Тағйиротҳои, ки бо Фармони Президенти ҶТ аз 30.05.2018 № 1061 ворид карда шудаанд, аз 1.07.2018 мавриди амал қарор дода мешаванд.
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 2011, № 1141
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
(Фармони Президенти ҶТ аз 02.10.2013 № 1522, аз 30.05.2018 № 1061)
1) Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Низомнома) тартиби ба кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, идораҳои нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (минбаъд-кормандони мақомоти адлия) додани рутбаҳои дараҷавӣ, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва дигар масъалаҳои вобаста ба рутбаҳои дараҷавиро муайян мекунад .
2) Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, №385 "Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои дараҷавии зерин муқаррар карда шудаанд:
-Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1;
-Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2;
-Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3;
-Мушовири адлияи дараҷаи 1;
-Мушовири адлияи дараҷаи 2;
-Мушовири адлияи дараҷаи 3;
-Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1;
-Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2;
-Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3.
3) Рутбаҳои дараҷавӣ ба тартиби пай дар пай дар сурати мавчуд будани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ тибқи ихтисоси корманд, мансаб ва собиқаи кор, инчунин бо дарназардошти рутбаи дараҷавӣ, дараҷаи тахассусӣ, унвонҳои дахлдор, ки ӯ ба онҳо дар ҷои кор ва ё хизмати пешинааш соҳиб шудааст, дода мешаванд.
4) Рутбаҳои дараҷавӣ якумрӣ дода мешаванд.
5) Кормандони мақомоти адлия дар асоси пешниҳоди нусхаи ҳукми сафедкунандаи суд бо қарори шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи додани ин рутбаи дараҷавиро дорад, ба рутбаи дараҷавии пешина барқарор карда мешаванд.
6) Ба мансабҳои пасттар гузаронидан ё гузаштани корманди мақомоти адлия барои паст кардани рутбаи дараҷавии ба ӯ пештар додашуда асос намегардад.
7) Рутбаҳои дараҷавии ба кормандони мақомоти адлия додашуда дар шаҳодатномаи хизматӣ ва дафтарчаи меҳнатии хизматчии давлатӣ қайд карда мешаванд. Қайди дахлдор дар дафтарчаи меҳнатии кормандони мақомоти адлия дар фасли "Маълумот дар бораи кор" гузошта мешавад.
2. Тартиби ба кормандони мақомоти адлия додан, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва маҳрум кардан аз рутбаҳои дараҷавӣ
8) Рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлия вобаста ба ишғоли мансабҳои хизмати давлатии зерин дода мешаванд:
-Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 - ба муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Мушовири адлияи дараҷаи 1 - ба сардори сарраёсат, муовини сардори сарраёсат-сардори раёсат, сардори раёсат, сардори раёсат дар дохили сарраёсат, сарнотариуси давлатии саридораи нотариалии давлатӣ, сарнотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо;
-Мушовири адлияи дараҷаи 1, Мушовири адлияи дараҷаи 2 - ба муовини сардори раёсат, муовини сарнотариуси давлатии саридораи нотариалии давлатӣ, муовини сарнотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо;
-Мушовири адлияи дараҷаи 2, Мушовири адлияи дараҷаи 3 - ба сардори шӯъба, нотариуси давлатии саридораи нотариалии давлатӣ;
-Мушовири адлияи дараҷаи 3, Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 - ба мудири бахш, сармутахассис, нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо (;
-Ҳукуқшиноси дараҷаи 1, Ҳукуқшиноси дараҷаи 2 - ба мутахассиси пешбар, нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳр, ноҳия (;
-Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2, Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 - ба нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳр, ноҳия ;
-Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 - ба мутахассис.
9) Рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Рутбаҳои дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои 3, 2, 1 бо пешниҳоди Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Рутбаҳои дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаҳои 3, 2, 1 ҳуқуқшиноси дараҷаҳои 3, 2, 1 аз тарафи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбари бевоситаи корманд дода мешаванд.
10) Ба шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаб дар мақомоти адлия таъин шудааст, рутбаи дараҷавӣ баъди шаш моҳи таъин шудан ба мансаб дар мақомоти адлия дода мешавад.
11) Ба корманди мақомоти адлия, ки як сол собиқаи кори дорад, рутбаи дараҷавӣ надорад, рутбаи дараҷавии дахлдор дар доираи мансаби ишғолкарда дар давоми ду моҳи корӣ дода мешавад.
12) Ба кормандони мақомоти адлия дар мӯҳлатҳои зерин рутбаи дараҷавии навбатӣ дода мешавад:
-Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 баъди чор соли додани рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2;
-Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 баъди чор соли додани рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3;
-Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 баъди чор соли додани рутбаи дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаи 1;
-Мушовири адлияи дараҷаи 1 баъди се соли додани рутбаи дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаи 2;
-Мушовири адлияи дараҷаи 2 баъди се соли додани рутбаи дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаи 3;
-Мушовири адлияи дараҷаи 3 баъди се соли додани рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1;
-Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 баъди ду соли додани рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2:
-Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 баъди ду соли додани рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3.
13) Дар сурати ба хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудан ё гузаронидани корманди мақомоти адлия, ки рутбаи дараҷавӣ дорад, ба ӯ рутбаи дараҷавии ба мансаби ишғолкарда мувофиқ дар давоми ду моҳи корӣ дода мешавад.
14) Ба корманди мақомоти адлия барои иҷрои супоришҳои махсусан масъулиятнок, натиҷаҳои баланди касбию хизматӣ, саҳми он дар таҳкими мақомоти давлатӣ ва хизмати давлатӣ мумкин аст рутбаи дараҷавии навбатӣ пеш аз мӯҳлат ё як дараҷа баланд дода шавад.
15) Барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ (содир намудани кирдори интизомӣ) нисбати корманди мақомоти адлия ба сифати муҷозоти интизомӣ ба мӯҳлати то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи дараҷавии навбатӣ татбиқ карда мешавад. Дар давраи амали ҷазои интизомӣ ба корманди мақомоти адлия рутбаи дараҷавӣ, аз ҷумла рутбаи дараҷавии навбатӣ дода намешавад.
3. Қабули фармоиш оид ба масъалаҳои рутбаи дараҷавӣ
16) Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди роҳбари бевоситаи корманд дар хусуси ба корманд додан, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба рутбаи дараҷавӣ дар муддати 5 рӯзи тақвимӣ фармоиш қабул менамояд.
17) Нусхаи фармоиш дар бораи додани рутбаи дараҷавӣ дар делои шахсии корманди мақомоти адлия нигоҳ дошта мешавад.
18) Корманди мақомоти адлия бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додан, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва дигар масъалаҳои вобаста ба рутбаи дараҷавӣ таҳти имзо шинос карда мешавад.
4. Муқаррароти хотимавӣ
19) Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Низомномаи мазкур ва ҳалли масъалаҳо вобаста ба рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлия масъул мебошад.
20) Баҳсҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба рутбаи дараҷавӣ аз тарафи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва (ё) суд баррасӣ карда мешаванд.
Утверждено Указом Президента
Республики Таджикистан
от 3 сентября 2011 года,
№1141
ПОЛОЖЕНИЕ
о порядке присвоения классных чинов работникам органов юстиции Республики Таджикистан
(в редакции Указа Президента РТ от 02.10.2013г. № 1522, от 30.05.2018г.№1061)
1. Общие положения
1) Положение о порядке присвоения классных чинов работникам органов юстиции (далее - Положение) определяет порядок присвоения классных чинов, отсрочки, сохранения и другие вопросы, касающиеся классных чинов работников Министерства юстиции Республики Таджикистан, Управлений юстиции Горно-Бадахшанской автономной области, областей, нотариальных контор, записи актов гражданского состояния (далее - работники юстиции)
2) Постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 13 апреля 2011 года, №385 "Об установлении классных чинов работникам органов юстиции Республики Таджикистан" установлены следующие классные чины работникам органов юстиции Республики Таджикистан:
- Государственный советник юстиции Республики Таджикистан;
- Государственный советник юстиции 1 класса;
- Государственный советник юстиции 2 класса;
- Государственный советник юстиции 3 класса;
- Советник юстиции 1 класса;
- Советник юстиции 2 класса;
- Советник юстиции 3 класса;
- Юрист 1 класса;
- Юрист 2 класса;
- Юрист 3 класса.
3) Присвоение классного чина производится в последовательном порядке при наличии высшего юридического образования в соответствии с квалификацией работника, должностью и стажем работы, а также с учетом классного чина, квалификационного класса, специальных званий, присвоенных ему по прежнему месту работы или службы.
4) Классные чины присваиваются пожизненно.
5) Работники органов юстиции на основании представленной копии оправдательного приговора суда решением должностного лица, имеющего право присваивать классный чин, восстанавливаются в прежнем классном чине.
6) Перевод или переход работника органа юстиции на низшую должность не является основанием для понижения ранее присвоенного ему классного чина.
7) Присвоенные работникам органов юстиции классные чины вносятся в служебное удостоверение и трудовую книжку государственного служащего. Соответствующая запись производится в разделе "Сведения о работе" трудовой книжки работников органа юстиции.
2. Порядок присвоения, отсрочки, сохранения и лишения классных чинов работников органов юстиции
8) Классные чины присваиваются работникам органов юстиции согласно следующим занимаемым должностям государственной службы:
- Государственный советник юстиции Республики Таджикистан - Министру юстиции Республики Таджикистан;
- Государственный советник юстиции 1 класса, Государственный советник юстиции 2 класса - Первому заместителю Министра юстиции Республики Таджикистан, заместителю Министра юстиции Республики Таджикистан;
- Государственный советник юстиции 3 класса, Советник юстиции 1 класса - Начальнику главного управления, заместителю начальника главного управления - начальнику управления, начальнику управления, начальнику управления в Главном управлении, главному нотариусу главной государственной нотариальной конторы, главному нотариусу государственной нотариальной конторы Горно-Бадахшанской автономной области, областей;
- Советник юстиции 1 класса, Советник юстиции 2 класса - заместителю начальника управления, заместителю главного нотариуса главной государственной нотариальной конторы, заместителю главного нотариуса государственной нотариальной конторы Горно-Бадахшанской автономной области, областей;
- Советник юстиции 2 класса, Советник юстиции 3 класса - начальнику отдела, нотариусу главной государственной нотариальной конторы;
- Советник юстиции 3 класса, Юрист 1 класса - заведующему сектором, главному специалисту, нотариусу государственной нотариальной конторы Горно-Бадахшанской автономной области, областей, нотариусу
- Юрист 1 класса, Юрист 2 класса - ведущему специалисту, старшему нотариусу государственной нотариальной конторы города, района
- Юрист 2 класса, Юрист 3 класса - нотариусу государственной нотариальной конторы города, района;
- Юрист 3 класса - специалисту от 30.05.2018г.№1061).
9) Классный чин Государственный советник юстиции Республики Таджикистан присваивается Президентом Республики Таджикистан. Классные чины Государственный советник юстиции 3, 2, 1 классов присваиваются Президентом Республики Таджикистан по представлению Министра юстиции Республики Таджикистан. Классные чины Советник юстиции 3, 2, 1 и Юрист 3, 2, 1 классов присваиваются Министром юстиции Республики Таджикистан по представлению непосредственного руководителя работника.
10) Гражданину, впервые назначенному на должность в органы юстиции, классный чин присваивается по истечении шести месяцев со дня назначения на должность в органах юстиции.
11) Работнику органа юстиции, имеющему один год стажа работы, но не имеющему классный чин, соответствующий классный чин в пределах занимаемой должности присваивается в течение двух месяцев работы.
12) Работникам органов юстиции присваиваются очередные классные чины в следующие сроки:
- Государственный советник юстиции 1 класса по истечении четырех лет со дня присвоения классного чина Государственного советника юстиции 2 класса;
- Государственный советник юстиции 2 класса, по истечении четырех лет со дня присвоения классного чина Советника юстиции 3 класса;
- Государственный советник юстиции 3 класса, по истечении четырех лет со дня присвоения классного чина Советника юстиции 1 класса;
- Советник юстиции 1 класса, по истечении трех лет после присвоения классного чина Советник юстиции 2 класса;
- Советник юстиции 2 класса, по истечении трех лет после присвоения классного чина Советник юстиции 3 класса;
- Советник юстиции 3 класса, по истечении трех лет после присвоения классного чина Юрист 1 класса;
- Юрист 1 класса, по истечении двух лет после присвоения классного чина Юрист 2 класса;
- Юрист 2 класса, по истечении двух лет после присвоения классного чина Юрист 3 класса.
13) В случае назначения (избрания) или перевода работника органа юстиции, имеющего классный чин, на государственную службу, ему присваивается классный чин, соответствующий занимаемой должности в течение двух месяцев работы.
14) Работнику органа юстиции за выполнение особо ответственных поручений, высоких профессиональных и служебных результатов, за его вклад в развитие государственного органа и государственной службы досрочно может быть присвоен очередной или на одну степень выше классный чин.
15) За неисполнение или ненадлежащее исполнение должностных обязанностей (совершение дисциплинарного проступка) в отношении работника органа юстиции в качестве дисциплинарного взыскания применяется задержка до одного года в присвоении очередного классного чина. В период действия дисциплинарного взыскания работнику органа юстиции не присваивается классный чин, в том числе очередной классный чин.
3. Принятие распоряжения по вопросам классных чинов
16) Министр юстиции Республики Таджикистан на основании представления непосредственного руководителя работника в течение 5 календарных дней принимает распоряжение по присвоению, отсрочке, сохранению и другим вопросам, связанными с классными чинами.
17) Копия распоряжения о присвоении классного чина сохраняется в личном деле работника органа юстиции.
18) Работника органа юстиции под роспись знакомят с распоряжением Министра юстиции Республики Таджикистан о присвоении, отсрочке, сохранении и по другим вопросам, связанным с классным чином.
4. Заключительные положения
19) Министр юстиции Республики Таджикистан является ответственным за реализацию настоящего Положения и решение вопросов, связанных с классными чинами работников органа юстиции.
20) Споры по вопросам, связанными с классными чинами, рассматриваются Министром юстиции Республики Таджикистан, уполномоченным органом в сфере государственной службы и (или) судом.