Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 103 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар сархати дуюми банди 3 калимаи "мотордор" ба калимаҳои ", ба гурӯҳи мотосиклҳо мансуббуда, инчунин воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад" иваз карда шавад;

- дар сархати дуюми банди 5 баъд аз калимаи "дар" калимаҳои "мақомоти иҷозатномадиҳанда ва" илова карда шавад;

- дар сархати дуюми банди 5, сархати якуми банди 6, банди 14, сархати якуми банди 20, сархати якуми банди 22, сархати якуми банди 23, сархати якуми банди 43, банди 47, сархати дуюми банди 58 ва сархати дуюми банди 60 баъд аз калимаҳои "воҳидҳои" ва "воҳиди" калимаҳои "бақайдгирию имтиҳонотии" илова карда шаванд;

- ба банди 5 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Бақайдгирии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ки барои тайёр ва бозомӯзии (баланд бардоштани савияи касбии) ронандагон машғуланд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ба роҳ монда шуда, назорат аз болои фаъолияти онҳо ва бақайдгирии гурӯҳҳои таълимӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.";

- дар банди 6 баъд аз калимаҳои "руйхати хонандагон" калимаҳои ", ки бо қайдҳои Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли истиқоматашон дар мавриди дар рӯйхат ҷой надоштани хонандаи аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта," илова карда шавад;

- сархати якуми банди 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"9. Ба супоридани имтиҳонот дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ шахсоне, ки мустақилона омодагӣ дидаанд, барои идоракунии воситаҳои нақлиёти мансуб ба категорияи "А" баъди ба синни 16 расидан, категорияи "В" (бе ҳукуқи кори кироя) баъди ба синни 18 расидан ва пардохти боҷи муқарраршуда роҳ дода мешаванд.";

- аз сархати дуюми банди 9 калимаҳои "ҳамчунин Шӯъбаи бақайдгирию имтиҳонотии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилоятҳо" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати якуми банди 10 баъд аз калима ва ҳарфҳои "категорияҳои "А", "В", "С" калимаҳои "баъди пешниҳоди маълумотнома оид ба гузаштани дарсҳои амалии малакаи ронандагӣ, вобаста ба категорияи дархостшаванда" илова карда шаванд;

- банди 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"15. Ба идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "А"; шахсоне, ки ба синни 16, категорияҳои "В", "С" инчунин мотоаробаҳо - ба синни 18 ва категорияҳои дигар - ба синни 21 расидаанд, роҳ дода мешаванд.";

- банди 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"18. Ронандагон ва номзадҳо ба ронандагӣ, ки имтиҳоноти назариявӣ ва амалиро дар Бозрасии давлатии автомобилӣ барои дараҷаҳои "В", "С", "D" супоридаанд, ба супоридани имтиҳоноти амалӣ барои гирифтани ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В" ва аз дараҷаи "Б" ба дараҷаҳои "А", "В", "С" бе бозомӯзии пешакӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баъди пардохти боҷ ва хизматрасонии муқарраршуда, инчунин гузаштани муоинан тиббӣ дар мӯҳлатҳои муайяншуда иҷозат дода мешаванд.";

- дар сархати якуми банди 20 калимаҳои "кори (1)" ва "қатори воситаҳои нақлиёт" мутобиқан ба калимаҳои "кори яксола*" ва "қатори воситаҳои нақлиёти ядакдор ё автобуси пайваста" иваз карда шуда, ҷумлаи "Зимнан, аз ронандагоне, ки шаҳодатнома бо сабтҳои иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои "В-С-D " доранд, имтиҳон дар автобуси пайваста қабул карда мешавад" хориҷ карда шавад;

- дар сархати чоруми банди 20 калимаҳои "хизмати хатми" ба калимаҳои "тибқи даъват хизматкунанда" иваз карда шавад;

- банди "2.6." банди "22" ҳисобида шавад;

- дар сархати 1 банди 23 рақами "1" ба рақами "9" иваз карда шавад;

- дар сархати сеюми банди 23 калимаи "акс" ба калимаи "расм" иваз карда шавад;

- сархати чоруми банди 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт;";

- ба банди 23 зербандҳои дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ ба мӯҳлати 3 сол, аммо на зиёда аз мӯҳлати эътиборнокии шаҳодатномаи ронандагии миллӣ дода мешавад.";

"Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ аз тарафи ронандаҳо ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ асноди зерин пешниҳод карда мешаванд:

- шаҳодатномаи ронандагии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи идоракунии категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёти дархостшаванда (ба истиснои шахсоне, ки дар қисми 2 банди 9 Низомнома зикр шудаанд);

- ду дона расм - ба андозаи 3,5 х 4,5 см дар коғази беҷило бо ҷои холӣ дар кунҷи рост;

- маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт;

- хати расиди (квитанция) муассисаи Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хазинаи амонатгузорӣ доир ба пардохти боҷу хироҷи муқарраршуда барои имтиҳонот ва варақаи шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ;

- шиноснома ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он.";

"Ба ронандагоне, ки дар давоми 12 моҳи охир воситаҳои нақлиётро идора кардаанд, додани шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ бе имтиҳоноти дахлдор анҷом дода мешавад. Асноде, ки идоракунии доимии воситаҳои нақлиётро тасдиқ мекунанд, дар банди 37 Низомнома нишон дода шудаанд.";

- банди "3.11." банди "25" ҳисобида шавад;

- банди 28 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"28. Сабтҳо дар ҷадвалҳои категорияҳои воситаҳои нақлиёт, ки барои идоракунии онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ дода мешавад, бо мӯҳри "бо навиштаҷоти ба категорияҳои зикршудаи воситаҳои нақлиёт мутобиқ" қайд карда мешаванд. Ҷадвалҳои дигар категорияҳои воситаҳои нақлиёт, ки барои идоракунии онҳо иҷозат дода нашудааст, бо мӯҳри "дорои навиштаҷоти "X" қайд карда мешаванд.";

- сархати якуми банди 31 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"31. Шогирдоне, ки техникум, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ё дигар муассисаҳои таълимиеро, ки ба тайёр намудани ронандагон машғуланд, хатм кардаанд, ҳамчунин даъватшавандагоне, ки аз тарафи Вазорати мудофиа барои таълими ронандагии воситаҳои нақлиёт ҷалб карда шудаанд, баъди хатми таълим ва гирифтани гувоҳномаҳои дахлдор дар Бозрасии давлатии автомобилӣ ба имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бо ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёти категорияи дахлдор баъди расидан ба синни муқаррарнамудаи банди 15 Низомнома роҳ дода мешаванд";

- банди 35.1 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"35.1 Иваз кардани расм дар шаҳодатномаи ронандагӣ дар асоси пешниҳоди ариза (тибқи Замимаи 6), маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор будани ронанда ва шаҳодатномаи ронандагӣ анҷом дода мешавад.

Шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста мешаванд*.

Эзоҳ: Шаҳодатномаҳои ронандагие, ки мӯҳлати эътиборнокиашон баъди мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур гузаштаанд, то 31 декабри соли 2013 эътибор доранд.";

- дар сархати якуми зербанди дуюми банди 37 калимаи "қайд" ба калимаи "вобаста" иваз карда шавад;

- дар банди 39 калимаи "гувоҳномаи" ба калимаи "шаҳодатномаи" иваз карда шавад;

- банди 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"41. Дар сурати гум шудани шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи нав бо сабти "Нусхаи дуюм" аз тарафи воҳиди бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти шаҳрванд дар асоси ариза бо қайди воҳиди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар хусуси дар рӯйхати шахсони аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта мавҷуд набудан, варақаи ронандагӣ, маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолатҳои зарурат бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълимӣ ё тасдиқнома аз Бозрасии давлатии авгомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилие, ки шаҳодатномаи ронандагии пешинаро додааст, дода мешавад.";

- дар сархати дуюми банди 42 калимаи "қонунвайронкунии" ба калимаи "ҳуқуқвайронкунии" иваз карда шавад;

- дар сархатҳои якум ва дуюми бандҳои 48 ва 49 калимаи "ягона" ба калимаҳои "намунаи нави" иваз карда шаванд.;

- дар зербанди сеюми банди 49 калимаҳои "намунаи кӯҳна" ба калимаҳои "қаблан додашуда" иваз карда шаванд;

- дар банди 54 калимаи "байналхалқиро" ба калимаи "байналмилалиро" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "воҳидҳои" калимаҳои "бақайдгирию имтиҳонотии" илова карда шаванд;

- дар номи боби VI баъд аз калимаи "Тартиби" калимаи "тайёр," илова карда шавад;

- дар банди 56 баъд аз калимаи "ронандагӣ" калимаҳои ", талонҳо ба онҳо, иҷозатномаҳои муваққатӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, инчунин гувоҳномаҳо дар бораи хатми курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёт" илова карда шаванд;

- дар банди 57 баъд аз калимаи "муваққатӣ" калимаҳои "ва шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, инчунин гувоҳномаҳо дар бораи хатми курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёт" илова карда шаванд;

- дар банди 58 баъд аз калимаи "муваққатӣ" калимаҳои ", инчунин шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ ва гувоҳномаҳо дар бораи хатми курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёте" илова карда шаванд;

- банди 59 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"59. Барои тайёр намудани гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълими ронандагони воситаҳои нақлиёт, китобчаҳои (варақаҳои) шаҳодатномаҳои ронандагӣ, талонҳо ба онҳо, иҷозатномаҳои муваққатӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фармоишгари давлатӣ амал карда, танзими масъалаҳои вобаста ба фармоишдиҳӣ ва тайёр кардани онҳо, инчунин варақаҳоеро, ки бо замимаҳои 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 ба Низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, анҷом медиҳад.";

- зербанди якуми банди 60 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"60. Асноде, ки дар асоси онҳо шаҳодатномаҳои ронандагӣ дода шудаанд ва иваз карда шудаанд (аризаҳо, шаҳодатномаҳои ронандагии кӯҳна, хатҳои расид ва ғайра), дар ҷузъгирҳои алоҳида дӯхта, мувофиқи тартиби муқарраргардида ду сол нигоҳ дошта мешаванд. Рӯйхатҳои шогирдони гурӯҳҳои таълимӣ бо ҳамин тартиб даҳ сол нигоҳ дошта мешаванд.".

2. Замимаи 3 Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 марти соли 2013, № 103

ш. Душанбе