Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 88 "Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он

Мутобиқи моддаи 68 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Марказ Замин" ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеи он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар шакли муттаҳидсозӣ аз нав ташкил карда шуда, Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" бо корхонаҳои фаръӣ дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шавад.

2. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" бо корхонаҳои фаръӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру нохияҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал ва ҳангоми зарурат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

3. Бо мақсади гузаронидани расмиёти қабулу супоридани амвол, ҳуҷҷатҳо ва бойгонии корхонаҳои муттаҳидшуда, инчунин ҳалли масъалаҳои молиявӣ, кадрӣ ва гузаронидани дигар чорабиниҳо, тибқи замимаҳои 1 ва 2 комиссия таъсис дода шавад.

4. Ба инобат гирифта шавад, ки дар давраи гузариш то оғози амалисозии фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ мақомоти (ташкилотҳои) давлатие, ки бақайдгирии давлатиро дар лаҳзаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" анҷом медоданд, бақайдгирии давлатиро амалӣ менамоянд.

5. Шӯъбаи инвентаризатсияи техникӣ ва корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" гузаронида шаванд.

6. Ба Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Номгӯи корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 "Дар бораи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шавад:

а) Дар банди 4 Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз сархати сию якум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- муқаррар намудани асосҳои таъин ва тартиби барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ;

- муқаррар намудани асосҳои таъин ва тартиби ташхиси ҳуҷҷатҳои аслии барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшуда;

- муайян намудани тартиби баргузории аттестатсияи бақайдгирандагон;

- тасдиқ намудани шаклҳои сертификат ва шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз китоби бақайдгирӣ, тартиби таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои мазкур аз сохтакорӣ;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него

В соответствии со статьей 68 Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него", статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Преобразовать Государственное унитарное предприятие "Марказ Замин" и подчиненные дочерние государственные предприятия в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах в форме объединения с дочерними государственными предприятиями технической регистрации Государственного унитарного предприятия "Хочагии манзилию коммунали" в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах и создать Государственное унитарное предприятие "Регистрация недвижимого имущества" с дочерними предприятиями в ГорноБадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах.

2. Государственному комитету по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан в соответствии с законодательством Республики Таджикистан решить организационные и правовые вопросы Государственного унитарного предприятия "Регистрация недвижимого имущества" с дочерними предприятиями в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах и при необходимости представить предложения Правительству Республики Таджикистан.

3. В целях проведения процедуры приёма-сдачи имущества, документов, архива объединенных предприятий, а также решения финансовых, кадровых вопросов и проведения других мероприятий, создать комиссию согласно приложениям 1 и 2.

4. Учесть, что в переходный период до начала осуществления деятельности организаций по государственной регистрации государственная регистрация осуществляется государственными органами (организациями), осуществляющими государственную регистрацию на момент принятия Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него".

5. Отдел технической инвентаризации и дочерние государственные предприятия технической регистрации Государственного унитарного предприятия "Хочагии манзилию коммунали" в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах передать на баланс Государственного комитета по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан.

6. Внести в Положение, Структуру центрального аппарата и Перечень предприятий и учреждений системы Государственного комитета по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, № 225 "О Государственном комитете по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

а) Пункт 4 Положения о Государственном комитете по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан после абзаца тридцать первого дополнить новыми абзацами следующего содержания:

"- установление основания назначения и порядка технической инвентаризации недвижимого имущества, а также проверки характеристик недвижимого имущества при совершении регистрационных действий;

- установление основания назначения и порядка экспертизы подлинности документов, представляемых для осуществления государственной регистрации;

- определение порядка проведения аттестации регистраторов;

- утверждение форм сертификата и свидетельства (удостоверения) о государственной регистрации, выписки из регистрационной книги, порядка обеспечения защиты данных документов от подделки;

...