Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 майи соли 2012 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 684
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ
Мутобиқи банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №230 тасдиқ шудааст ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2011, №245 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 Қарори мазкур ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.
аз 29 марти соли 2012 № 72 ш. Душанбе
ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА
Об утверждении Правила проведения аттестации на право осуществления аудита банков и других кредитных организаций
В соответствии с пунктом 4 Правил проведения аттестации на право осуществления аудиторской деятельности, утвержденных Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года №230 и статьи 77 Закона Республики Таджикистан "О Национальном банке Таджикистана", Правление Национального банка Таджикистана
П О С Т А Н О В Л Я Е Т:
1. Утвердить Правила проведения аттестации на право осуществления аудита банков и других кредитных организаций (прилагается).
2. Настоящее Постановление представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.
3. Настоящее Постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
4. Постановления Правления Национального банка Таджикистана от 23 декабря 2011 года, №245 ,Об утверждении Правила проведения аттестации на право осуществления аудита банков и других кредитных организаций" считать утратившим силу.
5. Исполнение пунктов 2 и 3 настоящего Постановления возложить на Департамент банковского надзора (Давлатов И.Х), Правовое Управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-центр (Курбонов А.М.).
6. Контроль за исполнением настоящего Постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Неъматов А.Х.
Председатель Правления А. Ширинов
г. Душанбе,
от 29 марта 2012 года, № 72
*Зарегистрировано Мин.юст.РТ от 02.05.2012г. №684