Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013 - 2028
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ ва мактабҳои таҳсилоти олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028-ро таъмин намоянд.
3. Назорати иҷрои Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028 ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
4. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Консепсияи мазкур ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2013, № 288
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Национальной целевой научно-исследовательской концепции по вопросам развития человека, дальнейшего обеспечения демократических принципов и развития гражданского общества на 2013-2028 годы
В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Национальную целевую научно-исследовательскую концепцию по вопросам развития человека, дальнейшего обеспечения демократических принципов и развития гражданского общества на 2013-2028 годы (прилагается).
2. Министерствам и ведомствам, Академии наук Республики Таджикистан, отраслевым академиям наук и высшим учебным заведениям, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов Республики Таджикистан обеспечить выполнение Национальной целевой научно-исследовательской концепции по вопросам развития человека, дальнейшего обеспечения демократических принципов и развития гражданского общества на 2013-2028 годы.
3. Контроль за ходом выполнения Национальной целевой научно-исследовательской концепции по вопросам развития человека, дальнейшего обеспечения демократических принципов и развития гражданского общества на 2013-2028 годы возложить на Академию наук Республики Таджикистан.
4. Академии наук Республики Таджикистан ежегодно представлять подробную информацию в Правительство Республики Таджикистан о ходе выполнения настоящей Концепции.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 июля 2013 года, № 288