Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 169 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Комплекси сайёҳии Варзоб".

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи идораи оперативии саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Комплекси сайёҳии Варзоб"-ро диҳад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2018, № 169

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №456

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Перечень предприятий (организаций) системы Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №456 "О Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан", дополнить абзацем следующего содержания:

"- Открытое акционерное обществ "Комплекси сайёхии Варзоб".

2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан передать в установленном порядке Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан право оперативного управления принадлежащими государству акциями Открытого акционерного общества "Комплекси сайёхии Варзоб".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 марта 2013 года, № 169