Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Мутобиқи моддаи 68 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Марказ Замин" ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеи он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар шакли муттаҳидсозӣ аз нав ташкил карда шуда, Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" бо корхонаҳои фаръӣ дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шавад.
2. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" бо корхонаҳои фаръӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру нохияҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал ва ҳангоми зарурат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
3. Бо мақсади гузаронидани расмиёти қабулу супоридани амвол, ҳуҷҷатҳо ва бойгонии корхонаҳои муттаҳидшуда, инчунин ҳалли масъалаҳои молиявӣ, кадрӣ ва гузаронидани дигар чорабиниҳо, тибқи замимаҳои 1 ва 2 комиссия таъсис дода шавад.
4. Ба инобат гирифта шавад, ки дар давраи гузариш то оғози амалисозии фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ мақомоти (ташкилотҳои) давлатие, ки бақайдгирии давлатиро дар лаҳзаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" анҷом медоданд, бақайдгирии давлатиро амалӣ менамоянд.
5. Шӯъбаи инвентаризатсияи техникӣ ва корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" гузаронида шаванд.
6. Ба Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Номгӯи корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 "Дар бораи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шавад:
а) Дар банди 4 Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз сархати сию якум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- муқаррар намудани асосҳои таъин ва тартиби барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ;
- муқаррар намудани асосҳои таъин ва тартиби ташхиси ҳуҷҷатҳои аслии барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшуда;
- муайян намудани тартиби баргузории аттестатсияи бақайдгирандагон;
- тасдиқ намудани шаклҳои сертификат ва шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз китоби бақайдгирӣ, тартиби таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои мазкур аз сохтакорӣ;
- муайян намудани тартиб ва шак ли пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби баҳисобгирии иттилооти додашуда;
- бо тартиби муқарраргардида додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникии марбут ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
- якҷоя бо мақомоти давлатии ҷумҳуриявии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани маҷмӯи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
- таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатӣ, инвентаризатсияи техникӣ ва бақайдгирии ҳуқуқии қитъаҳои замин, биноҳо, иншоот, фонди манзил, шабакаҳои мухандисӣ, иншооти ободонии атроф, бино ва иншооте, ки сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти нуқтаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва ғайра истифода гардида, дар ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор доранд;
- тасдиқ намудани тартиби бақайдгирии шартномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи шартномаҳои гарави молу мулки ғайриманқул".
б) Дар Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Котибот (бо ҳуқуқи бахш)".
в) Дар Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225, тасдиқ шудааст, калимаҳои "Корхонаи воҳиди давдатии "Марказ Замин" бо корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо" ба калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" ва корхонаҳои давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо" иваз карда шавад.
7. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 марти соли 2013, № 88
ш. Душанбе
Замима 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013,№ 88
Комиссия оид ба қабулу супоридани амвол, ҳуҷҷатҳо ва бойгонии корхонаҳои муттаҳидшуда
Раиси Комиссия - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон;
Муовини раиси Комиссия - мудири Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои Комиссия:
1. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
7. Мудири Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Мудири Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Муовини мудири Шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эзоҳ: Ба раиси Комиссия иҷозат дода шавад, ки ҳангоми зарурат намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдорро ҷалб намояд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 88
Комиссияи корӣ оид ба қабулу супоридани амвол, ҳуҷҷатҳо ва бойгонии корхонаҳои муттаҳидшуда
Раиси Комиссияи корӣ - муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддинов А.Ю.
Муовини Раиси Комиссияи корӣ - муовини Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинов Н.Б.
Аъзои Комиссия:
1. Муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Султонова М.М.
2. Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Марказ Замин"-и Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ Қаҳоров А.Н.
3. Мудири бахши Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эшбоев Ҷ.Х.
4. Сармутахассиси Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров И.Д.
5. Сармутахассиси Шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамов Б.Ҳ.
6. Сардори Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳои Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ Холов Н.С.
7. Сармутахассиси Шӯъбаи инвентаризатсияи техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Самадов X.
8. Сармутахассиси Шӯъбаи инвентаризатсияи техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Шарифов С.
9. Сардори Шӯъбаи сиёсати буҷет дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии коммуналии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқова 3.
10. Мудири бахши бақайдгирии шартномаҳои гарави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаюров Ш.
11. Мутахассиси пешбари Раёсати моликияти давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Ф.