Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 344 "Дар бораи Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" бо мақсади ташкили баҳисобгирӣ, таъмин, нигоҳдорӣ ва тартиби истифодабарии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз рӯзи интишор мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 августи соли 2013, № 344

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Правилах организации архивов документов персонифицированного учёта и уничтожения первичных документов персонифицированного учета

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О персонифицированном учёте в системе обязательного пенсионного страхования" в целях организации учета, обеспечения, сохранности и порядка использования первичных документов персонифицированного учета в системе обязательного пенсионного страхования Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Правила организации архивов документов персонифицированного учёта и уничтожения первичных документов персонифицированного учета в системе обязательного пенсионного страхования Республики Таджикистан (прилагается).

2. Правила организации архивов документов персонифицированного учёта и уничтожения первичных документов персонифицированного учета в системе обязательного пенсионного страхования Республики Таджикистан ввести в действие со дня опубликования.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 3 августа 2013 года, № 344