ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани илова ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001 №702 "Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Истиқлол".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
3 сентябри соли 2008 № 530