Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2012, № 76 "Оид ба тасдиқи Дастурамали №193 "Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 майи соли 2012 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 695

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба тасдиқи Дастурамали №193 "Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи қисми 2 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва қисми 2 моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастурамали №193 "Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2001 таҳти №62 "Оид ба тасдиқи Дастурамали №112 "Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2001 таҳти №23 ба қайд гирифта шудааст ва аз 14 феврали соли 2012 таҳти №39 "Оид ба тасдиқ кардани Дастурамали №193 "Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.

5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 Қарори мазкур ба зиммаи Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Холиқзода гузошта шавад.

Раиси Раёсат                                    А.Ширинов

аз 25 апрели 2012 № 76 ш. Душанбе

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

Об утверждении Инструкции № 193 "О безналичных расчетах в Республике Таджикистан"

В соответствии с частью 2 статьи 32 Закона Республики Таджикистан "О Национальном банке Таджикистана" и частью 2 статьи 39 Закона Республики Таджикистан "О банковской деятельности", Правление Национального банка Таджикистана

ПОСТАНОВЛЯЕТ:

1. Утвердить Инструкцию №193 "О безналичных расчетах в Республике Таджикистан" (прилагается).

2. Настоящее Постановление представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

3. Настоящее Постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Постановления Правления Национального банка Таджикистана № 62 от 1 марта 2001 года, "Об утверждении Инструкции № 112 "О безналичных расчетах в Республике Таджикистан" зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан за № 23 от 1 августа 2001 года и № 39 от 14 февраля 2012 года "Об утверждении Инструкции №193 "О безналичных расчетах в Республике Таджикистан" считать недействительными.

5. Исполнение пунктов 2 и 3 настоящего Постановления возложить на Департамент платежных систем (Машрабов Х.М.), Юридическое управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-службу (Курбонов А.М.).

6. Контроль за выполнением данного Постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана М. Холикзода

Председатель Правления                            А. Ширинов

от 25 апреля 2012 года, № 76

 г. Душанбе