Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар ном ва матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 "Дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016" рақами "2016" ба рақами "2017" иваз карда шавад.
2. Ба Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном, матн ва замимаҳои 1, 2, 3, 4 рақами "2016" ба рақами "2017" иваз карда шавад;
- аз банди 1 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- аз бандҳои 39-83 замимаи 4 калимаҳои "Вазорати энергетика ва захираҳои об," хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 январи соли 2017 № 47
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 декабря 2013 года, №557
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В названии и тексте постановления Правительства Республики Таджикистан от 5 декабря 2013 года, №557 "О Программе приватизации государственной собственности в Республике Таджикистан на 2014-2016 годы" цифру "2016" заменить цифрой "2017".
2. Внести в Программу приватизации государственной собственности в Республике Таджикистан на 2014-2016 годы, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 декабря 2013 года, №557, следующие изменения:
- в названии, тексте и приложениях 1, 2, 3, 4 цифру "2016" заменить цифрой "2017";
- из пунктов 39-83 приложения 4 исключить слова "Министерство энергетики и водных ресурсов,".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 25 января 2017 года, № 47