Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, № 999 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №138"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №138

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № 138 "Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйирот зерин ворид карда шаванд:

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- дар банди 3 рақами "60" ба рақами "75" иваз карда шавад.

2. Ба оинномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №138 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- дар банди 23 рақами "11" ба рақами "13" иваз карда шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

 ш. Душанбе

20 январи соли 2018, № 999