Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 июни соли 2012 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 238 "е"
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 25 апрели соли 2012, №77
тасдиқ шудааст
Дастурамали №194
"Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва ӯҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд"
Дастурамал "Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои ба онҳо монанд" (минбаъд-Дастурамал) тибқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" таҳия шуда, тартиби ташкил намудани захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои ба онҳо монанд (амонатҳои пулӣ) (минбаъд - захираҳои ҳатмӣ)-ро, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, муқаррар менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1. Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосии амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурҳои пулӣ истифода мешавад, ифода мекунанд. Талабот оид ба захираҳои ҳатмӣ бо мақсади маҳдуд гардонидани имкониятҳои қарздиҳии ташкилотҳои қарзӣ ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот муқаррар карда мешавад.
2. Уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ барои иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ, аз рӯзи ба даст овардани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, ба вуҷуд меоянд. Дар сурати боздоштани иҷрои баъзе амалиёти пешбиникардаи иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ, уҳдадориҳои мазкур дар давраи ҳисоботӣ қатъ намегарданд.
3. Ташкилотҳои қарзӣ бо роҳи интиқоли маблағ ба суратҳисобҳои дахлдор, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамин мақсад кушода шудаанд, захираҳои ҳатмӣ ташкил медиҳанд.
4. Ташкилотҳои қарзӣ барои муайян кардани андозаи захираҳои ҳатмӣ ҳуҷҷатҳои зеринро дар муҳлате, ки барои пешниҳод намудани ҳисобот муқаррар шудааст, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд:
- нусхаи тавозун дар давраи ҳисоботӣ (моҳона, даҳрӯза);
- маълумоти даҳрӯза дар бораи бақияи суратҳисобҳо барои ҳисобкунии захираҳои ҳатмӣ (Замимаи №1);
- маълумот дар бораи иҷрои меъёри захираҳои ҳатмӣ (Замимаи №2).
5. Аз рӯи маблағҳои пулӣ, ки барои иҷро намудани талаботи захираҳои ҳатмӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, фоиз ҳисоб карда намешавад.
Боби 2. Тартиби ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ
6. Барои муайян кардани маблағи захираҳои ҳатмӣ, пойгоҳи пулӣ ҳисоб карда мешавад, ки ба таркиби он бақияҳои суратҳисобҳои тавозунии 20202, 20204, 20206, 20208, 20212, 20214, 20216, 20218, 20220, 20222, 20226, 20228, 20230, 20232 дохил карда мешаванд.
7. Пойгоҳи пулӣ ҳамчун маблағи миёнаи хронологӣ аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ки дар ин ҷо Р - андозаи пойгоҳи пулӣ дар давраи ҳисоботӣ; Д1, Д2, Д3 ва Д4 - андозаи пойгоҳи пулӣ мувофиқан ба рӯзи якум, ёздаҳум, бисту якуми моҳи ҳисоботӣ ва рӯзи якуми баъди ҳисоботдиҳӣ
8. Ташкилоти қарзӣ метавонад бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон маблағи захираҳои ҳатмиро бо асъори хориҷӣ тибқи тартиби дар Дастурамали мазкур муқарраршуда, мувофиқан ба пойгоҳи пулӣ бо асъори хориҷӣ, ташаккул диҳад.
9. Ташкил намудани андозаи захираҳои ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳар моҳ, дар рӯзи якуми баъди давраи ҳисоботӣ бо роҳи муқоисаи миқдори маблағҳои воқеан захира кардашуда ва маблағҳое, ки бояд захира карда шаванд, амалӣ карда мешавад.
10. Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи ташкилоти қарзиро бо андозаи маблағҳои воқеан захирашуда муқоиса мекунад ва дар сурати мувофиқ будани онҳо, талабот иҷрошуда дониста мешавад.
11. Дар сурати норасоии маблағҳо ташкилоти қарзӣ дар давоми ду рӯзи корӣ баъди пешниҳоди ҳисобот маблағҳои иловагии пулиро пурра ба суратҳисобҳои дахлдори дар Бонки миллии Тоҷикистон амалкунанда интиқол медиҳад:
- 20406 "Захираҳои ҳатмии бонкҳои маҳаллӣ бо пули миллӣ;
- 20606 "Захираҳои ҳатмии бонкҳои маҳаллӣ бо асъори хориҷӣ"
- 20806 "Захираҳои ҳатмии бонкҳои хориҷӣ бо пули миллӣ";
- 22206 "Захираҳои ҳатмии бонкҳои хориҷӣ бо асъори хориҷӣ".
12. Дар ҳолати барзиёдии маблағи захираҳои ҳатмӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду рӯзи корӣ маблағи зиёд воридшударо ба суратҳисобҳои муросилотии ташкилоти қарзӣ бармегардонад:
- 20402 "Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои маҳаллӣ бо пули миллӣ";
- 20602 "Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои маҳаллӣ бо асъори хориҷӣ";
- 20802 "Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои хориҷӣ бо пули миллӣ";
- 22202 "Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои хориҷӣ бо асъори хориҷӣ".
13. Барои ташкилотҳои қарзие, ки тавозуни ҳаррӯзаро пешниҳод менамоянд, ба сифати давраи ҳисоботӣ даҳрӯза қабул карда мешавад ва пойгоҳи пулӣ аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
X1 + X2 + ... X n
Р = __________________,
N
ки дар ин ҷо Р " андозаи пойгоҳи пулӣ дар давраи ҳисоботӣ;
X1 -- рӯзи якум, X2 -- рӯзи дуюм ва XN -- рӯзи охирини давраи ҳисоботӣ;
N __ шумораи рӯзҳо.
Боби 3. Назорати иҷро намудани талаботи захираҳои ҳатмӣ
14. Санҷиши ташкили дурусти захираҳои ҳатмӣ аз тарафи воҳиди дахлдори сохтори Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.
15. Дар сурати иҷро нагардидани талабот оид ба сари вақт ва пурра интиқол додани захираҳои ҳатмӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" пешбинишударо истифода намояд.
Боби 4. Иҷрои талаботҳо аз рӯи захираҳои ҳатмӣ ҳангоми кам шудани пойгоҳи пулӣ ё қатъи фаъолияти ташкилоти қарзӣ
16. Дар ҳолати якбора кам шудани ҳаҷми маблағҳои ҷалбшуда ба андозаи бештар аз меъёри захираҳои ҳатмии муқарраркардаи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, яъне аз маблағи асъори тавозуне, ки дар таърихи ҳисоботӣ таҳия шудааст, ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ дорад бо дархост оид ба тасҳеҳ намудани захираҳои ҳатмӣ бо роҳи баргардонидани маблағи зарурӣ дар таърихи 11, 21 ва 30-уми моҳ, ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
17. Ҳангоми барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ баъди аз ҷониби саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзӣ тасдиқ гардидани тавозуни барҳамдиҳии фосилавӣ ва мувофиқа намудани он бо Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи захираҳои ҳатмӣ ба суратҳисобҳои муросилотии зерин интиқол дода мешавад:
- "20402" - Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои маҳаллӣ бо пули миллӣ;
- "20802" - Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои хориҷӣ бо пули миллӣ;
- "20602" - Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои маҳаллӣ бо асъори хориҷӣ;
- "22202" - Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои хориҷӣ бо асъори хориҷӣ.
Боби 5. Тартиби ҳисобдории захираҳои ҳатмӣ
18. Маблағҳои захираҳои ҳатмӣ дар ҳисобҳои тавозунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи бандҳои 11 ва 12 Дастурамали мазкур ба ҳисоб гирифта мешаванд.
19. Тартиби ҳисобгирии интиқолҳо ҳангоми ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ ба таври зерин анҷом дода мешавад:
1) ҳангоми интиқоли захираҳои ҳатмӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон:
- дар ташкилоти қарзӣ, ҳангоми ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ:
+-----+----------------------------------------+---------+-----------ҷ
| № | Номи суратҳисоб | Дебет | Кредит |
+-----+----------------------------------------+---------+-----------+
|10309| Барои гирифтан аз Бонки миллии | X | |
| | Тоҷикистон - захираҳои ҳатмӣ - | | |
| | пули миллӣ | | |

|10301| Барои гирифтан аз Бонки миллии | | X |
| | Тоҷикистон ҳисоби ҷорӣ- пули миллӣ | | |

-дар ташкилоти қарзӣ, ҳангоми ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ:

|10311| Барои гирифтан аз Бонки миллии | X | |

| | асъори хориҷӣ | | |

|10305| Барои гирифтан аз Бонки миллии | | X |
| | Тоҷикистон ҳисоби ҷорӣ - асъори хориҷӣ | | |

- дар Бонки миллии Тоҷикистон, ҳангоми ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ:

|20402| Суратҳисоби муросилотии Вострои | X | |
| | бонкҳои маҳаллӣ бо пули миллӣ | | |
| | | | |
|20802| Суратҳисоби муросилотии Вострои | | |
| | бонкҳои хориҷӣ бо пули миллӣ | | |

|20406| Захираҳои ҳатмии бонкҳои маҳаллӣ бо | | X |
| | пули миллӣ | | |
| | | | |
|20806| Захираҳои ҳатмии бонкҳои хориҷӣ бо | | |

-дар Бонки миллии Тоҷикистон, ҳангоми ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ:

|20602| Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои| X | |
| | маҳаллӣ бо асъори хориҷӣ | | |
| | | | |
|22202| Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои| | |
| | хориҷӣ бо асъори хориҷӣ | | |

|20606| Захираҳои ҳатмии бонкҳои маҳаллӣ бо | | X |
| | асъори хориҷӣ | | |
| | | | |
|22206| Захираҳои ҳатмии бонкҳои хориҷӣ бо | | |

2) ҳангоми ба ташкилоти қарзӣ баргардонидани бешомади маблағи интиқол гардидаи захираҳои ҳатмӣ:
- дар Бонки миллии Тоҷикистон, ҳангоми баргардонидани захираҳои ҳатмии бо пули миллӣ ташкилгардида:

+-----+-------Т---Т----------Т-----Т-----------+---------+-----------+
|20406| Захираҳои ҳатмии бонкҳои маҳаллӣ бо | X | |

|20402| Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои| | X |
| | маҳаллӣ бо пули миллӣ | | |
| | | | |
|20802| Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои| | |
| | хориҷӣ бо пули миллӣ | | |

- дар Бонки миллии Тоҷикистон, ҳангоми баргардонидани захираҳои ҳатмии бо асъори хориҷӣ ташкилгардида:

+-----+----------------------------Т-----------+---------+-----------+
|20606| Захираҳои ҳатмии бонкҳои маҳаллӣ бо | X | |

|20602| Суратҳисоби муросилотии Вострои бонкҳои| | X |

-дар ташкилоти қарзӣ, ҳангоми баргардонидани захираҳои ҳатмии бо пули миллӣ ташкилгардида:

|10301| Барои гирифтан аз Бонки миллии | X | |
| | Тоҷикистон ҳисоби ҷорӣ - пули миллӣ | | |

|10309| Барои гирифтан аз Бонки миллии | | X |
| | Тоҷикистон - захираҳои ҳатмӣ - пули | | |
| | миллӣ | | |

- дар ташкилоти қарзӣ, ҳангоми баргардонидани захираҳои ҳатмии бо асъори хориҷӣ ташкилгардида:

|10305| Барои гирифтан аз Бонки миллии | X | |

|10311| Барои гирифтан аз Бонки миллии | | X |
| | Тоҷикистон - захираҳои ҳатмӣ - асъори | | |
| | хориҷӣ | | |

20. Агар ташкилоти қарзӣ якчанд филиал дошта бошад, он гоҳ вай аввал ташкил намудани захираҳои ҳатмиро бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи банди 19 Дастурамали мазкур ба анҷом мерасонад ва баъд бо филиали (филиалҳои) худ мувофиқи ҳиссаи пасандозҳо ва амонатҳои пулӣ ҷалбкардаи ҳар як филиал ҳиссаи захираҳои ҳатмии онҳоро муайян намуда, интиқолияҳои зерини иловагиро дар тавозуни саридораи ташкилоти қарзӣ анҷом медиҳад:
- дар ҳолати аз филиали ташкилоти қарзӣ ба саридораи ташкилоти қарзӣ интиқол додани ҳиссаи захираҳои ҳатмӣ:

|15701| Барои гирифтан аз саридора/филиалҳо - | X | |
| | пули миллӣ | | |
| | | | |
|26202| Ҳисобҳои дигар барои пардохт - пули | | Х |

|15703| Барои гирифтан аз саридора/филиалҳо - | Х | |
| | асъори хориҷӣ | | |
| | | | |
|26204| Ҳисобҳои дигар барои пардохт - | | X |

- дар ҳолати аз саридораи ташкилоти қарзӣ ба филиали ташкилоти қарзӣ баргардонидани ҳиссаи захираҳои ҳатмӣ:

|26202| Ҳисобҳои дигар барои пардохт - | Х | |
| | пули миллӣ | | |
| | | | |
|15701| Барои гирифтан аз саридора/филиалҳо - | | X |

|26204| Ҳисобҳои дигар барои пардохт - | X | |
| | асъори хориҷӣ | | |
| | | | |
|15703| Барои гирифтан аз саридора/филиалҳо - | | Х |

21. Шуъбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқати бақияҳои маблағҳои пулиро аз рӯи ҳисобгирии захираҳои ҳатмии суратҳисобҳои тавозунии №10309, №10311, №20406, №20606, №20806 ва №22206 назорат менамоянд. Дар ташкилотҳои қарзие, ки филиалҳо доранд, назорат аз рӯи тавозуни маҷмӯии ташкилоти қарзӣ амалӣ мегардад.
Замимаҳои 1-2 дар нусхаи аслӣ оварда шудаанд