Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 695 "Дар бораи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 116 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

"Дар бораи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ"

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо Низомномаи мазкур мувофиқ гардонанд.

3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва то ба истифодабарандагони дахлдор дар шакли маҷмӯа расонидани Низомномаи тасдиқгардида ва замимаҳои онро таъмин намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002, №290 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2012, № 695

ш. Душанбе