Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади такмил додани механизми барасмиятдарории гумрукӣ ва мукаммал гардонидани андозбандии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби шахсони воқеӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544 тасдиқ гардидааст, бандҳои 13, 14 ва 18 хориҷ карда шаванд.
2. Қарори мазкур аз 1 феврали соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 декабри соли 2012, № 788
ш. Душанбе