Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 майи соли 2012 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 684
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 29 марти 2012 с.,№ 72
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ
Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ (минбаъд Қоидаҳо) тибқи банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 №230 тасдиқ гардидааст, таҳия шуда, тартиби гузаронидани аттестатсияи аудиторонро барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ муқаррар менамояд.
1. Муқаррароти умумӣ
1. Аудитори бонкӣ шахси воқеиест, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавоб дода, шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ дорад.
2. Аттестатсияи довталабон ба сифати аудиторони бонкӣ бо мақсади муайян намудани сатҳи донишу малакаи онҳо дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва фаъолияти аудиторӣ тавассути сӯҳбат, саволу ҷавоб ё санҷиши тестӣ гузаронида мешавад.
3. Аттестатсия аз ҷониби Комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) гузаронида мешавад.
4. Комиссияи тахассусӣ бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
2. Тартиби гирифтани шаҳодатнома
5. Барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии аудитори бонкӣ довталабон ба Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи дипломи таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ вобаста ба ҷиноятҳои қасдона ё хусусияти коррупсионидошта.
6. Довталабон бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯ бошанд:
- доштани таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- доштани собиқаи кории на камтар аз ду сола ба сифати аудитори аудити умумӣ.
3. Тартиби гузаронидани аттестатсия
7. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ як маротиба дар як моҳ гузаронида шуда, ҳангоми иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор мебошанд.
8. Дар бораи ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ довталабон қаблан на дертар аз даҳ рӯзи баргузории он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд.
9. Ба ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ метавонад роҳбари ташкилоти аудиторӣ даъват шавад.
10. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи тахассусӣ ва ҳангоми набудани ӯ, таҳти роҳбарии муовини ӯ гузаронида мешавад.
11. Қарорҳои Комиссияи тахассусӣ бо аксарияти овозҳои аъзои он, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ ҳалкунанда ҳисобида мешавад.
12. Баъди гузаштани аттестатсия тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба довталабон Шаҳодатномаи тахассусии аудитори бонкӣ дода мешавад (замима мегардад).
13. Шаҳодатномаи тахассусии аудитори бонкӣ дар шакли муқарраршуда бояд на дертар аз 15 рӯз аз рӯзи қабули қарори додани он дода шавад.
14. Ба ивази шаҳодатномаи тахассусии гумшуда (гумкарда) бо аризаи аудитор нусхаи (дубликати) онро додан мумкин аст.
15. Довталабоне, ки аз аттестатсия нагузаштаанд, баъди се моҳ метавонанд такроран дар аттестатсия иштирок намоянд.
16. Бонки миллии Тоҷикистон Феҳристи шаҳодатномаҳои додашудаи тахассусии аудиторҳои бонкиро пеш мебарад, ки дар он ному насаб, маълумоти шиносномавӣ ва ҷои истиқомати аудитор, рӯзи додан ва рақами шаҳодатномаи тахассусӣ сабт карда мешаванд.
Замима ба
Қоидаҳои гузаронидани
аттестатсия барои ҳуқуқи
анҷом додани аудити бонкҳо
ва дигар ташкилотҳои қарзӣ
Шаҳодатномаи тахассусии аудитори бонкӣ
№_____ аз "____" "________" соли 201_
Шаҳодатномаи мазкур ба ________________________________________ дар асоси
(ному насаб)
Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз "___" ______ соли 201___ бемӯҳлат дода шудааст.
Раиси Бонки
миллии Тоҷикистон