Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №171
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №171 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- дар банди 8 пас аз калимаҳои "Дар бораи маориф"," калимаҳои "Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шавад;
- дар банди 13 пас аз калимаи "ғоибона" аломати "," гузошта шуда, калимаи "(шабона)" аз қавсайн озод карда шавад ва пас аз калимаи "шабона" аломати "," гузошта шуда, калимаҳои "фосилавӣ, фарогир, оилавӣ" ворид карда шавад;
- банди 40 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
- "40. Соли таҳсил 1 сентябр оғоз ёфта, 7 июн ба анҷом мерасад. Давомнокии соли таҳсил ба истиснои рӯзҳои ид барои синфҳои якум на кам аз 33 ҳафта, барои синфҳои 2-11 на кам аз 34 ҳафта муқаррар карда мешавад;
- Соли таҳсил ба ду нимсола ҷудо гардида, нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр ва нимсолаи дуюм аз 1 феврал то 7 июн муқаррар карда мешавад. Дар фосилаи байни ҳар як нимсола рейтинги сифати дониш гузаронида мешавад. Рейтинг барои нимсолаи аввал охири моҳи октябр ва барои нимсолаи дуюм аввали моҳи апрел муқаррар мегардад.
Барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:
- таътили зимистона аз 1 январ то 31 январ;
- таътили тобистона баъди анҷоми соли таҳсил бо дарназардошти давраи аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ то 31 август.
Барои хонандагони синфи якум як ҳафтаи таътили иловагӣ муқаррар карда мешавад ва мӯҳлати онро дар давоми соли таҳсил мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.
Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту мӯҳлатҳои таътил бо иҷозати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад";
- дар банди 48 калимаи "хонишро" ба калимаи "таҳсилро" иваз карда шавад;
- дар банди 49 калимаи "имтиҳонҳо" ба калимаи "аттестатсия", калимаи "Имтиҳоноти" ба калимаи "Аттестатсияи" ва калимаҳои "Дастурамал дар бораи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон," ба калимаҳои "Дастурамали аз аттестатсияи давлатӣ гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон," иваз карда шавад;
- дар банди 52 ва 53 калимаи "имтиҳонҳои" ба калимаи "аттестатсияи" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми банди 54 калимаҳои "Барои хониши аъло" ба калимаҳои "Барои таҳсили аъло" иваз карда шавад;
- дар банди 57 рақами "15" ба рақами "16" иваз карда шавад;
- дар банди 62:
а) дар сархати чорум калимаи "хониши" ба калимаи "таҳсили" иваз карда шавад;
б) дар сархати панҷум калимаи "хониш" ба калимаи "таҳсил" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2013, № 406
ш. Душанбе