Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 № 138 "Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 07.05.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511, аз 20.01.2018 № 999, аз 07.05.2024 № 826)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511, аз 20.01.2018 № 999):

1. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" таъсис дода шавад.

2. Оинномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Теъдоди умумии кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 нафар (бе назардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 20.01.2018 № 999, аз 07.05.2024 № 826).

4. Музди меҳнати кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус маблағгузорӣ карда шавад, аз ҷумла барои ҳайати асосӣ маблағгузории музди меҳнати 60 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус ва 22 воҳиди кории дигар танҳо аз ҳисоби маблағҳои махсус (Фармони Президенти ҶТ аз 07.05.2024 № 826).

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ ва Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511);

- ҷиҳати мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад (Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511).

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

10 феврали соли 2014 № 138

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таьсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" таъсис дода шавад.

2. Оинномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Теъдоди умумии кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 нафар (бе назардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

4. Музди меҳнати кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус маблағгузорӣ карда шавад.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ ва Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд;

- ҷиҳати мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

10 феврали соли 2014 № 138