Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 161 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар тамоми матн калимаҳои "Тартибҳои", "Тартибҳо", "аломатҳои рақамӣ", "аломатҳои рақамии бақайдгирие", "акт", "акти"; "аломатҳои рақамии" "Тартибҳоро" мутобиқан ба калимаҳои "Тартиби", "Тартиб", "аломатҳои бақайдгирӣ", "аломатҳои бақайдгирие", "санад", "санади", "аломатҳои бақайдгирии" иваз карда шаванд.

2. Аз сархати панҷуми банди 2 калимаҳои "рақами муҳаррик" хориҷ карда шуда, калимаи "миқдори" ба калимаи "иқтидори" иваз карда шавад.

3. Дар банди 5:

- дар сархати якум калимаи "аксари" ба калимаи "ниҳоии" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "нимядакҳои онҳо" калимаҳои ", инчунин воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад" илова карда шавад;

- дар сархати дуюм ҷумлаи якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба онҳо тааллуқдоштаро, сарфи назар аз ҳолати техникиашон, дар давоми панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи убури сарҳад дар мақомоти гумрук аз қайд гузаронанд. Дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлати амали аломати бақайдгирии "Транзит" ё даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи харидорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт ё ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигар, ки боиси тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ мегарданд (ба истиснои воситаҳои нақлиёти барои фурӯш пешбинишудаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти савдои воситаҳои нақлиётро анҷом медиҳанд), аз қайд гузаронида мешаванд.";

- дар ҷумлаи дуюм калимаи "қайди" ба калимаи "нигоҳдории" иваз карда шуда, калимаҳои "бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад;

ҷумлаи сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

- "Аз қайд гузаштани воситаи нақлиёт бо навиштаҷоти "Аз қайд гузаронида шуд ________________________ " дар нусхаи аслии

                                                                                (рӯз, моҳ, сол)

ваколатнома, ки  бо ному насаб, имзои шахси масъул ва мӯҳри Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли нигоҳдории воситаи нақлиёт тасдиқ карда шудааст, ройгон анҷом дода мешавад.".

4. Сархати дуюми банди 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Воситаҳои нақлиёте, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд, баъди бақайдгирӣ дар Бозрасии давлатии автомобилӣ тибқи номгуйи аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда дар манбаъҳои иттилоотии махсус санҷида мешаванд.".

5. Ҷумлаи якуми банди 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Автомобилҳо ва мотоаробаҳо ба номи шахсони воқеие, ки ба синни 18, мототсиклҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад, ба номи шахсони воқеие, ки ба синни 16 расидаанд, ба истиснои воситаҳои нақлиёти ба мерос гузашта, ба қайд гирифта мешаванд.".

6. Дар банди 8 баъд аз калимаҳои "арзиши воситаи нақлиёт" ва "тасдиқ карда шудаанд" мутобиқан калимаҳои "(дар ҳолатҳои зарурӣ)" ва "маълумот дар бораи воситаи нақлиёт (тамға, навъ,)" илова карда шуда, калимаи "санади" ба калимаи "асноди" иваз карда шавад ва калимаи "муҳаррик," хориҷ карда шавад.

7. Дар банди 9 баъд аз калимаи "нотариалӣ" калимаҳои ", мақомоти гумрук" илова карда шавад.

8. Дар банди 10 калимаи "тоҷикӣ" ба калимаи "давлатӣ" иваз карда шуда, калимаҳои "ё забони муоширати байни миллатҳо" хориҷ карда шаванд.

9" Дар зербанди д) банди 11 калимаи "қайди" ба калимаи "бақайдгирии" ва калимаи "намекунад" ба калимаи "мекунад" иваз карда шавад.

10. Дар банди 13:

- дар сархати дуюми зербанди а) баъд аз калимаи "асоси" калимаҳои "ваколатномаи аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқшуда" илова карда шуда, калимаҳои "асноде, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дода шудаанд" хориҷ карда шаванд;

- дар зербанди б) пайвандаки "ва" ба калимаи "санҷиши" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "медиҳанд;" ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

". Натиҷаи санҷиши воситаи нақлиёт дар гувоҳномаи гумрукӣ қайд карда мешавад.".

11. Дар банди 16 калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

12. Банди 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"18. Кормандони воҳидҳои бақайдгирӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ:

а) аризаи хаттии соҳиби воситаи нақлиётро (Замимаҳои №3 ва №4) ба баррасӣ қабул мекунанд;

б) шахсияти соҳиби воситаи нақлиёт ё намояндаи ӯро мутобиқи зербанди "а" банди 13 ҳамин Тартиб муқаррар мекунанд;

в) аснодеро, ки қонунӣ будани харидорӣ, гирифтани воситаи нақлиёт (шасси (бадана), кузов (ароба, ядак)-ро тасдиқ мекунанд, мутобиқи банди 23 Тартиб тафтиш менамоянд;

г) воситаи нақлиётро аз муоина мегузаронанд, ки дар ҷараёни он:

- бехатарии конструксияи воситаи нақлиёт мутобиқи Дастурамал оид ба назорати техникӣ ва дигар асноде, ки талаботро нисбат ба бехатарии конструксияи воситаҳои нақлиёт санҷида мешавад;

- аслияти рақамҳои шасси (бадана), кузов (ароба, ядақ) ва аломатҳои бақайдгирӣ (ошкор намудани азнавкунӣ ё бо ягон тарзи дигар тағйир додани онҳо, ҳамчунин аломатҳои бақайдгирӣ) ва мутобиқати онҳо бо маълумоти дар асноди воситаи нақлиёти зикршуда санҷида мешавад;

- натиҷаҳои муоинаи воситаи нақлиёт дар аризаи соҳиби он (дар қисми "Қайдҳои хизматии Бозрасии давлатии автомобилӣ") қайд карда мешаванд ё тавассути санади муоинаи инфиродии воситаи нақлиёт бо хулоса дар бораи ҳолати техникии автомашина ба расмият дароварда мешаванд;

д) мавҷуд будани асноде, ки пардохта шудани андоз ва боҷҳоро тасдиқ мекунанд, инчунин рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) -ро тафтиш менамоянд;

е) воситаҳои нақлиётро аз рӯи маълумоти нақлиёти рабудашуда ва дуздидашуда мутобиқи банди 20 тафтиш мекунанд;

ж) асноди бақайдгирӣ ё шиносномаи воситаи нақлиётро тафтиш менамоянд.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё намояндагони онҳо вазифадоранд асноди дар банди мазкур зикршударо пешниҳод намоянд.

Барои шахси ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирии воситаи нақлиёти якум пешниҳод намудани нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии субъекти хоҷагидорӣ ё дигар санаде, ки бақайдгирии корхона, ташкилот ва ғайраро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ тасдиқ мекунад, ҳатмист.".

13. Сархати дуюми банди 20 хориҷ карда шавад.

14. Дар банди 21 баъд аз калимаҳои "сардори" ва "мақомоти" мутобиқан калимаҳои "Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, минтақа ва гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт ва муовинони онҳо, инчунин сардори" ва "дахлдори" илова карда шаванд.

15. Банди 22 хориҷ карда шавад.

16. Банди 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"23. Асноде, ки қонунӣ будани харидорӣ, гирифтани воситаҳои нақлиёт шасси (бадана), кузовро (ароба, ядакро) тасдиқ мекунанд, инҳо мебошанд:

а) барои воситаҳои нақлиёте шасси (бадана), кузов (ароба, ядак), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, - гувоҳномаи гумрукие, ки аз тарафи мақоми гумрук мутобиқи банди 13 дода шудааст, дар асноди техникии воситаи нақлиёт дар қисми "Қайдҳои махсус" ва китоби (варақаи) баҳисобгирии воситаи нақлиёт бояд қайдҳои мақоми гумрук мутобиқи банди 13 дарҷ карда шаванд;

б) барои воситаҳои нақлиёте, ки қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд:

- тасдиқнома - ҳисобномаи ташкилотҳои савдо, ки барои фурӯши воситаҳои нақлиёт ҳақ дошта, бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд ва мутобиқи Дастуруламал "Дар бораи тартиби харидорӣ, қабул, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва сарфи варакаҳои тасдиқнома-ҳисобномаҳо барои харидории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, қисмҳо ва агрегатҳои онҳо" (Замимаи №5) ба расмият дароварда шудаанд;

- тасдиқномаи мақоми таъминоти иҷтимоӣ, ки автомобили идораи дастӣ ё мотоаробаро бо шароити имтиёзнок ё бепул ҷудо кардааст, бо замимаи асноде, ки манбаи воридшавии воситаи нақлиётро тасдиқ мекунанд;

- қарори суд дар бораи мансубияти воситаҳои нақлиёт;

- аҳди шахсони ҳуқуқӣ байни худ ва бо шаҳрвандон (ба ғайр аз корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ);

- шартномаи тӯҳфа кардан, хариду фурӯш, ивазкунӣ ё шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ва меросгирии воситаи нақлиёт, ки аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст, инчунин тасдиқномаҳои музояда, биржа, ташкилотҳои савдо дар бораи ба соҳибони мушаххас фурӯхта шудани онҳо, ки бо мӯҳр ва имзои шахси масъул тасдиқ карда шудаанд ё асноди дигари тасдиқкунандаи қонунӣ будани харидории воситаи нақлиёт".

17. Бандҳои 24, 25 ва 32 хориҷ карда шаванд.

18. Аз сархати дуюми банди 33 калимаҳои "хоҳарони худӣ" ба калимаи "хоҳарон" иваз карда шавад.

19. Дар сархати сеюми банди 33 калимаҳои "Раёсати корҳои дохилии вилоятҳо" ба калимаҳои "раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, минтақа ва ноҳияи Рашт" иваз карда шаванд.

20. Аз банди 34 калимаҳои "дар бораи иҷора" хориҷ карда шаванд.

21. Банди 37 хориҷ карда шавад.

22. Дар банди 38 калимаҳои "комиссияи техникӣ" ба калимаҳои "комиссияи техникии назди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ" иваз карда шаванд.

23. Дар банди 45 калимаҳои "тоҷикӣ ё русӣ" ба калимаи "давлатӣ" иваз карда шаванд.

24. Банди 47 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"47. Дар ҳолати ба миён омадани шубҳа ба аслияти асноди пешниҳодшудаи воситаҳои нақлиёте, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда шудаанд, ё мутобиқ набудани онҳо ба талаботи Тартиб, ба воҳиди Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли баҳисобгирии пешина ё ҷои фурӯши ташкилоти савдо барои тасдиқи қонунӣ будани аз ҳисоби Бозрасии давлатии автомобилӣ хориҷ намудани воситаи нақлиёт ё фурӯши он, ё ин ки дар ҳисоби кофтуков қарор доштани воситаи нақлиёт дархост фиристода мешавад. Зимнан бақайдгирии онҳо бо расидани ҷавоби мусбӣ анҷом дода мешавад.".

25. Банди 48 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"48. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои пешбининамудаи банди 21 Тартиб, нисбати воситаҳои нақлиёти бақайдгирифташуда, гузаронидани амалҳои бақайдгирӣ то ба анҷом расидани тафтиш, маҳдуд карда мешавад.".

26. Ба банди 52 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- талони техникӣ барои воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ, ки тибқи шартнома аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ истифода мешаванд;";

27. Дар бандҳои 56, 72, 84, 89, 102 рақами "32" ба рақами "18" иваз карда шавад.

28. Дар банди 59 калимаҳои "давлатҳои муштаракулманофеъ" ва "сохтмон" мутобиқан ба калимаҳои "Давлатҳои Мустақил" ва "конструксия" иваз карда шаванд.

29. Аз сархати якуми банди 61 калимаҳои "ва муҳаррик" хориҷ карда шаванд.

30. Дар банди 73:

- калимаҳои "дар ҳолатҳои зерин" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати якум ва сеюм пеш аз калимаҳои "тағйир ёфтани" ва "аз ҳисоб" калимаи "ҳангоми" илова карда шавад;

- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- барои бегонакунӣ;".

31. Сархати сеюми банди 74 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Аломатҳои бақайдгирии супоридашуда ва мусодирашуда, инчунин дарёфтшуда нобуд сохта мешаванд ва дар ин бора дар аризаи (мактуби) соҳиби воситаи нақлиёт бо зикри сана, номи хонаводагии шахси мансабдоре, ки онҳоро нобуд сохтааст, қайд карда мешавад ва бо имзои ӯ тасдиқ карда мешавад.".

32. Дар банди 75 калимаҳои "дар бораи иҷора" хориҷ карда шаванд.

33. Дар банди 92 калимаҳои "ягон қонуншиканӣ" ба калимаҳои "риоя накардани қоидаҳо ва дигар қонуншиканӣ" иваз карда шаванд.

34. Банди 93 хориҷ карда шавад.

35. Банди 97 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"97. Воситаҳои нақлиёте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид карда шудаанд, бояд на дертар аз мӯҳлати муқарраршудаи воридоти муваққатӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароварда шаванд ё таҳти низоми гумрукии дигар ба расмияти гумрукӣ дароварда шаванд. Вобаста ба мушаххасоти воридот ва имтиёзҳои пешниҳодшудаи гумрукӣ ва андоз, бегона кардан, ба соҳибӣ ё истифодаи шахсони дигар додани чунин воситаҳои нақлиёт бе иҷозати мақоми гумрук манъ аст.

Ҳангоми арз намудани воситаи нақлиёт таҳти низоми дигари гумрукӣ (иҷозат барои муомилоти озод) гувоҳномаи гумрукӣ баъди аз ҷои пештараи баҳисобгирӣ расидани тасдиқи маълумоти бақайдгирии воситаи нақлиёт, мавҷуд набудани маҳдудиятҳо ё ҳабси воситаи нақлиёт анҷом дода мешавад.".

36. Дар зербанди а) банди 104 калимаҳои "полиси андоз" ба калимаҳои "дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2013, № 161

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года,№441, следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце пятом пункта 2 слова "номер двигателя" исключить.

2. В пункте 5:

- абзац первый после слов "к ним" дополнить словами ", а также транспортные средства, приводимые в движение электродвигателем, максимальная конструктивная скорость которых более 40 км/час";

- в абзаце втором первое предложение изложить в следующей редакции:

"Владельцы транспортных средств обязаны зарегистрировать принадлежащие им транспортные средства, независимо от их технического состояния, в течение пяти суток с момента пересечения границы в таможенных органах. В регистрационно-экзаменационных подразделениях Государственной автомобильной инспекции транспортные средства регистрируются в течении срока действия регистрационного знака "Транзит" или десяти суток с момента приобретения, таможенного оформления, снятия с учета или возникновения иных обстоятельств, влекущих изменение регистрационных данных (за исключением транспортных средств, предназначенных для продажи индивидуальными предпринимателями и юридическими лицами, осуществляющими реализацию транспортных средств,).";

- во втором предложении слова "месту учета" заменить словами "месту стоянки", а слова "в порядке, установленном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан" исключить;

дополнить третьим предложением следующего содержания:

- "Регистрация транспортного средства производится без оплаты записью "Зарегистрировано _____________________ " в оригинале (число, месяц, год)

доверенности заверенной подписью с указанием фамилии, имени и отчества ответственного лица и заверяется печатью Государственной автомобильной инспекцией места стоянки автомобиля.".

3. Абзац второй пункта 6 изложить в следующей редакции: "Транспортные средства, ввезенные в республику, после регистрации в Государственной автомобильной инспекции, в соответствии с перечнем, утвержденном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан, проверяются по специальной информационной базе.".

4. Первое предложение пункта 7 изложить в следующей редакции: "Автомобили и мотоколяски регистрируются за физическими лицами, достигшими 18 лет, мотоциклы и транспортные средства, приводимые в движение электродвигателем, максимальная конструктивная, скорость которых более 40 км/час, за физическими лицами, достигшими 16 лет, за исключением транспортных средств, перешедших по наследству.".

5. Пункт 8 после слов "стоимость транспортного средства" дополнить словами "(в случае необходимости)", а слово "двигателя," исключить.

6. В пункте 9 после слова "конторами" дополнить словами ", таможенными органами".

7. В пункте 10 слова "или язык межнационального общения" исключить.

8. В пункте 13:

- абзац второй подпункта а) после слова "основании" дополнить словами "доверенности, выданной нотариальной конторой", а слова "документов, выданных в установленном законом порядке" исключить;

- подпункт б) после слова "средство:" дополнить новым предложением следующего содержания:

".Результаты проверки транспортного средства отмечается в таможенном удостоверении;".

9. В пункте 16 слова "Министерства безопасности Республики Таджикистан" заменить словами "Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан".

10. Пункт 18 изложить в следующей редакции:

"Сотрудники регистрационных подразделений при совершении регистрационных действий:

а) принимают к рассмотрению письменное заявление владельца транспортного средства (Приложения №3 и №4),

б) устанавливают личность владельца транспортного средства млн его представителя в соответствии с пунктом 13 настоящего Порядка;

в) проверяют в соответствии с пунктом 23 Порядка документы, подтверждающие законность приобретения, получения транспортного средства, шасси (рамы), кузова (коляски, прицепа);

г) производят осмотр транспортного средства, в ходе которого осуществляется:

- проверка безопасности конструкции транспортного средства в соответствии с Наставлением по техническому надзору и другими документами, регламентирующими требования к безопасности конструкции транспортных средств;

- проверка подлинности номеров шасси (рамы), кузова (коляски, прицепа) и регистрационных знаков (выявление перебивки или изменения каким-либо иным способом номеров агрегатов, а также регистрационных знаков) и их соответствие данным, указанным в документах на транспортное средство;

- результаты осмотра транспортного средства отмечаются в заявлении владельца (раздел "служебные отметки Государственной автомобильной инспекции") или оформляются актом одиночного осмотра транспортного средства с вынесением заключения о техническом состоянии автомашины;

д) проверяют наличие квитанций или иных платежных документов, подтверждающих уплату налогов и сборов, а также индивидуальный номер налогоплательщика (ИНН);

е) проверяют транспортные средства по учетам угнанного и похищенного транспорта в соответствии с пунктом 20;

ж) проверяют регистрационные документы или паспорт транспортного средства.

Владельцы транспортных средств или их представители обязаны предъявить документы, указанные в настоящем пункте.

Для юридического лица при регистрации первого транспортного средства обязательно предоставление копии свидетельства о регистрации хозяйствующего субъекта или иного документа, подтверждающего регистрацию предприятия, организации и т.п. в качестве юридического лица.".

11. Абзац второй пункта 20 исключить.

12. Пункт 21 после слова "начальника" дополнить словами "Управления Государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел, начальников отделов Государственной автомобильной инспекции управлений Министерства внутренних дел в ГорноБадахшанской автономной области, областях, группе районов Раштского региона и их заместителей, а также начальника соответствующего"

13. Пункт 22 исключить.

14. Пункт 23 изложить в следующей редакции:

"23. Документами, подтверждающими законность приобретения, получения транспортных средств, шасси (рамы), кузова (коляски, прицепа) являются:

а) для транспортных средств (шасси (рамы), кузова (коляски, прицепа), ввезенных в Республику Таджикистан - таможенное удостоверение, выданное таможенным органом в соответствии с пунктсж

13. В технической документации на транспортное средство, в разделе "Особые отметки" и журнале (карточке) учета транспортного средства должны быть занесены отметки таможенного органа в соответствии с пунктом 13;

б) для транспортных средств, ранее зарегистрированных в Республике Таджикистан:

- справки-счета торговых организаций, имеющих право на реализацию транспортных средств и зарегистрированных в установленном порядке, оформленные в соответствии с Инструкцией "О порядке приобретения, приема, учета, хранения и расходования бланков справок-счетов на приобретения автомототранспортных средств узлов и агрегатов к ним" (Приложение №5);

- справка органа социального обеспечения, выделившего автомобиль с ручным управлением или мотоколяску на льготных условиях или бесплатно, с приложением документов, подтверждающих источник поступления транспортного средства;

- решение судов о принадлежности транспортных средств;

- сделки юридических лиц между собой и с гражданами (за исключением бюджетных организаций и предприятий);

- договор дарения, купли-продажи, мены или свидетельство о праве собственности и наследования транспортного средства, удостоверенные нотариальной конторой, а также документы торговых аукционов, бирж, организаций производятся на основании справок об их реализации конкретным владельцам, заверенных печатями и подписями ответственных лиц или иных документов, подтверждающих законность приобретения транспортного средства.".

15. Пункты 24, 25 и 32 исключить

16. Дополнить пункт 33 абзацами вторым и третьим следующего содержания:

"Транспортные средства, принадлежащие физическим лицам, могут быть зарегистрированы по месту жительства близких родственников (супруги, дети, родители, родные братья и сестры) этих, лиц с их письменного согласия, или по месту бронирования жилой площади при наличии обстоятельств, не позволяющих произвести регистрацию по месту прописки владельца (длительная командировка, воинская служба и др.).

В исключительных случаях решение о регистрации транспортных средств по месту жительства иных лиц принимается начальником Управления ГАИ Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и его заместителями, начальниками ГАИ управлений к Министерства внутренних дел в Горно-Бадахшанской автономной области, областях и группе районов Раштского региона. Настоящее положение распространяется также на лиц, имеющих двойное гражданство.".

17. В пункте 34 слова "об аренды" исключить.

18. Пункт 37 исключить.

19. В пункте 38 слова "технической комиссии" заменить словами "технической комиссии при Управлении Государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан".

20. В пункте 45 слова "таджикский или русский языки" заменить словами "государственный язык".

21. Пункт 47 изложить в следующей редакции:

"47. При возникновении сомнений в подлинности представленных документов транспортных средств, привезенных из других регионов республики, или их несоответствия требованиям Порядка, направляется запрос в подразделение ГАИ по месту прежнего учета или реализации торгующей организацией для подтверждения законности снятия транспортного средства с учета Государственной автомобильной инспекции или ее реализации, или нахождения транспорта в числе разыскиваемых. При этом они регистрируются по получении положительного ответа.".

22. Пункт 48 изложить в следующей редакции:

"48 В случаях предусмотренных пунктом 21, в отношении зарегистрированных транспортных средств проведение регистрационных действий до завершения проверки ограничивается.".

23. Пункт 52 дополнить абзацем вторым следующего содержания:

"- технический талон для транспортных средств физических лиц, используемых юридическими лицами на основании договора;".

24. В пунктах 56, 72, 84, 89, 102 цифру "32" заменить цифрой "18".

25. В абзаце первом пункта 61 слова "и двигателя" исключить.

26. В пункте 73 слова " в следующих случаях" исключить:

- в абзацах первом и третьем перед слова "изменения места жительства" и "списания" дополнить словами "в случае";

- абзац второй пункта 73 изложить в следующей редакции:

"- для отчуждения;".

27. Абзац третий пункта 74 изложить в следующей редакции:

"Сданные и конфискованные, а также найденные регистрационные знаки уничтожаются, о чём делается отметки в заявлении (письме) владельца с указанием даты, фамилии должностного лица уничтожившего их и заверяются его подписью."

28. В пункте 75 слова "об аренде" исключить.

29. Пункт 93 исключить.

30. Пункт 97 изложить в следующей редакции:

"97. Транспортные средства, временно ввезенные в Республику Таджикистан, должны быть вывезены за пределы Республики не позднее истечения установленного срока их временного ввоза, либо подлежат таможенному оформлению под иной таможенный режим. В связи с характером ввоза и предоставленными таможенными и налоговыми льготами, отчуждение, передача во владение или пользование другим лицам таких транспортных средств без разрешения таможенного органа запрещается.

При заявлении транспортного средства к иному таможенному режиму (выпуск для свободного обращения), выдача таможенного удостоверения производится после получения с места прежнего учета подтверждения регистрационных данных транспортного средства, отсутствия ограничений или ареста на данное транспортное средство.".

31. В подпункте а) пункта 104 слова "налоговой полиции" заменить словами "другим уполномоченным государственным органам".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 30 марта 2013 года, № 161