бо фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2024 № 14-Ф аз эътибор соқит дониста шуд
Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 декабри соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Рақами бақайдгирӣ 219 "а"
КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ф А Р М О И Ш
Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал "Дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози ягона"
Мутобиқи муқаррароти қисми 4 моддаи 305 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:
1. Дастурамал "Дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози ягона" бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Дастурамали мазкур бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Раёсати молиявию хоҷагидорӣ барои дар рӯзномаҳои "Боҷу хироҷ" ва "Ҷумҳурият" нашр намудани Дастурамали мазкур, инчунин ба мақомоти ҳудудии андоз ва андозсупорандагон дастрас намудани он чораҷӯӣ намояд.
4. Фармоиши мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ аз санаи 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
5. Фармони Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.01.2003, №12 "Дар бораи тасдиқ ва мавриди амал қарор додани Дастурамал "Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохти андози ягона барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.01.2003, №84 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва Фармоиши Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2006, №178-ф "Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал "Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохт намудани андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.07.2006, №219 бақайд гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шаванд.
6. Назорати иҷрои Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раис Юсупов П.С. вогузор карда шавад.
аз 7 декабри соли 2012 №13-ф
НАЛОГОВЫЙ КОМИТЕТ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Р А С П О Р Я Ж Е Н И Е
Об утверждении Инструкции "По исчислению и уплате единого налога"
В соответствии с частью 4 статьи 305 Налогового кодекса Республики Таджикистан,
Р А С П О Р Я Ж А Ю С Ь:
1. Утвердить Инструкцию "По исчислению и уплате единого налога" на государственном и русском языках (прилагается).
2. Настоящую Инструкцию согласовать с Министерством финансов Республики Таджикистан и представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.
3. Финансово - хозяйственному управлению опубликовать данную Инструкцию в газетах "Боджу хиродж" и "Джумхурият", а также принять меры по доведению настоящей Инструкции до территориальных налоговых органов и налогоплательщиков.
4. Настоящее Распоряжение вступает в силу после государственной регистрации и официального опубликования с 1 января 2013 года.
5. Признать утратившим силу Приказ Министра по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан от 17.01.2003 за №12 "Об утверждении и введении в действие Инструкции " О порядке исчисления и уплаты единого налога для дехканских (фермерских) хозяйств", зарегистрированной в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 22.01.2003 за №84 и Распоряжение Министра по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан от 30.06.2006 за №178-ф "Об утверждении Инструкции " О порядке исчисления и уплаты единого налога для производителей сельскохозяйственной продукции", зарегистрированной в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 12.07.2006 за №219.
6. Контроль над исполнением настоящего Распоряжения возложить на заместителя Председателя Юсупова П.С.
от 7 декабря 2012 года, №13-ф
г. Душанбе