Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Данғара"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Данғара" дар заминаи Филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис дода шавад.
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии мазкурро бо стандартҳои давлатӣ ва нақшаю барномаҳои таълимии дахлдор таъмин намояд.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистои дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯёнро ба Донишгоҳи давлатии Данғара барои соли таҳсили 2013-2014 ва солҳои минбаъда муқаррар намояд.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул ва супоридани бино ва амволи Филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара комиссия таъсис дода, қабул ва супоридани бино ва амволи филиали мазкурро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин намуда, ба маълумотӣ баҳисобгарӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
5. Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Данғара".
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, № 284 "Дар бораи таъсис додани филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2013, № 205
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного образовательного учреждения "Дангаринский государственный университет"
В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное образовательное учреждение "Дангаринский государственный университет" на базе Филиала Таджикского аграрного университета имени Шириншоха Шохтемура в Дангаринском районе.
2. Министерству образования Республики Таджикистан обеспечить данное образовательное учреждение соответствующими образовательными стандартами, учебными планами и программами.
3. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан совместно с Министерством образования Республики Таджикистан определить План приёма студентов в Дангаринский государственный университет на 2013-2014 и последующие учебные годы.
4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с Министерством образования Республики Таджикистан и Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан создать комиссию по приёму и сдаче здания и имущества Филиала Таджикского аграрного университета имени Шириншоха Шохтемура в Дангаринском районе, обеспечить приём и сдачу здания и имущества данного филиала в порядке, установленном законодательством и внести соответствующие изменения в учетные данные.
5. Перечень образовательных учреждений и организаций системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года,№ 594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан" дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Государственное образовательное учреждение "Дангаринский государственный университет".
6. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2005, №284 "О создании филиала Таджикского аграрного университета в Дангаринском районе".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 мая 2013 года, № 205