Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2013, № 1522 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2011, № 1141"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2011, № 1141

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба банди 8) Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2011, №1141 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар сархати шашум баъд аз калимаи "сармутахассис," калимаҳои "иҷрочии калони суд," илова карда шавад;

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "иҷрочии калони суд" ба калимаҳои "иҷрочии суд" иваз карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

 2 октябри соли 2013, № 1522