Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад) .
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 чораҳои зарурӣ андешанд .
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба рафти татбиқи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 декабри соли 2013 № 557
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба рафти татбиқи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 декабри соли 2013 № 557
ш. Душанбе