Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2012, № 771
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои тайёр намудани мӯҳрҳо, гузоштани мӯҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қоидаҳои мазкур тартиби тайёр намудани мӯҳрҳо, гузоштани мӯҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупорандаро дар шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамоянд.
2. Мӯҳрҳои сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрвандӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар мақоми андоз мутобиқи рамзи фарқкунандаи он тайёр карда мешаванд.
Хароҷоти тайёр намудани мӯҳрҳои сабти рақами мушаххаси андозсупоранда аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад.
3. Мӯҳр шакли росткунҷа дошта, бо андозаи 73 мм ба 38 мм ва навишти зерин тайёр карда мешавад:
+--------------------------------------------------------------------ҷ
| Рақами мушаххаси андозсупоранда |
| |
| +------+------+------+------+------+------+------+------+-----ҷ |
| | | | | | | | | | | |
| +------+------+------+------+------+------+------+------+-----+ |
| |
| _________________________________ ___________ |
| (ном ва насаби шахси масъул) (имзо) |
| +-ҷ+-ҷ |
| | || | |
| Рамзи мақомот +-++-+ Санаи сабт "__"_____________ 20__ |
+--------------------------------------------------------------------+
4. Ҳангоми ба ҳисоб (ба қайди андозӣ) гузоштани шаҳрвандон мақоми андоз дар шиносномаҳои шаҳрвандии онҳо рақами мушаххаси андозсупорандаро сабт менамояд.
5. Рақами мушаххаси андозсупоранда дар фасли "Қайдҳои махсус"и шиносномаи шаҳрвандӣ сабт карда мешавад.
6. Сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар дигар варақаҳои шиносномаи шаҳрвандӣ қатъиян манъ аст.
7. Дар мавриди аз ҷониби шахси воқеӣ пешниҳод намудани Шаҳодатномаи аслӣ дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (ва ё нусхаи он), мақомоти андоз ӯҳдадор аст, ки бо
тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур дар шиноскомаи шаҳрвандӣ рақами мушаххаси андозсупорандаро сабт намояд.
8. Ҳангоми муайян намудани сабти нодурусти (хатои) рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрвандӣ, мақоми андоз ӯҳдадор аст, ки сабти хаторо ислоҳ намояд.
9. Ислоҳи сабти рақами мушаххаси андозсупоранда бо навишти "Хато" сабт карда шуда, бо мӯҳри мақоми андоз тасдиқ карда мешавад.
10. Ҷиҳати сари вақт ба ҳисоб (ба қамди андозӣ) гузоштани шаҳрвандон сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ӯҳдадоранд оид ба ҳодисаҳои шиносномаҳои шаҳрвандӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ивази шиносномаҳои гумшуда ё мӯҳлати амалашон баохиррасида, инчунин бекор кардашуда ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, тибқи замимаи Қоидаҳои мазкур маълумот диҳанд.
11. Дар асоси маълумоти сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ мақомоти андоз ӯҳдадор аст, ки бо мақсади саривақт ба ҳисоб (ба қайди андозӣ) гузоштани шаҳрвандони ба синни 16-солагӣ расида ҷиҳати таъмини онҳо дар маҳалли зисти доимӣ бо рақами мушаххаси андозсупоранда чораҳои дахлдор андешад.
Инчунин, дар асоси маълумоти мазкур оид ба ивази шиносномаҳои гумшуда ё мӯҳлати амалашон баохиррасида, инчунин бекор кардашуда ба Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид менамояд.
12. Пешниҳоди маълумот оид ба ҳодисаҳои додани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ивази шиносномаҳои гумшуда ё мӯҳлати амалашон баохиррасида, инчунин бекор кардашуда метавонад бо тариқи электронӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
Замима
ба Қоидаҳои тайёр намудани мӯҳрҳо,
гузоштани мӯҳрҳо ва ба расмият
даровардани сабти рақами мушаххаси
андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрвандии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маълумот оид ба шиносномаҳои (шаҳрвандии) додашуда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистони ба синни 16 сола расида
+-+---+-------+----------+-------------+----------+---------+--------ҷ
|№|Ном| Насаб |Номи падар|Рӯз, моҳ ва | Маҳалли |Силсила |Санаи |
| | | | |соли таваллуд| истиқомат|ва рақами|додашуда|
| | | | | | |шиноснома| |
+-+---+-------+----------+-------------+----------+---------+--------+
| | | | | | | | |
+-+---+-------+----------+-------------+----------+---------+--------+
| | | | | | | | |
+-+---+-------+----------+-------------+----------+---------+--------+
2. Маълумот оид ба ивази шиносномаҳои (шахрвандии) гумшуда ё ин, ки мӯҳлати амалашон баохиррасида, инчунин бекоркардашуда
+-+---+-----+-----+---------+----------------+---------------+-------ҷ
| | | | | |Шиносномаи кӯҳна|Шиносномаи нав |Маҳали |
|№|Ном|Насаб|Номи |Рӯз, моҳ +----------+-----+---------+-----+исти- |
| | | |падар|ва соли |Силсила |Санаи|Силсила |Санаи|қомат |
| | | | |таваллуд |ва рақами |дода-|ва рақами|дода-| |
| | | | | |шиноснома |шуда |шиноснома|шуда | |
+-+---+-----+-----+---------+----------+-----+---------+-----+-------+
| | | | | | | | | | |
+-+---+-----+-----+---------+----------+-----+---------+-----+-------+
| | | | | | | | | | |
+-+---+-----+-----+---------+----------+-----+---------+-----+-------+
Правила подготовки штампов, проставления штампа и оформления записи идентификационного номера налогоплательщика в паспорте гражданина Республики Таджикистан
1. Настоящие Правила определяют порядок подготовки штампов, проставления штампа и оформления записи идентификационного номера налогоплательщика в паспорте гражданина Республики Таджикистан.
2. Штампы записи идентификационного номера налогоплательщика в паспорте гражданина изготавливаются Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан для каждого налогового органа в соответствии с его различительным кодом. Расходы по изготовлению штампов записи идентификационного номера налогоплательщика покрываются за счет специальных средств Налогового комитета при Правительстве Таджикистан.
3. Штамп имеет прямоугольную форму, размером 73 мм на 38 мм и изготавливается со следующей надписью:
+--------------------------------------------------------------------ҷ
| Идентификационный номер налогоплательщика |
| |
|+-----+-----+-----+----+----+----+----+----+----+-----+----ҷ |
|| | | | | | | | | | | | |
|+-----+-----+-----+----+----+----+----+----+----+-----+----+ |
| |
| ------------------------------ ---------- |
| (имя и фамилия ответственного лица) (подпись) |
| |
| Код орг: Дата записи "--"--------20---- |
| |
+--------------------------------------------------------------------+
4. При постановке на учет (налоговой регистрации) граждан, налоговый орган проставляет запись идентификационного номера налогоплательщика в их гражданском паспорте.
5. Запись идентификационного номера налогоплательщика проставляется в паспорте гражданина, в разделе "Особые отметки".
6. Проставление записи идентификационного номера налогоплательщика па других страницах паспорта гражданина категорически запрещено.
7. В случае предоставления физическим лицом оригинала Свидетельства (или его копии) о выдаче идентификационного номера налогоплательщика, налоговые органы обязаны в соответствии с порядком, установленным настоящими Правилами произвести запись идентификационного номера налогоплательщика в паспорте гражданина.
8. В случае выявления неправильной (ошибочной) записи идентификационного номера налогоплательщика в паспорте гражданина, налоговый орган обязан исправить ошибочную запись.
9. Исправление записи идентификационного номера производится с записью "Ошибка", и утверждается печатью налогового органа.
10. В целях своевременной постановки на учет (налоговой регистрации) граждан, структурные подразделения органов внутренних дел обязаны сообщать о фактах выдачи гражданам Республики Таджикистан общегражданских паспортов, в том числе взамен утерянных, либо с истекшим сроком действия, а также об аннулированных паспортах в налоговые органы по месту своего нахождения до 15-го числа месяца, следующего за отчетным кварталом, в соответствии с приложением к настоящим Правилам.
11. На основании сведений структурных подразделений органов внутренних дел, налоговые органы, в целях своевременной постановки на учет (налоговой регистрации) граждан достигших 16 летнего возраста, обязаны принять соответствующие меры по обеспечению их идентификационным номером налогоплательщика па постоянном месте жительства.
А также, на основании данных сведений о замене утерянных, либо с истекшим сроком действия, и аннулированных паспортах, вносит соответствующие изменения и дополнения в Единый государственный реестр налогоплательщиков.
12. Предоставления информации о фактах выдачи гражданам Республики Таджикистан общегражданских паспортов, в том числе взамен утерянных либо с истекшим сроком действия, а также об аннулированных паспортах может осуществляться в электронном виде в порядке, определенном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан и Налоговым комитетом при Правительстве Республике Таджикистан.
Приложение
к Правилам подготовки штампов
проставления штампа и оформления
записи идентификационного номера налогоплатильщика
в паспорте гражданина Республики Таджикистан
1.Сведения о паспортах выданных гражданам Республики Таджикистан,
достигшим 16 летнего возраста
+--+----+-------+---------+---------+----------+-------------+------ҷ
|№ |Имя |Фамилия|Отчество |День, |Место |Серия и номер|Дата |
| | | | |Месяц, |жительства|паспорта |выдачи|
| | | | |и год | | | |
| | | | |рождения | | | |
+--+----+-------+---------+---------+----------+-------------+------+
| | | | | | | | |
+--+----+-------+---------+---------+----------+-------------+------+
| | | | | | | | |
+--+----+-------+---------+---------+----------+-------------+------+
2. Сведения об замене утерянных, либо с истекшим сроком действия, а также об аннулированных паспортах
+--+----+-------+--------+---------+--------------+-------------+---ҷ
|№ |Имя |Фамилия|Отчество|День, |Старый паспорт|Новый паспорт|При|
| | | | |Месяц, +--------------+-----+-------+ме-|
| | | | |и год |Серия |Дата |Серия|Дата |ча-|
| | | | |рождения |и но- |выдачи |и но-|выдачи |ние|
| | | | | |мер | |мер | | |
| | | | | |паспор| |пас- | | |
| | | | | |та | |порта| | |
| | | | | | | | | | |
+--+----+-------+--------+---------+------+-------+-----+-------+---+
| | | | | | | | | | |
+--+----+-------+--------+---------+------+-------+-----+-------+---+
| | | | | | | | | | |
+--+----+-------+--------+---------+------+-------+-----+-------+---+