Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1114 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.521) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 2 моддаи 10 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"-ро риоя намуда, оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд;".

2. Ба қисми 2 моддаи 12 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабардор намояд;".

3. Ба моддаи 25 қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"7. Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ошкор намудани сирри аудиторӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда шуморида намешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 июли соли 2014 № 1114

ш.Душанбе

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ АУДИТОРСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 22 июля 2013 года "Об аудиторской деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст.521) следующие дополнения:

1. Часть 2 статьи 10 дополнить абзацем пятым следующего содержания:

"- соблюдать требования Закона Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма", предоставлять сведения о подозрительных сделках и операциях в уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма;".

2. Часть 2 статьи 12 дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"- информировать о подозрительных сделках и операциях уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма;".

3. Статью 25 дополнить частью 7 следующего содержания:

"7. Предоставление сведений в уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма не является разглашением аудиторской или иной, охраняемой законом, тайны.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 26 июля 2014 года, № 1114

г.Душанбе,

...