Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 112 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар бандҳои 8) ва 11) Намудҳои воситаҳои махсуси ҳимояи шахсӣ, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар, ки ба шахси ҳимояшаванда дода мешаванд ва тартиби додани онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 538 "Оид ба тасдиқи Намудҳои воситаҳои махсуси ҳимояи шахсӣ, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар, ки ба шахси ҳимояшаванда дода мешавад ва тартиби додани онҳо" тасдиқ шудааст, баъд аз калимаи "муфаттиш," калимаҳои "роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ," илова карда шавад.

2. Дар банди 3 Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, № 101 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" тасдиқ шудааст, баъд аз калимаи "таҳқиқбаранда," калимаҳои "роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ," илова карда шавад.

3. Дар банди 2 Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 339 "Дар бораи тасдиқи Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд" тасдиқ шудааст, баъд аз калимаҳои "ё тафтишот," калимаҳои "роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ," илова карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 марти соли 2013, № 112

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Пункты 8) и 11) Видов специальных средств индивидуальной защиты, связи и оповещения об опасности, выдаваемых защищаемому лицу и порядка их выдачи, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2011 года, №538 "Об утверждении Видов специальных средств индивидуальной защиты, связи и оповещения об опасности, выдаваемых защищаемому лицу и порядок их выдачи" после слова "следователя," дополнить словами "руководителя органа, осуществляющего оперативно-розыскную деятельность,".

2. Пункт 3 Порядка защиты сведений об осуществлении государственной защиты участников уголовного судопроизводства, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2012 года, №101 "Об утверждении Порядка защиты сведений об осуществлении государственной защиты участников уголовного судопроизводства", после слова "дознавателем," дополнить словами "руководителем органа, осуществляющего оперативно-розыскную деятельность,".

3. Пункт 2 Порядка и размеров выплаты единовременных пособий участникам уголовного судопроизводства, в отношении которых применяются меры социальной поддержки, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2012 года, №339 "Об утверждении Порядка и размеров выплаты единовременных пособий участникам уголовного судопроизводства, в отношении которых применяются меры социальной поддержки", после слов "или следствия," дополнить словами "руководителя органа, осуществляющего оперативно-розыскную деятельность,".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе ,

от 2 марта 2013 года, № 112