Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, № 776 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумурии Тоҷикистон барои соли 2007"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумурии Тоҷикистон барои соли 2007"

Ҷиҳати иҷрои Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон аз 29 ноябри соли 2006 № 214 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2006 № 396 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007", инчунин барои ба даромади буҷети давлатӣ ҷалб намудани захираҳо, таъмини самарабахши истифодаи маблағҳои буҷетӣ, мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият:

- барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007, ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" тадбирҳои зарурӣ андешанд;

-оид ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасониҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ чораҳои зарурӣ андешида, дар ин асос нишондиҳандаҳои мӯътадили макроиқтисодиро дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин намоянд;

- барои таъмини сифатнок иҷро намудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд;

- истифодаи самаранок ва мақсадиоки маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла маблағҳои барои сохтмонҳои асосии иншоот ҷудокардашударо таъмин намуда, оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд;

- ҳангоми пешниҳод намудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи дурнамои миёнамуҳлат маблағгузориро аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат талаб менамоянд, нишондиҳандаҳои дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2008-2009 ба инобат гиранд;

- бо мақсади таъмини назорати шумораи кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва хароҷот барои нигоҳдории онҳо, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа оид ба шумораи воқеии кормандон ва мавҷуд будани ҷои холии корӣ дар дастгоҳҳои марказии вазорату идораҳо ва муассисаҳои тобеашон маълумот ирсол намоянд;

-пардохти истифодабарии қувваи барқ, гази табиӣ, хизматрасониҳои коммуналиро танҳо тавассути бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд. Дар минтақаҳое, ки бонкҳо дар масофаи дур воқеанд ё вуҷуд надоранд, ин пардохтҳо тавассути нуқтаҳои почта тибқи бастани шартномаҳо амалӣ карда шаванд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- истифода бурдани маблағҳои буҷетиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" таъмин намояд. Маблағгузории чорабиниҳои тасдиқкардашударо аз рӯи даромадҳои воқеии воридгардида амалӣ намояд;

- дар навбати аввал маблағгузории музди меҳнат, пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа, стипендия, ёрдампулиҳо, ҷубронпулиҳо барои пардохти хизмати алоқа, истифодаи кувваи барқ, газ ва обро таъмин намояд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по исполнению Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2007 год" и Постановления Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан "О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2007 год"

Во исполнение Закона Республики Таджикистан от 29 ноября 2006 года №214 "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2007 год" и Постановления Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 22 ноября 2006 года №396 "О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2007 год", а также мобилизации в доход государственного бюджета ресурсов, обеспечения эффективности их использования, содействия для устойчивого развития национальной экономики, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан, министерствам, государственным комитетам, ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, предприятиям, учреждениям и другим организациям, независимо от форм собственности:

- принять необходимые меры для выполнения Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2007 год" и Постановления Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан "О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2007 год";

- принять необходимые меры по увеличению объема производства и услуг в отраслях народного хозяйства и на этой основе обеспечить стабильные макроэкономические показатели экономики республики;

- принять все необходимые меры по обеспечению качественного исполнения доходной части республиканского и местных бюджетов, а также целевого и эффективного использования бюджетных средств;

- обеспечить эффективное и целевое использование бюджетных средств, в том числе средств выделяемых на капитальное строительство объектов и представить отчет о выполнении объема работ в Правительство Республики Таджикистан и Министерство финансов Республики Таджикистан;

- при предоставлении программ Правительства Республики Таджикистан, которые в среднесрочной перспективе требуют вложений государственных финансовых ресурсов, исходить из параметров, предусмотренных в прогнозе Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2008 - 2009 годы;

- в целях обеспечения контроля за численностью работников занятых в бюджетных организациях и расходов на их содержание ежеквартально представлять в Министерство финансов Республики Таджикистан сведения о фактической численности работников и наличии вакантных мест по категориям должностей, занятых в центральных аппаратах министерств и ведомств и в подведомственных им учреждениях;

- обеспечить оплату за потребленную электроэнергию, природный газ, коммунальные услуги только через учреждения банков Республики Таджикистан. В регионах, где банки находятся на далеком расстоянии или в случае их отсутствия, оплату указанных услуг производить через пункты почтовой связи на основании заключенных договоров.

2. Министерству финансов Республики Таджикистан:

- обеспечить использование бюджетных средств, в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2007 год". Финансирование утверждённых мероприятий производить по фактически поступившим доходам;

- обеспечить первоочередное финансирование заработной платы, выплат по начислению на социальное страхование, пенсий, стипендий, пособий, компенсационные выплаты, оплаты услуг связи, потребления электроэнергии, газа и воды;

...