Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 93 "Дар бораи Номгӯи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд"

Санаи амалкуни: 28.07.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 368)

Бо мақсади иҷрои моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи замимагардидаи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд, тасдиқ карда шавад.

2. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 591 "Дар бораи тасдиқи "Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд" ва аз 1 октябри соли 2007, № 489 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи техникаи кишоварзии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандае, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд" аз эътибор соқит дониста шаванд.

3. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 марти соли 2013, № 93

ш. Душанбе

Замима