Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 августи соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд,
рақамҳои бақайдгирӣ 657
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ХУҶАНД (ДАЪВАТИ IV)
Қ А Р О Р
Дар бораи муқаррар намудани меъёри андозҳо ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳр
(бо тағйиру иловаҳо аз 16.04.2012с.№ 137 ва аз 13.07.2012 №149)
Мутобиқи моддаҳои 8 - 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", дар асоси моддаҳои 6 ва 324 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо назардошти таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд қарор мекунад:
1. Меъёри андоз аз молу мулки ғайриманқул дар ҳудуди шаҳр барои:
- молу мулки ғайриманқуле, ки ба сифати биноҳои истиқоматӣ истифода мешаванд ба андозаи 15 каратаи меъёри андози замин;
- молу мулки ғайриманқуле, ки барои амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифода мешаванд, ба андозаи 60 каратаи меъёри андози замин;
- молу мулки ғайриманқуле, ки барои дигар мақсадҳо истифода мешаванд ба андозаи 40 каратаи меъёри андози замин;
- аз рӯи молу мулки ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳатӣ ҷойгир мебошанд, меъёри андоз аз молу мулки ғайриманқул аз рӯи биноҳои истиқоматӣ ба андозаи 20 карата, аз рӯи молу мулки ғайриманқул барои ташкили фаъолияти тиҷоратӣ, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба андозаи 250 карата, аз рӯи молу мулки ғайриманқули барои дигар мақсадҳо истифодашаванда ба андозаи 100 каратаи меъёри андози замин, муқаррар карда шавад.
Бо андози мазкур молу мулки ғайриманқуле, ки моликияти (дар баланси) ташкилоти буҷетӣ ё корхонаҳои на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкилдиҳанда буда, ин ташкилоти буҷетӣ (ин корхонаҳо) мустақиман барои иҷрои вазифаҳои оинномавиаш истифода мебарад ва ба иҷора ё истифодаи шахси дигар дода нашудааст (ба истиснои иҷора ё ба истифода додан ба ташкилоти буҷетӣ), молу мулки ғайриманқул дар намуди хонаи истиқоматӣ ва дигар биною иморат ва иншоот дар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ё як қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷой дошта ва ё як ҳуҷра, ки дар онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчун як бӯстонсарой ва як гараҷ, ки моликияти шахсони зикргардида ба ҳисоб меравад, андозбандӣ намегарданд.
2. Меъёри андоз аз фурӯши чакана дар ҳудуди шаҳр дар ҳаҷми 3 фоизи нархҳои озод (бозорӣ) мутобиқи талаботи моддаи 340 Кодекси андози Чумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
3. Барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии корхонаю муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди мавриди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди шаҳр андозаҳои зайл муқаррар карда шавад:
а) ҷойгир кардани рекламаи масоҳаташ то 8 метри мураббаъ:
- барои аризадиҳандагони дохилӣ 100 сомонӣ;
- барои аризадиҳандагони хориҷӣ 300 сомонӣ;
б) ҷойгир кардани рекламаи масоҳаташ аз 8 то 16 метри мураббаъ:
- барои аризадиҳандагони дохилӣ 200 сомонӣ;
- барои аризадиҳандагони хориҷӣ 600 сомонӣ;
в) ҷойгир кардани рекламаи масоҳаташ аз 16 то 24 метри мураббаъ:
- барои аризадиҳандагони дохилӣ 300 сомонӣ;
- барои аризадиҳандагони хориҷӣ 700 сомонӣ.
Муқаррар карда шавад, ки андозаи пардохт дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи пардохт ва мӯҳлати воқеии ҷойгиршавии объектҳои реклама мувофиқи дархост барои иҷозатномагирӣ барои ҳар як моҳи тақвимии оғозёфта муайян карда мешавад.
Дар ҳудуди шаҳр рекламаи иҷтимоӣ аз пардохти маҳаллӣ озод карда шавад.
4. Меъёрҳои андоз вобаста ба намуди воситаҳои нақлиёт тафриқа шудаанд ва дар як сол ҳаҷмҳои зеринро ташкил медиҳанд (ба ҳисоби 1 қувваи аспи иқтидори муҳаррик):
- мототсикл ва мотороллерҳо 2,5 фоиз;
- автомобилҳои сабукрав 5 фоиз;
- автобусҳо (12 ҷой) 6,25 фоиз;
- автобусҳо (барои 13 то 30 ҷой) 7,5 фоиз;
- автобусҳо (зиёда аз 30 ҷой) 8,75 фоиз;
- автомобилҳои боркаш ва дигар воситаҳои борбардориашон то 10 тонна 10 фоиз;
- автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон аз 10 то 20 тонна) 11,25 фоиз;
- автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон аз 20 то 40 тонна) 12,5 фоиз;
- автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон зиёда аз 40 тонна) 13,75 фоиз. (андоз бо фоиз нисбати нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи супоридани андоз амал мекунад).
5. Аз андозбандӣ озод мебошанд:
- мошинҳо ва механизмҳои тасмачарх;
- комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ;
- автобусҳо ва тролейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонӣ дар шаҳр истифода мебаранд;
- мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуқдошта.
- як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амаликунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мебошанд.
6. Нозироти андози шаҳр назоратро аз болои супорандагони андоз аз фурӯши чакана оиди таъмин бо мошинаҳои назоратӣ хазинавии дорои хотираи фискалӣ пурзӯр намояд.
7. хориҷ шуд.
8. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва нозироти андоз дар шаҳр супорида шавад, ки:
- ҷойгиркунии рекламаҳои беруниро мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006, № 214 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард бо қарори мазкур дар ҳудуди шаҳр дар иртибот бо сохторҳои марбутаи маҳаллӣ таъмин намояд";
-ситонидани андозҳои тибқи қарори мазкур муқарраргардидаро нисбати ҷойгиронии рекламаҳои берунӣ ба роҳ монанд;
- фаъолияти субъектҳои бо паҳнкунии рекламаро, ки дар шаҳр фаъолият доранд дар хусуси мавҷудияти ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва паҳнкунии реклама дар ҳудуди шаҳр мавриди таҳлили амиқ қарор дода, раванди иҷозатномадиҳиро тибқи муқаррароти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;
- қарори мазкурро тибқи талаботи муқарарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ, санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намоянд;
- интишори расмии қарори мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.
9. Қарори мазкур баъди бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет гузошта шавад.
Раиси Иҷлосия: Р. Каримхоҷаева
аз 22 декабри соли 2011 № 106 ш. Хуҷанд
МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА ХУДЖАНДА (IV СОЗЫВА)
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об установлении ставки местных налогов на территории города
В соответствии с статьями 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти" на основании статей 6 и 324 Налогового Кодекса Республики Таджикистан, статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", статей 79-82 Закона Республики Таджикистан "О других обязательных платежах в бюджет" и с учетом предложения постоянной комиссии городского Маджлиса народных депутатов по вопросам реформы и бюджета Маджлис народных депутатов города Худжанда постановляет:
1. Ставку налога на недвижимое имущество на территории города установить для:
- недвижимого имущества, используемого в качестве жилых зданий в 15 размере от ставки земельного налога;
- имущества, используемого для осуществления предпринимательской деятельности, организации пунктов общественного питания и бытового обслуживания населения в 60 кратном размере ставки земельного налога:
- недвижимого имущества, используемого в иных целях в 40 кратном размере земельного налога;
- по имуществу, расположенного в зоне развития туризма и отдыха, ставка налога на недвижимое имущество по жилым зданиям в 20 кратном размере, по недвижимому имуществу, используемого для осуществления предпринимательской деятельности, организации пунктов общественного питания и бытового обслуживания населения в 250 кратном размере, по недвижимому имуществу, используемого в других целях в 100 кратном размере от земельного налога.
Упомянутым налогом не облагаются недвижимое имущество (находящееся на балансе) бюджетной организации или предприятия, число работников которых составляют инвалиды и бюджетные средства упомянутых предприятий используются непосредственно для уставных целей и не сдано в аренду или использование другого лица (за исключением сдачи аренды или в использование бюджетной организации), имущество в виде жилого дома, других зданий и сооружений, находящихся на одном приусадебном участке или на одном земельном участке для постройки жилья, либо комнаты в которых зарегистрированы Герои Советского Союза, Герои Социалистического Труда, Герои Таджикистана, кавалеры Ордена Славы всех степеней, участники Великой Отечественной Война 1941-1945 года, лица приравненные к ним, участники других военных действий по охране СССР, в том числе военнослужащие прошедшие службу в военных частях, штабах и учреждениях в составе действующей армии, бывшие партизаны и воины-интернационалисты, инвалиды 1 и 2 группы, участники ликвидации последствий Чернобыльской атомной станции, а также одна дача и один гараж, находящиеся в их собственности.
2. Ставка налога на розничную торговлю на территории города на 2012 год определена в объеме 3% свободных цен в соответствии с требованиями статьи 340 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
3. Ставка обязательных платежей в городской бюджет:
- за наружную рекламу предприятий и учреждений, индивидуальных предпринимателей и других хозяйствующих субъектов на поворотах автомобильных дорог общего пользования и населенных микрорайонов установить в следующих размерах:
- расположение рекламы в размере до 8 кв.м.
а) для местных заявителей , 100 сомони;
б) для иностранных заявителей - 300 сомони
- расположение рекламы размеров от 8 до 16 кв.м.
а) для местных заявителей , 200 сомони;
б) для иностранных заявителей , 600 сомони
- расположение рекламы размером от 16 до 24 метров
а) для местных заявителей , 300 сомони
б) для иностранных заявителей - 700 сомони,
- размер выплат на основании установленных ставок и сроки нахождения рекламных объектов устанавливаются согласно заявке для получения разрешения на каждый начавшийся календарный месяц.
Льготы для субъектов, с которых взимается налог на рекламу, устанавливаются в следующем порядке:
- на территории города социальная реклама освобождается от местных платежей.
4. Налоговой инспекции города усилить контроль за обеспечением налогоплательщиков от розничной торговли аппаратами кассового контроля обладающих фискальной памятью.
5. Данным решением утвердить инструкцию по расчету и уплате местных налогов на территории города Худжанда.
6. Местным органам исполнительной власти города Худжанда и городской налоговой инспекции поручить:
- обеспечить вывеску наружной рекламы в соответствии с Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 мая 2006 года № 214 "Об утверждении правил использования придорожных территорий автомобильных дорог" настоящим решением на территории города в согласовании с местными соответствующими структурами;
- осуществить взыскание установленных настоящим решением налогов с наружной рекламы;
-подвергнуть глубокому анализу деятельность субъектов, занятых распространением рекламы на территории города в отношении наличия лицензий на распространение рекламы на территории города, обеспечить процесс выдачи лицензий в соответствии с действующими нормативно-правовыми актами Республики Таджикистан;
- согласно требованиям Постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2006 года № 359 "О едином общеправовом классификаторе Республики Таджикистан и централизированном источнике правовой информации" настоящее решение направить для проверки и регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан;
- обеспечить отражение настоящего решения посредством местных СМИ;
7. Контроль за исполнением настоящего решением возложить на постоянную комиссию по вопросам реформ и бюджета.
Председатель собрания : Р.Каримходжаева
г. Худжанд,
от 22 декабря 2011 года, № 106