Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз 29 декабри соли 2012, № 772

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2015 № 551 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 772

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362, аз 5.11.2014 № 709)

1. Муқарррароти умумӣ

1. Қоидаҳои мазкур дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ", "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, тартиби таҷдиди арзёбӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташударо, ки то 1 январи соли 1999 ба даст оварда шудаанд, муқаррар менамояд.

2. Конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавӣ ба сармояи шартии нафақавӣ ва ҳисобӣ шудани он ба ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда ба ҳамаи ашхоси суғурташуда, ба истиснои мардони то 1 январи соли 1954 ва занони то 1 январи соли 1959 таваллудшуда, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 1999 меҳнат кардаанд, дар ҳолати баромадан ба нафақа аз рӯи синну сол аз рӯи меъёрҳои муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон" амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362).

3. Меъёрҳои Қоидаҳои мазкур, ки ба кормандони кироя иртибот доранд, ҳамзамон ба шахсони машғули фаъолияти инфиродӣ ва соҳибкорӣ низ татбиқ мегарданд.

Конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда  аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362, аз 5.11.2014 № 709).

2. Мафҳумҳои асосӣ

4. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии мазкур истифода мешаванд:

- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба манфиати ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии нафақавӣ анҷом дода мешавад;

- конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавӣ - таҷдиди арзёбии ҳуқуқи нафақавии бадастовардаи шаҳрвандон ба ифодаи пулӣ ба ҳолати 1 январи соли 1999, эквивалентӣ маблағи саҳмҳои нафақавии пардохтгардида (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362);

- сармояи шартии нафақавӣ- ҳаҷми умумии саҳмҳои суғуртавие, ки ба ҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои шахси суғурташуда гузаронида шудааст;

- индексатсия- тағйир додани андозаи сармояи шартии нафақавӣ бинобар афзоиши таваррум ва музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ;

- собиқаи корӣ - давомнокии фаъолияти меҳнатӣ ё ҷамъиятие, ки бо тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ ҳисобӣ мегардад;

- мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ - воҳиди сохтории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).

3. Тартиби муроҷиати шахсони суғурташуда

5. Ҳангоми муроҷиат барои таъини нафақа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ҳамзамон бо ариза ва ҳуҷҷатҳо барои таъиноти нафақа ба мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳалли зист аз ҷониби шахси суғурташуда инчунин ариза (замимаи 1) ва ҳуҷҷатҳои барои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавӣ зарурӣ (маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999) низ пешниҳод карда мешаванд.

6. Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад аз конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии худ тавассути пешниҳоди аризаи намунаи тасдиқгардида даст кашад (замимаи 2).

7. Ариза аз ҷониби мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардида пуррагӣ ва саҳеҳии маълумоти дар ариза зикргардида санҷида мешавад.

8. Санаи бақайдгирии ариза аз рӯзи ба мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод кардани маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

9. Мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо дар рӯзи муроҷиат:

- саҳеҳии ба расмият даровардани ариза ва ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мувофиқат доштани маълумоти дар он зикргардидаро месанҷад;

- дар сурати пешниҳоди ариза бидуни ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ё ошкор намудани ихтилофот дар байни маълумоти дар ариза нишондодашуда ва маълумоти дар ҳуҷҷатҳо зикргардида, инчунин ҳангоми вайрон кардани талаботи пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур, аризаро бармегардонад;

- аризаи шахси суғурташударо ба қайд гирифта, дар ин бора забонхат - огоҳинома медиҳад.

10. Мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ дар муддати сӣ рӯзи баъди қабул ва бақайдгирии ариза нусхаи қарорро дар бораи ба суратҳисоби инфиродӣ ҳисобӣ шудани маблағи сармояи шартии нафақавӣ аз рӯи намунаи тасдиқшуда медиҳад (замимаи 3).

11. Дар ҳолати рад намудани конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташуда мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ дар мӯҳлати 3 рӯзи баровардани қарор дар бораи раддия ба аризадиҳанда қарори рад намуданро бо зикри сабаби он ва тартиби шикоят намудан медиҳад (замимаи 4).

12. Баргардонидани ҳуҷҷатҳои барои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавӣ пешниҳодшуда ба тарзе анҷом дода мешавад, ки тасдиқ кардани далел ва санаи баргардонидани онҳо имконпазир бошад. Ҳангоми баргардонидани ҳуҷҷатҳо сабабҳои баргардонидани онҳо нишон дода шуда, тавзеҳоти зарурӣ дода мешавад.

4. Тартиби баррасии аризаи шахсони суғурташуда

13. Ариза оид ба конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқи нафақавии шахсони суғурташуда ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ бо тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур дар муддати даҳ рӯзи баъди ворид гардидани он баррасӣ мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ оид ба ҳисобӣ кардан ё накардани маблағҳо ба ҳисобномаи инфиродии шахсии шахси суғурташуда қарор бароварда мешавад.

14. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362).

15. Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар муддати 10 рӯзи корӣ баъди қабули ариза ва маълумот дар бораи собиқаи меҳнатии шахси суғурташуда:

- мувофиқати шахсонеро месанҷад, ки доир ба конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавӣ ариза додаанд;

- маблағи ба ҳисобномаи инфиродии шахсии шахси суғурташуда гузарондашавандаро ҳисобу китоб мекунад;

- индексатсияи сармояи шартии нафақавии бо рақами мушаххаси суғуртавӣ ба ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда гузаронидашударо анҷом медиҳад;

- зимни мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур дар бораи гузаронидан ё нагузарондани маблағ қарор мебарорад;

- маблағи умумии сармояи шартии нафақавиро, ки дар ҳисобномаи инфиродии шахсии шахси суғурташуда ба ҳисоб гирифта шудааст, муайян менамояд;

- нусхаи қарорро оид ба гузаронидан ё нагузаронидани маблағ ба ҳисобномаи шахси суғурташуда ба мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ ирсол менамояд.

16. Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар ҳолати зарурӣ дархостҳоро доир ба аниқ намудани маълумот ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд (замимаи 5), санҷиши мутақобиларо дар ҷойи кор, ки шахси суғурташуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудааш дарҷ намудааст, мегузаронад.

17. Дар ҳолати ба миён омадани зарурати санҷиши иловагӣ, мӯҳлатҳои баррасии ариза, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" пешбинӣ шудааст, истифода мегардад.

18. Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ метавонад аз рӯи асосҳои зерин дар бораи конвертатсия (бадалкунӣ) накардани ҳукуқҳои нафақавии шахси суғурташуда қарор барорад;

а) ошкор шудани ихтилофи байни маълумоти дар ариза дарҷгардида ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида;

б) сабтҳои ғалат ё носаҳеҳи дар дафтарчаи меҳнатӣ ба расмият даровардашуда оид ба давраҳои кор;

в) пешниҳоди ҳуҷҷатҳои носаҳех;

г) мавҷуд набудани дафтарчаи меҳнатӣ;

д) ҳангоми муроҷиати такрории шахси суғурташуда баъди конвертатсия (бадалкунӣ) намудани ҳуқуқҳои нафақавии ӯ;

е) дар дигар ҳолатҳои вайронкунии талаботи пешбининамудаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ", Қоидахои мазкур ё Низомномаи тартиби таъйиди собиқаи меҳнатӣ барои таъини нафақа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709);

ё) мавҷуд набудани маълумотнома аз суратҳисоби инфиродӣ.

19. Маълумот оид ба гузаронидани маблағ баъди конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқи нафақавӣ дар ҳисобномаи захиравии шахсии шахси суғурташуда инъикос мегардад.

20. Нусхаи қарори бо тартиби муқарраргардида тасдиқгашта дар бораи гузаронида шудани маблағ ба суратҳисоби инфиродии шахсӣ дар мӯҳлати ду рӯз баъди қабули қарор ба мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии ҷои истиқомати шахси суғурташуда ирсол карда мешавад. Дар мӯҳлати на кам аз панҷ рӯзи корӣ баъди қабули қарор, нусхаи мазкур аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии ҷои истиқомат ба шахси суғурташуда ба тарзе фиристода мешавад, ки далел ва санаи фиристодани нусхаи қарорро тасдиқ намояд.

21. Аризаю ҳуҷҷатҳо ва қарорҳои дар Қоидаҳои мазкур пешбинигардида бо тартиби муқарраргардида нисбат ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва асноди нафақавӣ нигоҳ дошта мешавад.

5. Ҳисоб кардани собиқаи корӣ

22. Ҳуҷҷатҳои асосии тасдиқкунандаи собикаи корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҳисоб меравад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362).

23. Ба собиқаи кори шахси суғурташуда, ки таҷдиди арзёбӣ ба ифодаи пулӣ мегардад, давраи фаъолияти меҳнатии ӯро то 1 январи соли 1999 медарояд.

24. Собиқаи кор мувофиқи фасли VI Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳисоб карда мешавад.

25. Дар сурати бо сабабҳои ба шахси суғурташуда новобаста: офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ, сӯхтор ва ғайра), ҳолатҳои фавқулодда, амалиёти ҳарбӣ, нобуд шудани ҳуҷҷатҳои фаъолияти меҳнатӣ ё ин ки мавҷуд набудани ягон ҳуҷҷат дар ҷои кор ва ё Сарраёсати Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқаи кор бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома тартиби таъйиди собиқаи кор барои таъини нафақа, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 1994, № 45 ба тасвиб расидааст, тасдиқ карда мешавад.

6. Ҳисобӣ намудани музди меҳнати миёнаи шахси суғурташуда

26. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи музди меҳнат ин ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва фармонҳои истеҳсолии кордиҳандагон тартиб дода шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

27. Ба даромад барои конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ пардохти меҳнат аз рӯи ҷои кори асосӣ дохил мегардад.

28. Даромаде, ки илова ба пардохти музди меҳнати асосӣ гирифта шудааст, барои ҳисобӣ намудани музди миёнаи меҳнати моҳона истифода бурда намешавад.

29. Музди миёнаи меҳнати шахси суғурташуда барои конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ барои тамоми давраи собиқаи корӣ мутобиқи боби 5 Қоидаҳои мазкур тасдиқшуда барои давраи то 1 январи соли 1992 ҳисобӣ мешавад.

30. Музди миёнаи меҳнати шахси суғурташуда бо роҳи тақсими маблағи умумии даромад барои моҳҳои воқеии тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад.

31. Ҷамъоварии маълумотҳои музди меҳнат барои давраи то 1 январи соли 1992 аз ҷониби худи шахси суғурташуда амалӣ мегардад.

7. Хориҷ карда шуд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362)

32. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362)

33. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362)

34. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362)

8. Тартиби ҳисобӣ намудани сармояи шартии нафақавӣ

35. Собиқаи меҳнатии шахси суғурташуда дар асоси маълумоти дафтарчаи меҳнатӣ ва маълумотномаҳои музди меҳнаташ ҳдсоб карда мешавад. Миқдори солҳои фаъолияти меҳнатӣ муайян карда шуда, ба шахси суғурташуда ҳисобӣ карда мешавад.

36. Сармояи шартии нафақавӣ бо сомонӣ то соли 1999 аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362):

СШН1999 = Кшахсӣ *К +1992 * 40 + К-1992*20 + К1992-1999 * 60, ки

Кшахсӣ - коэффитсенти шахсӣ, ки ҳамчун таносуби музди миёнаи меҳнати шахси суғурташуда барои давраи то 1 январи соли 1992 ба 179 (бо рубли шуравӣ) ҳисобӣ карда мешавад.

К+1992 - шумораи моҳҳои собиқаи меҳнатии шахси суғурташуда то 1 январи соли 1992, ки барои он маълумот оид ба музди меҳнат пешниҳод карда шудааст;

К-1992- шумораи моҳҳои собиқаи меҳнатии шахси суғурташуда то 1 январи соли 1992, ки барои он маълумот оид ба музди меҳнат пешниҳод нагардидааст;

К1992 -1999 - миқдори моҳҳои собиқаи меҳнатӣ аз 1 январи соли 1992 то 1 январи соли 1999;

40 - саҳми суғурта бо сомонӣ, ки ба шахси суғурташуда барои ҳар як моҳи собиқаи меҳнатӣ ҳангоми мавҷудияти маълумот оид ба музди меҳнат ҳисобӣ мешавад;

20 - саҳми суғурта бо сомонӣ, ки ба шахси суғурташуда барои ҳар як моҳи собиқаи меҳнатӣ ҳангоми пешниҳод накардани маълумоти музди меҳнат ҳисобӣ мешавад;

60 - саҳми суғурта бо сомонӣ, ки ба шахси суғурташуда барои ҳар як моҳи собиқаи меҳнатӣ аз 1 январи соли 1992 то 1 январи соли 1999 ҳисобӣ шудааст.

2. Сармояи шартии нафақавии то соли 1999 бадастомада бо тартиби қоидаҳои дастурамали мазкур индексатсия карда мешавад.

3. Ба ҳолати 1 январи соли 2013 ба суратҳисоби шахсии шахсони суғурташуда сармояи шартии нафақавии муосир ба андозаи

СШН2013 = СШН1999 + S, ки

СШН1999 - сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 1999, ки баъд аз конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии он ба даст омадааст;

S - маблағе, ки баъд аз индексатсияи сармояи шартии нафақавии то соли 1999 ҳосил шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362).

37. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362)

38. Барои шахсони суғурташудае, ки маълумотро доир ба даромадро надоранд то давраи 1992, аммо ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда доир ба собиқаи корӣ конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ аз рӯи формулаи навбатӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362).

СШН1999 = К1992 *10+К1992- 1999 * 60, ки

К1992 - шумораи моҳҳои собиқаи меҳнатӣ то 1 январи соли 1992;

К1992-1999 - шумораи моҳҳои собиқаи меҳнатии шахси суғурташуда аз 9 сентябри соли 1992 то 1январи соли 1999;

10 - саҳми суғурта бо сомонӣ, ки ба шахси суғурташуда барои ҳар як моҳи собиқаи меҳнатӣ барои давраи то 1 январи соли 1992 ҳисобӣ шудааст;

60 - саҳми суғурта бо сомонӣ, ки ба шахси суғурташуда барои ҳар як моҳи собиқаи меҳнатӣ аз 1 январи соли 1992 то 1 январи соли 1999 ҳисобӣ шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362).

39. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362).

9. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ

40. Сармояи шартии нафақавии ба суратҳисоби шахсии шахси суғурташуда ҳар сол аз 1 январи соли 2000 то 1 январи соли 2013 ба андозаи 13 фоиз индексатсия карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362).

41. Коэффитсиенти индексатсияи сармояи шартии нафақавии то соли 1999 ба андозаи 1,69 муқаррар карда шуда, аз рӯи формулаи зерин ҳисобӣ карда шавад:

S = 1,69 * СШН1999

42. Маблағи пешбинишуда мувофиқи боби 8 Қоидаҳои мазкур, ба сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда, ки барои таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ истифода мегардад, гузаронида мешавад.

10. Назорати гузаронидани маблағ

43. Ба дуруст ҳисобӣ шудан ва дуруст ба ҳисобномаи шахсии шахсони суғурташуда гузаронидани маблағе, ки онҳо баъд аз конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавиашон гирифтаанд, раёсатҳои аудити дохила ва баҳисобгирии инфиродии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоте, ки чунин ваколатҳоро дорад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 362аз 5.11.2014 № 709).

11. Ҳалли баҳсҳо ва тартиби шикоят бурдан

44. Аз қарори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ оид ба ҳисобӣ кардан ё накардани маблағ, инчунин масъалаҳои баҳсноки бамиёномада доир ба тартиби конвертатсия (бадалкунӣ) ва муқаррар намудани андозаи он ба мақомоти болоии суғуртаи иҷтимоӣ метавон шикоят кард. Дар сурати розӣ набудан ба қарори аз рӯи шикоят баррасишуда ба суд муроҷиат кардан мумкин аст.

45. Тамоми баҳсҳои ҳуқуқию шаҳрванди байни муассисаи суғурта, суғуртакунанда ва шахсони суғурташуда дар бораи ҳифзи ҳуқуқи риоянашуда ё баҳсноки молумулкии конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавӣ бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.

Ниг. ба Замимаҳои 1-5