Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 771 "Дар бораи Қоидаҳои тайёр намудани мӯҳрҳо, гузоштани мӯҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои тайёр намудани мӯҳрҳо, гузоштани мӯҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 26 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои тайёр намудани мӯҳрҳо, гузоштани мӯҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ба банди 6 Низомномаи низоми шиноснома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 302 тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- рақами мушаххаси андозсупоранда оид ба дар мақомоти андоз ба ҳисоб (ба қайди андозӣ) гузоштан".

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он ҳангоми додани шиноснома ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

4. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2012, № 771

ш. Душанбе