Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2013, № 1705 "Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ" ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 17 апрели соли 2013, № 175
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 апрели соли 2013, № 125
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"-ро, ки бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2013, № 1705 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, баррасӣ намуд.
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки истилоҳи "волонтёр" дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд набуда, бори аввал дар лоиҳаи Қонуни пешниҳодшуда мафҳуми он пешбинӣ мегардад. Ин истилоҳ аз калимаи лотинии "voluntarius" гирифта шуда, маънои "ихтиёрӣ"-ро дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ" дар навбати худ мафҳуми "ихтиёриён"-ро (дар шакли ҷамъ) пешбинӣ намудааст, ки мутобиқи он ихтиёриён шахсони воқеие мебошанд, ки фаъолияти эҳсонкориро дар шакли меҳнати ройгон ба манфиати эҳсонгирҳо, аз ҷумла ба манфиати ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба ҷо меоранд.
Омӯзиши қонунгузории як қатор кишварҳои пешрафта вобаста ба танзими ин намуди фаъолият нишон дод, ки дар ҳар кадоме аз онҳо номи Қонун дар шаклҳои гуногун қабул шудааст ё лоиҳаи Қонун мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Қонун "Дар бораи фаъолияти ихтиёрӣ", дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Қонун "Дар бораи волонтёрӣ", дар Федератсияи Россия лоиҳаи Қонуни федералӣ "Дар бораи ихтиёрӣ (волонтёрӣ)".
Аз ин рӯ, истилоҳи "волонтёр" ва "ихтиёриён" як мазмунро ифода намуда, онҳо фаъолияти худро дар шакли меҳнат, кору хизматрасонии ройгон амалӣ менамоянд. Вале хусусияти фарқкунандаи мафҳумҳои ин истилоҳот дар он аст, ки фаъолияти ихтиёриён ба манфиати эҳсонгирҳо, ба манфиати ташкилотҳои эҳсонкорӣ, инчунин ҷамъият равона гардида, фаъолияти волонтёрӣ бошад, фаъолияти фоиданоки ҷамъиятие мебошад, ки ба рушди давлат ва ҷомеа равона карда шудааст. Вобаста ба ин мувофиқи мақсад аст, ки таносуби ин ду мафҳум аз лиҳози назария муайян карда шавад.
Оид ба моддаи 1 лоиҳаи Қонуни мазкур:
-аз сархати дуюм калимаҳои "шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд" хориҷ карда шаванд, чунки тибқи муқаррароти моддаи 17 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мафҳуми шахсони воқеӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои дигар, инчунин шахси бешаҳрванд фаҳмида мешавад;
-аз сархати чорум калимаҳои "ва ҳуқуқи" хориҷ карда шаванд, зеро фаъолияти волонтёрӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ не, балки аз ҷониби шахсони воқеӣ амалӣ карда шуда, дар мафҳуми волонтёр низ танҳо шахсони воқеӣ пешбинӣ шудаанд;
-дар сархати шашум зарур аст, ки соати ниҳоии фаъолияти волонтёр дар як ҳафта ва дар як рӯз дар иртибот бо қонунгузории амалкунанда муайян карда шавад;
-сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"-ташкилоти ҷалбкунанда - ташкилоти ғайритиҷоратие, ки фаъолияти волонтёриро идора менамояд ва бо тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои фаъолияти волонтёрӣ мебандад;";
-дар сархати ҳаштум мафҳуми "меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ" ба шарҳи он мутобиқ карда шавад, зеро дар мазмуни он амалҳои фоиданоки ҷамъиятӣ дида намешаванд;
-сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"-истифодабарандаи фаъолияти волонтёрӣ - шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки фаъолияти волонтёриро ба фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ бидуни ғаразҳои сиёсӣ, инчунин бидуни мақсадҳои пайравӣ намудан ба дин ва паҳн намудани эътиқоди динӣ ҷалб мекунад;";
-оид ба сархати ёздаҳум бояд қайд кард, ки мафҳуми "шартномаи дастгирии волонтёрӣ" ба шарҳи мазмуни он мувофиқ нест. Аз ин лиҳоз, калимаҳои "шартномаи дастгирии волонтёрӣ" ба калимаҳои "шартномаи фаъолияти волонтёрӣ" дар сархати мазкур ва дар тамоми матни лоиҳаи Қонун иваз карда шаванд.
Ҳамин тариқ, сархати ёздаҳум дар шакли пешниҳодшуда қобили қабул набуда, он тибқи тартиби муқаррарнамудани Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.
Ба моддаи 4 лоиҳаи Қонун сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- озодона интихоб намудани шакл, намуд ва усули фаъолияти волонтёрӣ;
- инсондӯстӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар татбиқи фаъолияти воломтёрӣ."
Дар моддаи 6 лоиҳаи Қонун:
-таҷрибаи баъзе аз давлатҳо нишон дод, ки фаъолияти волонтёрӣ бо тариқи бастани шартнома ва бидуни он ба амал бароварда мешавад. Вале дар лоиҳаи Қонуни мазкур танҳо ба таври хатти бастани шартнома пешбинӣ шудааст.
Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки масъалаи амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ бо бастани шартнома ва бидуни он тибқи таҷрибаи давлатҳои дигар таҷдиди назар қарор гирад;
-дар қисми 3 калимаҳои "маҳфуз мегардад" ба калимаҳои "нигоҳ дошта мешавад" иваз карда шаванд;
-дар моддаи мазкур зарур аст, ки масъалаи берун аз вақти дарсӣ (корӣ) машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ гардад.
Дар моддаи 8 лоиҳаи Қонун:
-ба қисми 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-иштироки худро дар амалигардонии самти фаъолияти волонтёрӣ озодона интихоб намояд;";
-дар сархати шашум қисми 1 калимаҳои "пешбинигардидаро риоя намояд" ба калимаҳои "пешбинигардида баҳраманд бошад;" иваз карда шаванд;
-дар сархати дуюми қисми 2 калимаҳои "шартномаи дастгирии волонтёрӣ" ба калимаҳои "вазифаҳои ба зиммааш гирифта" иваз карда шаванд;
-дар сархати панҷуми қисми 2 калимаҳои "шартномавии худро" ба калимаҳои "ба зиммаи худ гирифтаро" иваз карда шаванд;
-аз сархати ҳаштуми қисми 2 калимаҳои "ихтиёран ва" хориҷ карда шаванд.
Дар моддаи 9 лоиҳаи Қонун:
-дар сархати панҷум баъд аз калимаҳои "волонтёрро ба" калимаи "иҷрои" илова карда шавад;
-дар сархати шашум калимаҳои "корҳои махсус" ба калимаҳои "фаъолияти волонтёрӣ" иваз карда шаванд;
-дар сархати ҳафтум калимаҳои "махсуси корӣ" ба калимаи "волонтёрӣ" иваз карда шаванд.
Қисми 1 моддаи 10 лоиҳаи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби шартномаи фаъолияти волонтёрӣ тарафҳо тибқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.".
Оид ба боби 3 бояд ба инобат гирифт, ки фаъолияти волонтёрӣ ин фаъолияти фоиданоки ихтиёрӣ мебошад. Бинобар ин зарурати муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ ва танзими соҳаи мазкур таҳлил карда шавад. Дар амалияи давлатҳои пешрафта ин масъала бо тарзу усулҳои гуногун танзим гаштааст. Мисол, таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон нишон дод, ки дар Қонуни ин кишвар "Дар бораи фаъолияти ихтиёрӣ" муқаррароти алоҳида вобаста ба салоҳияти Ҳукумат ё салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ нашудааст. Дар лоиҳаи Қонуни федералии Федератсияи Россия "Дар бораи ихтиёрӣ (волонтёрӣ)" бошад, салоҳияти Ҳукумат танҳо дар муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар шудаасту танзими барзиёди давлатӣ дида намешавад.
Тибқи сархати чоруми моддаи 11 лоиҳаи Қонун яке аз салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар амал ҷорӣ намудани фаъолияти волонтёриро танзим менамоянд, мансуб аст. Вале тибқи ин муқаррарот муайян нашудааст, ки кадом намуди санадҳои меъёрии ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ҳамзамон, бояд ба инобат гирифт, ки дар сурати аз ҷониби Қонуни мазкур танзим гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ зарурати қабули санадҳои зерқонунӣ метавонад ба вуҷуд наояд. Бинобар ин, дар моддаи мазкур дақиқ нишон дода шавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санади меъёрии ҳуқуқиро қабул менамояд.
Дар моддаи 12 лоиҳаи Қонун:
-ба қисми 1 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад;
"-ба амалишавии барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба фаъолияти волонтёрӣ мусоидат намуда, рушди фаъолияти волонтёриро ҳавасманд менамояд;";
-аз сархати дуюми қисми 1 калимаи "мебошанд" хориҷ карда шавад;
-дар қисми 2 калимаҳои "ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки ба фаъолияти волонтёрӣ машғул мебошанд" ба калимаҳои "ташкилоти ҷалбкунанда" иваз карда шаванд. Ҳамзамон, дар қисми мазкур калимаҳои "пешниҳоди волонтёриро ихтиёрдорӣ намуда" қобили дастгирӣ намебошад.
Дар моддаи 13 лоиҳаи Қонун калимаҳои "ташкилотҳои ғайритиҷоратии ба фаъолияти волонтёрӣ машғулбуда" хориҷ карда шуда, калимаи "ҳамкорӣ" ба калимаи "мусоидат" иваз карда шавад. Инчунин, дар матни забони русии моддаи мазкур калимаҳои "государственными органами, занимающиеся волонтёрской деятельностью" кадом мақомоти давлатӣ дар назар дошта шудааст, маънидод карда шавад.
Моддаи 14 лоиҳаи Қонун дар шакли пешниҳодшуда қобили дастгирӣ нест, зеро он муносибатҳои ҷамъиятиро тавассути меъёрҳои мавҷуднабуда танзим намудааст.
Дар моддаи 15 лоиҳаи Қонун:
-дар матни қисми 2 рақами "3" ба рақами "4" иваз карда шавад;
-дар қисми 3 калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ" иваз карда шаванд;
-бинобар як будани мазмуни қисми 5 ва қисми 7, қисми 5 хориҷ карда шавад.
Ба моддаи 16 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Фаъолияти волонтёрӣ набояд ба дастгирии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин пешбурди мол, кор ва хизматрасонии шахсони ҳуқуқӣ равона гардад.";
-дар матни моддаи мазкур калимаҳои "бахшҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ" мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гарданд, чунки дар қонунгузорӣ чунин ибораҳо ҷой надоранд.
Дар матни лоиҳаи Қонун калимаҳои "собиқаи корӣ", ки дар дафтарчаи волонтёрӣ қайд мегардад, дар иртибот бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шавад, зеро тибқи Кодекси мазкур фаъолияти меҳнатии корманд ҳамчун собиқаи корӣ дар дафтарчаи меҳнатии ӯ қайд карда шуда, тибқи қонунгузории андоз музди меҳнати он андозбандӣ карда мешавад ва аз рӯи он корманд бо нафақа таъмин мегардад.
Аз ин рӯ, қайд намудани собиқаи корӣ дар дафтарчаи волонтёрӣ метавонад оқибатҳои ҳуқуқиро дар бахши таъмин намудан бо нафақа ба вуҷуд орад.
Дар матни лоиҳаи Қонуни мазкур калимаи "ҳавасмандгардонӣ" маънидод карда шавад, зеро мутобиқи назарияи илми ҳукуқ яке аз намудҳои таснифоти ин калима ба ду намуд ҷудо гардидани он, яъне "ҳавасмандгардонии моддӣ" ва "ҳавасмаидгардонии маънавӣ" мебошанд. Мутобиқи лоиҳаи Қонуни мазкур фаъолияти волонтёрӣ, ки худ тариқи ройгон сурат мегирад, дар он намуди ҳавасмандгардони низ бояд мушаххас пешбинӣ гардад.
Мутобиқи талаботи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" боб чун қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқии моддаҳои (бандҳои) мазмунан ба ҳам наздики ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ин талаботи Қонуни зикргардида дар матни лоиҳаи Қонун таҷдиди назар қарор дода шавад.
Бо назардошти пешниҳодоти зикргардида лоиҳаи Қонун такмил дода шавад.