Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 790, аз 4.03.2016 № 110, аз 6.03.2017 № 112, аз 27.11.2019 № 604)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, №626 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1843 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 1755 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 88 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад, аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 225 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 165 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 60 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад
3. Маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус анҷом дода шавад.
4. Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини Раис, аз ҷумла як муовини якуми Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад .
5. Барои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 110 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 15 адад муқаррар карда шавад.
6. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
7. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 28 декабри соли 2006, №607 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 30 ноябри соли 2007, №602 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607";
- аз 28 майи соли 2009, №327 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607";
- аз 30 декабри соли 2010, №713 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607";
- аз 2 ноябри соли 2011, №567 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2012, № 456
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 29.12.2012г. №790, от 04.03.2016г.№110, от 06.03.2017г.№112, от 27.11.2019г.№604)
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьями 42 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях исполнения Программы развития налогового администрирования на 2011-2015 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2010 года, №626, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, Структуру Центрального аппарата, Схему управления и Перечень предприятий (организаций) системы Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1,2, 3, 4).
2. Установить предельную численность работников Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 1843 единиц (без обслуживающего персонала), из которых 1755 единиц финансируется за счёт средств республиканского бюджета и 88 единиц за счёт специальных средств Комитета, в том числе Центрального аппарата 225 единиц, из которых 165 единиц финансируются за счёт средств республиканского бюджета и 60 единиц за счёт специальных средств Комитета
3. Финансирование Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан и его территориальных структур осуществлять за счет средств республиканского бюджета и специальных средств.
4. Предоставить право Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан иметь 5 заместителей Председателя, в том числе одного первого заместителя Председателя и коллегию в количестве 9 человек
5. Установить для Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомашин в количестве 11О единиц, в том числе для Центрального аппарата в количестве 15 единиц.
6. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан в двухмесячный срок:
- представить Правительству Республики Таджикистан предложения о внесении изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан; - привести свои решения в соответствии с настоящим постановлением.
7. Признать утратившими силу следующие решения Правительства Республики Таджикистан:
- от 28 декабря 2006 года, №607 "О Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан";
- от 30 ноября 2007 года, №602 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №607";
- от 28 мая 2009 года, №327 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №607";
- от 30 декабря 2010 года, №713 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №607";
- от 2 ноября 2011 года, №567 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №607".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 августа 2012 года, №456