Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва банди 15 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 19 январи соли 2013, №23 ва бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷроиши Барномаи мазкур ҳар сол Нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистои ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба амалишавии Барнома ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 январи соли 2014 № 21
ш. Душанбе