Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 345
тасдиқ шудааст
Қоидаҳо оид ба тартиби таҳия, пешниҳод ва тасдиқи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)
1. Қоидаҳои мазкур тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ва "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" кор карда баромада шуда, тартиби таҳия, пешниҳод ва тасдиқи буҷети муассисаи суғурта, тартиб ва тасдиқи ҳисобот ва назорати иҷрои дурусти онҳоро муқаррар менамояд.
2. Мақсади асосии таҳияи буҷети муассисаи суғурта ин таъмини босамаронаи тақсимоти маблағҳои пулии (фондҳои) суғуртаи иҷтимоӣ бо дарназардошти ӯҳдадориҳои ҷамъшудаи давлат дар назди шахсони суғурташуда мебошад.
3. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- "буҷети муассисаи суғурта"-шакли ташаккул ва харҷи маблағҳо бо мақсадҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- "маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ"- маблағҳое, ки дар амалан идоракунии мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ қарор доранд;
- "андӯхти нафақавӣ"- маблағҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ аз музди меҳнат (даромад) супоридашудаи шахси суғурташуда ва даромадҳо аз ҳисоби истифодабарии ин маблағҳо, ки дар фонди махсуси суратҳисоби инфиродии ӯ қайд гардидаанд;
- "мусоидати молиявӣ (субвенсия)"- маблағҳое, ки аз буҷети давлатӣ ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беподошу бебозгашт барои маблағгузории пардохтҳои ғайрисуғуртавӣ пешниҳод мегарданд ;
- "раванди буҷетӣ" - меъёри батанзимдаровардашудаи ҳуқуқи фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ, иҷро ва инчунин назорати иҷрои он ;
- "ҷуброни суғуртавӣ"- иҷрои ҳатмии ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар назди шахсони суғурташуда ҳангоми фаро расидани ҳолатҳои суғуртавӣ бо роҳи пардохтҳои иҷтимоӣ;
4. Раванди буҷетӣ аз марҳилаҳои зерин иборат аст:
- таҳияи лоиҳаи сметаҳои хароҷотҳо ва даромадҳо аз сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта;
- таҳияи лоиҳаи пешакии буҷети муассисаи суғурта дар асоси лоиҳаҳои сметаи хароҷотҳои пешниҳодшуда ва даромадҳо аз сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта;
- баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи пешакии буҷети муассисаи суғурта;
- таҳия, баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта:
- иҷрои буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта ва сохторҳои зертобеи он, ё давраҳои буҷетӣ;
- таҳия ва тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта ва сохторҳои зертобеи он.
5. Ташкили раванди буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.
6. Ба таркиби буҷети муассисаи суғурта буҷетҳои зерин дохил мешаванд:
- суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ;
- суғурта дар ҳолати бекорӣ;
7. Руйхати ҷамъбастии буҷети муассисаи суғуртаро муассисаи суғурта тартиб медиҳад.
8. Қисми даромади буҷети муассисаи суғурта аз ҳисобҳои зерин ташаккул меёбад:
- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ;
- саҳмҳои нафақавӣ;
- саҳмҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- маблағҳои буҷети давлатӣ (субвенсияҳо);
- маблағҳои товон ва дигар муҷозотҳои молиявӣ;
- даромадҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
9. Хароҷоти ҷуброни суғуртавӣ аз буҷети муассисаи суғурта танҳо дар ҳолатҳои зерин маблағгузорӣ мегардад:
- нафақаи суғуртавӣ ва меҳнатӣ;
- кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ;
- кӯмакпулӣ барои дафн;
- кӯмакпулӣ бо сабаби бекорӣ;
10. Барзиёдии даромади муассисаи суғурта нисбат ба хароҷоти он барзиёдии буҷет мебошад;
11. Барзиёдии хароҷоти буҷети муассисаи суғурта нисбат ба даромади он касри буҷет мебошад;
12. Буҷети муассисаи суғурта метавонад бо тасдиқи барзиёдӣ ва касри он таҳия карда шавад.
13. Барзиёдии буҷети муассисаи суғурта метавонад:
- дар депозит ва ё фондҳои захиравии муассисаи суғурта ҷойгир карда шавад;
- ба пӯшонидани касри буҷет дар соли навбатии молиявӣ равона гардад;
- ба индексатсияи нафақа ва кӯмакпулиҳо равона гардад.
14. Дар ҳолати қабули буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад, манбаъҳои маблағгузории касри буҷет бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори муассисаи суғурта тасдиқ карда мешаванд.
15. Ҷуброни маблағҳо аз ҷониби буҷети давлатӣ ба буҷети муассисаи суғурта аз рӯи пардохтҳои ғайрисуғуртавӣ, касри буҷети муассисаи суғурта ҳисобида намешавад.
16. Таҳияи лоиҳаи пешакии буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли молиявии навбатӣ аз баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои сметаи хароҷотҳо ва даромадҳои ин сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта пешниҳод шавад, оғоз мегардад :
- аз сохторҳои зертобеи ноҳиявии муассисаи суғурта ба раёсатҳои вилоятӣ ва раёсати шаҳри Душанбе то 20 июли соли равон;
- аз раёсатҳои вилоятӣ ва раёсати шаҳри Душанбе ба дастгоҳи марказии муассисаи суғурта то 20 августи соли равон.
17. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодоти сохторҳои тобеи худ лоиҳаи буҷет барои соли навбатии молиявӣ ва тавзеҳнома ба онро таҳия намуда, бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд .
18. Таҳияи лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта бо дарназардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятнок ва нави сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ мегардад.
19. Лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ бо дарназардошти баробарии ҳатмии даромаду хароҷоти буҷети мазкур аз ҷониби муассисаи суғурта таҳия карда мешавад.
20. Лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ аз ҷониби муассисаи суғурта дар асоси таснифоти буҷетӣ тибқи Низомнома оид ба таснифоти буҷети хароҷотҳо ва даромадҳои давлатӣ, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, тартиб дода мешавад.
21. Тавзеҳнома ба лоиҳаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли навбатии молиявӣ бояд дорои маълумотҳои зерин бошад ;
- самтҳои асосии муайяншудаи сиёсат дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи нафақавӣ;
- тавсифоти даромад ва хароҷот аз рӯи намудҳои суғурта;
- дигар маълумотҳое, ки барои баррасии лоиҳаи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли навбатии молиявӣ заруранд.
22. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" лоиҳаи буҷети муассисаи суғуртакунандаро баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул менамояд.
Ҳамасола зимни таҳияи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаду ҳароҷот байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида барои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ муайян карда мешаванд .
Дар як вақт даромад, хароҷот ва меъёрҳои муайяншуда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатӣ" барои соли молиявии оянда иловатан инъикос ва тасдиқ мегарданд.
Дар лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта барои соли молиявии навбатӣ бояд нақшаи ташаккули қисми даромад, эҳтиёҷоти тахминӣ барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо, ҳаҷми ёрии моддии ҷудошаванда аз фонди захиравии буҷети муассисаи суғурта ба буҷетҳои зерсохторҳои худ бо тартиби муайянгардида барои буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ дар сохтори низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
23. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молиявӣ бо маводу ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи зарурӣ ва пас аз маъқул донистан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 ноябри соли ҷорӣ пешниҳод менамояд .
24. Буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ бо моддаи алоҳидаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад .
25. Лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷату маводҳо оид ба масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- баҳои иҷрои тахминии буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ:
- натиҷаҳои пешакии рушди соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар давраи гузаштаи соли равон;
- роҳҳои асосии рушди низоми соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар соли молиявӣ;
- пешгӯии баробарии молиявии буҷети муассисаи суғурта бо минтақаҳо барои соли навбатии молиявӣ;
- усулҳо ва ҳисоби асосии муайян кардани қисми даромади сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- усулҳо ва ҳисоби асосии субсидияҳои сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- усулҳо ва ҳисоби асосии робитаи дутарафаи буҷети муассисаи суғурта ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли навбатии молиявӣ;
- ҳисобии моддаҳои таснифоти даромадҳои буҷети муассисаи суғурта, фасл ва қисмҳои фасли таснифоти вазифавии хароҷотҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва касри буҷети муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- сохти қарзи муассисаи суғурта ва барномаи барҳам додани ӯ;
- баҳои талафоти буҷети муассисаи суғурта аз ворид нагардидани маблағҳо ва бақияҳо;
- номгӯи санадҳои қонунгузорие, ки амали онҳо дар соли навбатии молиявӣ бо сабаби дар буҷети муассисаи суғурта пешбинӣ нашудани маблағҳо барои татбиқи он бекор ё қатъ карда мешаванд.
26. Таъмини иҷрои буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ карда мешавад .
27. Масъулият аз болои дурустии иҷрои буҷет ба ӯҳдаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гузошта мешавад.
28. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети муассисаи суғурта ҳар семоҳа аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақа тартиб дода шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
29. Ҳисобот бояд аз маълумотҳои зерин иборат бошад:
- маълумотҳои ҳисоботӣ оид ба вазъи молиявии низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ;
- муқоисаи ҳаҷми даромад ва хароҷоти тасдиқгардида ва ҳақикӣ, касри буҷет бо шарҳи байни нишондиҳандаҳои аслӣ ва тасдиқгардида;
- тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои буҷети муассисаи суғурта дар давраи боқимонда;
30. Ҳисоботи солона оид ба иҷрои буҷети муассисаи суғурта то 15 июни соли ҷорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
31. Ҳисоботи солонаи муассисаи суғурта бояд аз маълумотҳои зерин иборат бошад:
- нишондиҳандаҳои аслии даромад, қарзҳо, грантҳо дар давоми сол;
- хароҷот тибқи таснифоти буҷетии функсионалӣ, иқтисодӣ ва соҳавӣ аз нуқтаи назари ҳаҷми тасдиқгардида ва муайяншуда ва нишондиҳандаҳои ҳақиқии буҷет;
- тавозуни суратҳисоби муассисаи суғурта дар аввал ва охири сол;
- ҳисобот оид ба дороиҳои молиявӣ ва фонди захиравӣ;
- шарҳи фарқияти асосии байни субвенсияи ҳақиқӣ ва тасдиқгардида;
- ҳисобот оид ба хаҷми қарзгирӣ, кафолатҳои қарзӣ, номгӯи қарзҳои пардохтнашуда ва дигар амалиётҳо оид ба идоракунии қарз;
- маълумоти умумии сармоягузорӣ аз рӯи андӯхти нафақавӣ;
- ҳисобот оид ба хароҷот аз ҳисоби фонди захиравии муассисаи суғурта.
32. Назорати давлатии молиявӣ ва аудити иҷрои буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад .
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 345
тасдиқ шудааст
Қоидаҳо оид ба тартиби таҳия, пешниҳод ва тасдиқи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Қоидаҳои мазкур тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ва "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" кор карда баромада шуда, тартиби таҳия, пешниҳод ва тасдиқи буҷети муассисаи суғурта, тартиб ва тасдиқи ҳисобот ва назорати иҷрои дурусти онҳоро муқаррар менамояд.
2. Мақсади асосии таҳияи буҷети муассисаи суғурта ин таъмини босамаронаи тақсимоти маблағҳои пулии (фондҳои) суғуртаи иҷтимоӣ бо дарназардошти ӯҳдадориҳои ҷамъшудаи давлат дар назди шахсони суғурташуда мебошад.
3. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- "буҷети муассисаи суғурта" - шакли ташаккул ва харҷи маблағҳо бо мақсадҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- "маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" - маблағҳое, ки дар амалан идоракунии мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ қарор доранд;
- "андӯхти нафақавӣ" - маблағҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ аз музди меҳнат (даромад) супоридашудаи шахси суғурташуда ва даромадҳо аз ҳисоби истифодабарии ин маблағҳо, ки дар фонди махсуси суратҳисоби инфиродии ӯ қайд гардидаанд;
- "мусоидати молиявӣ (субвенсия)" - маблағҳое, ки аз буҷети давлатӣ ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беподошу бебозгашт барои маблағгузории пардохтҳои ғайрисуғуртавӣ пешниҳод мегарданд;
- "раванди буҷетӣ" - меъёри батанзимдаровардашудаи ҳуқуқи фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, тасдиқ, иҷро ва инчунин назорати иҷрои он;
- "ҷуброни суғуртавӣ" - иҷрои ҳатмии ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар назди шахсони суғурташуда ҳангоми фаро расидани ҳолатҳои суғуртавӣ бо роҳи пардохтҳои иҷтимоӣ;
4. Раванди буҷетӣ аз марҳилаҳои зерин иборат аст:
- таҳияи лоиҳаи сметаҳои хароҷотҳо ва даромадҳо аз сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта;
- таҳияи лоиҳаи пешакии буҷети муассисаи суғурта дар асоси лоиҳаҳои сметаи хароҷотҳои пешниҳодшуда ва даромадҳо аз сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта;
- баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи пешакии буҷети муассисаи суғурта;
- таҳия, баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта:
- иҷрои буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта ва сохторҳои зертобеи он, ё давраҳои буҷетӣ;
- таҳия ва тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта ва сохторҳои зертобеи он.
5. Ташкили раванди буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.
6. Ба таркиби буҷети муассисаи суғурта буҷетҳои зерин дохил мешаванд:
- суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ;
- суғурта дар ҳолати бекорӣ;
7. Руйхати ҷамъбастии буҷети муассисаи суғуртаро муассисаи суғурта тартиб медиҳад.
8. Қисми даромади буҷети муассисаи суғурта аз ҳисобҳои зерин ташаккул меёбад:
- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ;
- саҳмҳои нафақавӣ;
- саҳмҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- маблағҳои буҷети давлатӣ (субвенсияҳо);
- маблағҳои товон ва дигар муҷозотҳои молиявӣ;
- даромадҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
9. Хароҷоти ҷуброни суғуртавӣ аз буҷети муассисаи суғурта танҳо дар ҳолатҳои зерин маблағгузорӣ мегардад:
- нафақаи суғуртавӣ ва меҳнатӣ;
- кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ;
- кӯмакпулӣ барои дафн;
- кӯмакпулӣ бо сабаби бекорӣ;
10. Барзиёдии даромади муассисаи суғурта нисбат ба хароҷоти он барзиёдии буҷет мебошад;
11. Барзиёдии хароҷоти буҷети муассисаи суғурта нисбат ба даромади он касри буҷет мебошад;
12. Буҷети муассисаи суғурта метавонад бо тасдиқи барзиёдӣ ва касри он таҳия карда шавад.
13. Барзиёдии буҷети муассисаи суғурта метавонад:
- дар депозит ва ё фондҳои захиравии муассисаи суғурта ҷойгир карда шавад;
- ба пӯшонидани касри буҷет дар соли навбатии молиявӣ равона гардад;
- ба индексатсияи нафақа ва кӯмакпулиҳо равона гардад.
14. Дар ҳолати қабули буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад, манбаъҳои маблағгузории касри буҷет бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори муассисаи суғурта тасдиқ карда мешаванд.
15. Ҷуброни маблағҳо аз ҷониби буҷети давлатӣ ба буҷети муассисаи суғурта аз рӯи пардохтҳои ғайрисуғуртавӣ, касри буҷети муассисаи суғурта ҳисобида намешавад.
16. Таҳияи лоиҳаи пешакии буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли молиявии навбатӣ аз баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои сметаи хароҷотҳо ва даромадҳои ин сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта пешниҳод шавад, оғоз мегардад:
- аз сохторҳои зертобеи ноҳиявии муассисаи суғурта ба раёсатҳои вилоятӣ ва раёсати шаҳри Душанбе то 20 июли соли равон;
- аз раёсатҳои вилоятӣ ва раёсати шаҳри Душанбе ба дастгоҳи марказии муассисаи суғурта то 20 августи соли равон.
17. Дар асоси лоиҳаи пешакии буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта лоиҳаи буҷети мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, ба баррасии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 августи соли равон пешниҳод карда мешавад.
18. Таҳияи лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта бо дарназардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятнок ва нави сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ мегардад.
19. Лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ бо дарназардошти баробарии ҳатмии даромаду хароҷоти буҷети мазкур аз ҷониби муассисаи суғурта таҳия карда мешавад.
20. Лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ аз ҷониби муассисаи суғурта дар асоси таснифоти буҷетӣ тибқи Низомнома оид ба таснифоти буҷети хароҷотҳо ва даромадҳои давлатӣ, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, тартиб дода мешавад.
21. Лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ ва давраи нақшавӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур пешниҳод кардан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
22. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли навбатии молиявӣ ва тавзеҳнома ба онро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 сентябри соли ҷорӣ пешниҳод менамояд.
23. Тавзеҳнома ба лоиҳаи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли навбатии молиявӣ бояд дорои маълумотҳои зерин бошад;
- самтҳои асосии муайяншудаи сиёсат дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи нафақавӣ;
- тавсифоти даромад ва хароҷот аз рӯи намудҳои суғурта;
- дигар маълумотҳое, ки барои баррасии лоиҳаи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли навбатии молиявӣ заруранд.
24. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" лоиҳаи буҷети муассисаи суғуртакунандаро баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул менамояд.
Ҳамасола зимни таҳияи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа даромаду ҳароҷот байни Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида барои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ муайян карда мешаванд.
Дар як вақт даромад, хароҷот ва меъёрҳои муайяншуда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатӣ" барои соли молиявии оянда иловатан инъикос ва тасдиқ мегарданд.
Дар лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта барои соли молиявии навбатӣ бояд нақшаи ташаккули қисми даромад, эҳтиёҷоти тахминӣ барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо, ҳаҷми ёрии моддии ҷудошаванда аз фонди захиравии буҷети муассисаи суғурта ба буҷетҳои зерсохторҳои худ бо тартиби муайянгардида барои буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ дар сохтори низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
25. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро барои соли навбатии молиявӣ бо маводу ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи зарурӣ ва пас аз маъқул донистан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 ноябри соли ҷорӣ пешниҳод менамояд.
26. Буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ бо моддаи алоҳидаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
27. Лоиҳаи буҷети муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷату маводҳо оид ба масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- баҳои иҷрои тахминии буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ:
- натиҷаҳои пешакии рушди соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар давраи гузаштаи соли равон;
- роҳҳои асосии рушди низоми соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар соли молиявӣ;
- пешгӯии баробарии молиявии буҷети муассисаи суғурта бо минтақаҳо барои соли навбатии молиявӣ;
- усулҳо ва ҳисоби асосии муайян кардани қисми даромади сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- усулҳо ва ҳисоби асосии субсидияҳои сохторҳои зертобеи муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- усулҳо ва ҳисоби асосии робитаи дутарафаи буҷети муассисаи суғурта ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли навбатии молиявӣ;
- ҳисобии моддаҳои таснифоти даромадҳои буҷети муассисаи суғурта, фасл ва қисмҳои фасли таснифоти вазифавии хароҷотҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва касри буҷети муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- сохти қарзи муассисаи суғурта ва барномаи барҳам додани ӯ;
- баҳои талафоти буҷети муассисаи суғурта аз ворид нагардидани маблағҳо ва бақияҳо;
- номгӯи санадҳои қонунгузорие, ки амали онҳо дар соли навбатии молиявӣ бо сабаби дар буҷети муассисаи суғурта пешбинӣ нашудани маблағҳо барои татбиқи он бекор ё қатъ карда мешаванд.
28. Таъмини иҷрои буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ карда мешавад.
29. Масъулият аз болои дурустии иҷрои буҷет ба ӯҳдаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гузошта мешавад.
30. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети муассисаи суғурта ҳар семоҳа аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақа тартиб дода шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
31. Ҳисобот бояд аз маълумотҳои зерин иборат бошад:
- маълумотҳои ҳисоботӣ оид ба вазъи молиявии низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ;
- муқоисаи ҳаҷми даромад ва хароҷоти тасдиқгардида ва ҳақикӣ, касри буҷет бо шарҳи байни нишондиҳандаҳои аслӣ ва тасдиқгардида;
- тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои буҷети муассисаи суғурта дар давраи боқимонда;
32. Ҳисоботи солона оид ба иҷрои буҷети муассисаи суғурта то 15 июни соли ҷорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
33. Ҳисоботи солонаи муассисаи суғурта бояд аз маълумотҳои зерин иборат бошад:
- нишондиҳандаҳои аслии даромад, қарзҳо, грантҳо дар давоми сол;
- хароҷот тибқи таснифоти буҷетии функсионалӣ, иқтисодӣ ва соҳавӣ аз нуқтаи назари ҳаҷми тасдиқгардида ва муайяншуда ва нишондиҳандаҳои ҳақиқии буҷет;
- тавозуни суратҳисоби муассисаи суғурта дар аввал ва охири сол;
- ҳисобот оид ба дороиҳои молиявӣ ва фонди захиравӣ;
- шарҳи фарқияти асосии байни субвенсияи ҳақиқӣ ва тасдиқгардида;
- ҳисобот оид ба хаҷми қарзгирӣ, кафолатҳои қарзӣ, номгӯи қарзҳои пардохтнашуда ва дигар амалиётҳо оид ба идоракунии қарз;
- маълумоти умумии сармоягузорӣ аз рӯи андӯхти нафақавӣ;
- ҳисобот оид ба хароҷот аз ҳисоби фонди захиравии муассисаи суғурта.
34. Назорати давлатии молиявӣ ва аудити иҷрои буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.