурустии он масъул мебошад.

30. Дар ҳолатҳои зарурӣ Марказ ҳуқуқи гузаронидани аудити молиявӣ ва техникии мустақилро дорад.

8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МАРКАЗ

31. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Марказ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

32. Моликияти Маркази барҳамдодашударо, ки баъди қонеъ намудани талаботи қарздиҳандаҳо боқӣ мемонад, соҳибмулк тақсим менамояд.

33. Даромадҳои иловагӣ ва маблағҳои истифоданашудаи Марказ мутобиқи ҳарҷнома ба буҷети давлатӣ баргардонида мешаванд.

34. Маълумоти дар натиҷаи пажӯҳишҳо бадастовардаи Марказ дар сурати барҳам додани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "10" феврали соли 2014, № 138

тасдиқ шудааст

ОИННОМАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) муассисаи давлатӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои молу мулки алоҳида, тавозуни мустақил, суратҳисоб дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатӣ ва номи Марказ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, бланкҳо, сиккаҳо, нишона, аломатҳои нашрӣ, молӣ ва дигар мушаххасоти зарурӣ мебошад.

4. Ба Марказ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ ҷиҳати амалигардонии корҳои зарурӣ, ки аз нақш ва мақоми Марказ бармеоянд ва бо Оинномаи мазкур муайян шудаанд, вазифа ва ваколатҳои дигар низ дода мешавад.

5. Марказ аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро ба даст меорад ва ӯҳдадор мешавад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад менамояд.

6. Марказ ҳуқуқ дорад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва шахсони алоҳида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо бандад.

7. Номи Марказ:

- бо забони тоҷикӣ: "Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", мухтасар: "ММТНПҶТ";

- бо забони русӣ: "Национальный центр тестирования при Президенте Республики Таджикистан", мухтасар: "НЦТППРТ";

бо забони англисӣ: "National Testing Center under the President of the Republic of Tajikistan", мухтасар:"NTCUPRT".

8. Суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ - 192.

9. Марказ дар шаҳри Душанбе ва марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд шӯъбаҳои минтақавӣ дорад ва вобаста ба зарурат метавонад дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳои худро дошта бошад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ

10. Мақсадҳои асосии Марказ инҳоянд:

- таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон ва баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- гузаронидани пажӯҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тест.

11. Вазифаҳои асосии Марказ инҳоянд:

- ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон.

3. САМТ ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

12. Барои расидан ба мақсадҳои оинномавӣ Марказ фаъолиятҳои асосии зеринро амалӣ мегардонад:

- таъмини иттилоотонии ҷомеа оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва маҷаллаи иттилоотию методии "Довталаб" (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- таҳияи барномаҳои имтиҳонҳо, тестҳо ва ташкили махзани саволу масъалаҳои тест;

- ташкили тести озмоишӣ барои хоҳишмандон ва ташкили курсҳои омодагии довталабон ба имтиҳонҳо;

- нашр, бастабандӣ, интиқол ва қабули маводи имтиҳонӣ;

- ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби биноҳои муассисаҳои таълимӣ ба таври ройгон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биноҳои дигар муассисаҳо тавассути интихоб;

- бақайдгирии довталабон ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;

- ҷалб намудани сохторҳои дахлдори давлатӣ барои таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ;

- коркарди компютерӣ ва баҳодиҳии корҳои имтиҳонии довталабон;

- ташкили корҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва махфият дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;

- эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо ва гузаронидани апеллятсия;

- тасдиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пажӯҳишҳои миллӣ ва байналмилалӣ.

13. Марказ ҳуқуқ дорад, тибқи тартиби муқарраргардида фаъолияти хизматрасонии пулакиро ба роҳ монад.

14. Марказ дигар намудҳои фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои давлатӣ манъ накардааст, амалӣ менамояд.

15. Фаъолияте, ки ба иҷозатномадиҳии давлатӣ мансуб аст, аз ҷониби Марказ танҳо ҳангоми мавҷудияти иҷозатномаи дахлдор амалӣ карда мешавад.

4. ИДОРАКУНИИ МАРКАЗ

16. Ба Марказ Директор роҳбарӣ мекунад.

17. Директори Марказ, муовини якум ва муовини ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

18. Директор барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

19. Директор масъалаҳои ба фаъолияти Марказ дахлдорро дар доираи ваколатҳои худ мустақилона ҳал менамояд.

20. Директори Марказ дар доираи ваколатҳои худ:

- бе боваринома аз номи Марказ амал менамояд;

- манфиатҳои Марказро дар тамоми ташкилотҳо муаррифӣ менамояд;

- сохтори идоракунии Марказ ва рӯйхати мансабҳоро дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

- тақсимоти ӯҳдадориҳои мансабӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ менамояд;

- шартномаҳо баста, дар доираи ваколатҳояш муомилоти дигарро амалӣ менамояд;

- ваколатномаҳо медиҳад;

- тибқи озмун мудирони шӯъбаҳо, бахшҳо, роҳбарони шӯъбаҳои минтақавӣ ва мутахассисони Марказро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи қонунгузорӣ оид ба меҳнат кормандони муваққатӣ ва ёрирасонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

- фармоиш содир намуда, супоришҳои барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмиро медиҳад;

- вазифаҳои дигареро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба ӯҳдааш гузошта шудааст, иҷро менамояд.

21. Бо мақсади баланд бардоштани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи меъёрии методӣ, Шӯрои илмӣ ва методии Марказ таъсис дода мешавад.

22. Шӯрои илмӣ ва методии Марказ мақоми машваратӣ буда, ҳуқуқ дорад, ки ба Марказ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи меъёрии методиеро, ки дар доираи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон истифода мешаванд, барои тасдиқ розигӣ дода, маводи иттилоотию методиро барои нашр тасдиқ намояд.

23. Шӯрои илмӣ ва методии Марказро Директори Марказ ба ҳайси раис роҳбарӣ менамояд. Шӯро аз 11 нафар бо назардошти якнафарӣ аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иборат мебошад.