Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд аз 30 июни соли 2012, № 339

Санаи амалкуни: 02.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2012, №339

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2012, №339

тасдиқ шудааст

Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 112)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 112)

1. Тартиби мазкур мутобики моддаҳои 3 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" таҳия гардида, тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақтаро ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ (минбаъд - шахси ҳимояшаванда) ҳангоми ба онҳо расонидани зарари ҷисмонӣ, гирифтани маъюбӣ ва ё дар сурати ба ҳалокат расидани (вафоти) шахси ҳимояшаванда дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ - ба аъзои оилаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, муайян менамояд.

2. Асос барои пардохти ёрдампулии яквақта ба шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоии мақомоте мебошад, ки дар бораи муқаррар намудани ҳимояи давлатии шахси ҳимояшаванда қарор қабул мекунад: суд (судя), прокурор, сардори мақомоти таҳқиқ ё тафтишот, роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар истеҳсолоти онҳо ариза (маълумот) дар бораи ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад, агар аз ҷониби қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 112).

3. Ҳангоми баровардани қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби мақоме, ки оид ба муқаррар намудани ҳимояи давлатӣ нисбати шахси ҳимояшаванда қарор қабул мекунад, хоҳиши шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) ҷиҳати интихоби ёрдампулиҳои яквақтаи андозаи муқарраргардида, ҳангоми мавҷудияти ҳуқуқ ба ёрдампулиҳои яквақтаи гуногун, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд, ба инобат гирифта мешавад.

4. Дар қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ асосҳои пардохти ёрдампулии яквақта ба андозаи муқарраршуда, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсияти гирандаро тасдиқ мекунад, ҳамчунин маълумоти ҳуқуқии (реквизити) ҳисобе, ки аз ҷониби шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсони дар таъминоти ӯ қарордошта) дар ташкилотҳои қарздиҳӣ кушода шудаанд ё номгӯ ва суроғаи бонки маҳалли зист ва ё манзили таъиннамудаи ӯ (ё аз рӯи интихоби шахсони мазкур) қайд карда мешаванд.

5. Қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мақоми ваколатдор) барои иҷро ва ҳамчунин ба шахсоне, ки нисбати онҳо қарори (таъиноти) мазкур бароварда шудааст, фиристода мешавад.

6. Ҳангоми ҳалокати (вафоти) шахси ҳимояшаванда, ки дар робита бо иштироки ӯ дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ ба вуқӯъ омадааст, ба аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда), ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, ёрдампулии яквақта дар ҳаҷми 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

7. Ҳангоми ба шахси ҳимояшаванда дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноӣ расондани зарари ҷисмонӣ (маъюбӣ) ё расондани дигар намуди зарар ба саломатии ӯ (ҷароҳат, осеб, контузия), ки боиси маъюбият гардидааст ва аз ҷониби мақомоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ гурӯҳи маъюбӣ муайян карда шудааст, чунин ёрдампулии яквақта пардохт карда мешавад:

...

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 июня 2012 года, №339

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 июня 2012 года, №339

Порядок и размеры

выплаты единовременных пособий участникам уголовного судопроизводства, в отношении которых применяются меры социальной поддержки

(в  редакции  постановления  Правительства  РТ  от 02.03.2013г.№ 112)

(в  редакции  постановления  Правительства  РТ  от 02.03.2013г.№ 112)

1. Настоящий Порядок разработан в соответствии со статьями 3 и 15 Законом Республики Таджикистан "О государственной защите участников уголовного судопроизводства" и определяет порядок и размеры выплаты единовременных пособий участникам уголовного судопроизводства (далее - защищаемое лицо), в отношении которых применяются меры социальной поддержки в случае нанесения им телесных повреждений, увечья, или в случае гибели (смерти) защищаемого лица в связи с его участием в уголовном судопроизводстве - членам семьи погибшего (умершего) и лицам, находившимся на его иждивении.

2. Основанием для выплаты единовременного пособия защищаемому лицу (членам семьи погибшего (умершего) защищаемого лица и лицам, находившимся на его иждивении является постановление (определение) о применении мер социальной поддержки органа, принимающего решение об установлении государственной защиты в отношении защищаемого лица: суда (судьи), прокурора, начальника органа дознания или следствия руководителя органа , осуществляющего оперативно-розыскную деятельность , в производстве которых находится заявление (сообщение) о преступлении либо уголовное дело, если иное не предусмотрено уголовно-процессуальным законодательством Республики Таджикистан (в  редакции  постановления  Правительства  РТ  от 02.03.2013г.№ 112).

3. При вынесении постановления (определения) о применении мер социальной поддержки со стороны органа, принимающего решение об установлении государственной защиты в отношении защищаемого лица, учитывается волеизъявление защищаемого лица (членов семьи погибшего (умершего) защищаемого лица и лиц, находившихся на его иждивении) о выборе единовременного пособия определенного размера, при наличии права на различные единовременные пособия, выплачиваемые в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

4. В постановлении (определении) о применении мер социальной поддержки указываются основания выплаты единовременного пособия в установленном размере, данные документа, удостоверяющего личность получателя, а также реквизиты счета, открытого защищаемым лицом (членами семьи погибшего (умершего) защищаемого лица и лицами, находившимися на его иждивении) в кредитных организациях, или наименование и адрес банка по месту жительства или назначаемом им пунктом (по выбору указанных лиц).

5. Постановление (определение) о применении мер социальной поддержки направляется в Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан (далее - уполномоченный орган) для исполнения, а также лицам, в отношении которых вынесено указанное постановление (определение).

6. В случае гибели (смерти) защищаемого лица, наступившей в связи с его участием в уголовном судопроизводстве, членам семьи погибшего (умершего) защищаемого лица и лицам, находившимся на его иждивении, выплачивается единовременное пособие в размере 500 показателей для расчетов, из государственного бюджета.

...