Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2015 № 511 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №138"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №138

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Дар муқаддима ва сархатҳои якум ва дуюми банди 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № 138 "Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" пас аз калимаи "таҳсилоти" калимаҳои "миёна ва" илова карда шаванд.

2. Дар сархати якуми банди 10, сархатҳои якум ва дуюми банди 11 ва сархатҳои якум ва ёздаҳуми банди 12 Оинномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №138 тасдиқ шудааст, пас аз калимаи "таҳсилоти" калимаҳои "миёна ва" илова карда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

24 июни соли 2015 № 511

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнений в Указ Президента Республики Таджикистан от 10 февраля 2014 года, №138

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

1. Преамбулу, первый и второй абзацы пункта 5 Указа Президента Республики Таджикистан от 10 февраля 2014 года,№138 "О создании Национального центра тестирования при Президенте Республики Таджикистан" после слова "учреждения" дополнить словами "среднего и".

2. Первый абзац пункта 10, первый и второй абзацы пункта 11 и первый и одиннадцатый абзацы пункта 12 Устава Национального центра тестирования при Президенте Республики Таджикистан, утвержденного Указом Президента Республики Таджикистан от 10 февраля 2014 года, №138, после слова "учреждения" дополнить словами "среднего и".

Президент

Республики Таджикистан                          Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 24 июня 2015 года, № 511